Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои кишварҳои форсизабон барои ҳамкорӣ


Тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва роҳҳалҳои дастёфтан ба субот дар Афғонистон, ҳамчунин мушкилоти минтақа аз мавзӯъҳои меҳварии ҳамоиши сарони се кишвари форсизабони Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар Теҳрон буд.

Дар ин сафари дурӯзаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Эрон барои ширкат дар гуфтугӯҳои сеҷониба ӯро вузарои хориҷа, энержӣ ва саноат, ҳамчунин вазири нақлиёт ва комуникатсия ҳамроҳӣ мекунанд.

Сохтмони роҳи оҳан аз Эрон то Тоҷикистон аз тариқи Афғонистон, масъалаи интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон, транзити колоҳо ба Афғонистон аз тариқи Тоҷикистон аз мавзӯъҳои муҳими рӯз ба ҳисоб меояд ва ҳалли ин масоил ба истиқрори субот дар Афғонистон бастагӣ дорад.

Ин дар ҳолест, ки маҳдудияти эҷодкардаи Узбакистон дар транзити колоҳои аз Эрон ба Тоҷикистон, мӯҳлати мавриди барҳрабардори қарор гирифтани неругоҳи Сангтӯда-2-ро ба ақиб партофтааст. Нерӯгоҳи Сангтӯда-2 аз сӯи Эрон дар Тоҷикистон сохта мешавад.

Акрам Султонов, муовини вазири энержӣ ва саноии Тоҷикистон дар ин бора гуфт: «Агар вагонҳо дар марз аз сӯи Узбакистон боздошт намешуданд, имкон буд, ки аввалин агрегат ё чархаи тавлиди барқи нерӯгоҳи Сангтуда -2 то охири соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирад».

Дар ҷустуҷӯи роҳи бурунрафт аз бунбаст

Абдулғаффори Камол, таҳлилгари умури сиёсӣ мегӯяд, сохтмони роҳи оҳани Эрон-Тоҷикистон аз тариқи Афғонистон ва Туркманистон аз масъалаҳои аслии матруҳа дар ин гуфтугӯҳои сеҷониба аст.Ҷаноби Камол афзуд:

«Масъале. ки беш аз ҳар масъалаи дигар барои Тоҷикистон ва акнун барои Афғонистон ва Эрон муҳим аст ин сохтмони роҳи оҳани аз Ирон то Тоҷикистон аз тариқи Афғонистон аст. Ба ин далел таҳаввулоти ахир, фишорҳои Узбакистон ва зоҳиран бетарафии Руссия дар мушкили транзити колоҳо ва дар асл тарафдорӣ аз Тошканд аз сӯи Руссия ин кишварҳоро водор сохтааст роҳи дигари транзити ғайр аз роҳи Узбакистонро пайдо кунанд»

Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти Тоҷикистон ва Эрон дар ҷараёни сафари ахири Маҳмуди Аҳтмадинажод - раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон бар сари сохтмони ин роҳ тавофуқ карда буданд ва Эрон барои тарҳрезии барномаи фаннии ин роҳи оҳан як миллион доллар ихтисос дода буд. Сохтмони ин роҳи оҳан муҳим ва зарурист.

Дар ҳоле, ки дар ин масъала дарёфти сармоя муҳим аст Тоҷикистону Афғонистон аз лиҳози моли заифанд. Эрон бошад таҳти таҳримҳои иқтисодӣ қарор дорад. Аз сӯи дигар масъалаи амнияти ин роҳ матраҳ аст, ки аз қаламрави Афғонистон убур мекунад.

Ба эътиқоди Абдулғаффори Камол, таҳлилгари умур сиёсӣ, мардуми Афғонистон ҳатто дар солҳои ҷанг ба корвони ҳомили колоҳои тиҷоратӣ амдан ҳамла намекарданд. Ҷаноби Камол дар масъалаи амнияти ин роҳи оҳан афзуд:

«Ман фикр мекунам агар ин се кишвар Амрикоро ба иҷрои ин тарҳ ҷалб кунанд, Амрико метавонад дар масъалаи таъмини амният ба онҳо кумак кунад»

Қарордоди муҳими сеҷониба

Абдулғаффори Камол бо дарназар гирифтани таҳаввулоти ахир дар минтақа ва ҷаҳон имзои як қарордоди сеҷониба дар бораи сохтмони ин роҳи оҳанро муҳим хонд ва гуфт:

«Агар сарони ин се кишвар аз шиорпартои гузашта дар ин мулоқот дар бораи сохтмони ин роҳ тавофуқи ниҳоӣ кунанд, ин роҳро барои рушди иқтисоди ин кишварҳо боз мекунад. Ва ин қарордод зарбаи ҷонкоҳе хоҳад буд барои он кишварҳое, ки наздикшавии ин се кишварро намехоҳанд».

Масъалаи дигаре, ки ба қавли коршиносон дар ин мулоқоти сеҷониба матраҳ аст, ин мавзуъи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон аст. Ин дар ҳолест, ки вазорати энержӣ ва саноии Тоҷикистон ахиран гуфта буд, ки хатти баландшиддати 220 киловолти аз Тоҷикистон то марзи Афғонистон ба поён расидааст.

Акрам Султонов, муовини вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон, дар ин бора гуфт: «Ҳатто интиқоли барқ бо тавоноии 220 киловолт то марзи Афғонистон расид. Гузашта аз ин Бонки ҷаҳонӣ барои тарҳи фаннии хатти баландшиддити 500 киловолти то Покистон аз тариқи Афғонистон сармоягузорӣ кард. Ва мо баробари ба поён расонидани неругоҳи Сангтуда-2 метавонем неруи барқро ба хориҷ аз кишвар содир кунем. Фурӯши нерӯи барқ яке аз самтҳои афзалиятдори иқтисоди Тоҷикистон аст».

Ба эътиқоди бахши аъзами коршиносон, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни ин се кишвари форсизабон ба сохтмони роҳҳои нави мошингард ва оҳан бастагӣ дорад.

Ба эътиқоди онҳо агар роҳи оҳани Эрон-Тоҷикистон Тоҷикистонро аз бунбасти иртиботи раҳо кунад, Эрон ва Афғонистонро ба Чин ва кишварҳои Осиёи Миёна муттасил мекунад.
XS
SM
MD
LG