Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи зиддунақизи аудити корхонаи Талко


Корхонаи Талко дар як баёнияи матбуотӣ аз натиҷаи аудити ин корхона фаъолияти молии худро шаффоф арзёбӣ кардааст, дар ҳоле ки дар ин баёния арқоми зиддунақиз вуҷуд дорад ва эътимоди хонанда ба шаффоф будани фаъолияти молии ин корхонаро зери суол мебарад.

Қиссаи моҷарои додгоҳии Талко дар Бритониё

Барои мисол, мақомоти ин корхона ба истинод ба натиҷаи аудит гуфтаанд, ки дар ҷараёни кашмакашиҳои додгоҳӣ дар Бритониё ба вакилони мудофеъ ё адвокатҳои ширкати ҳуқуқии "Гербер Смит"-и бритониёӣ 51 миллион доллар масраф кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки Шералӣ Кабиров, директори молии корхонаи Талко, ахиран дар гуфтугӯ бо хабаргузории Азия Плюс гуфта буд, ки ин рақам 56 миллион долларро ташкил додааст. Ва ҷаноби Кабиров иддаоҳои расонаҳои хабарии хориҷӣ, ки ҳақи заҳмати адвокатҳои ширкати ҳуқуқии Герберт Смит 150 миллион доллари амрикоӣ буд, рад кардааст.

Шокир Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик, низ ба арқоми ироакардаи ширкати Талко дар ин замина эътимод надорад ва таноқузи арқомро чунин тавзеҳ дод: «Воқеан дар рақамҳое, ки барои хизмати адвокатҳо гуфта мешуд, як умумият нест".

Даромади кӯчаки корхонаи бузург?

Дар ин баёния аз натиҷаи аудит гуфта шудааст, ки даромад аз муомилоти дар соли 2006 33,4 миллион доллар, соли 2007 34,7 миллион ва соли 2008 ба далели бӯҳрони молӣ 3,5 миллион долларро ташкил дод. Ин дар ҳолест, ки бар асоси иттилои манбаи
мустақил ба нақл аз қавли корхонаи Талко гуфтааст тиҷорати алюминюм дар соли 2008 дар Тоҷикистон 680 миллион долларро ташкил кардааст.

Шокирҷон Ҳакимов ба ин суол, ки чаро оидот аз фурӯши алюминюм кам нишон дода мешавад, гуфт: «Ман ба ягон нишондиҳандаҳои дар робита ба фаъолияти Талко боварӣ надорам, зеро шаффофият вуҷуд надорад".

Саёҳат Қодирова, сухангӯи ширкати Талко дар посух ба ин суоли Радиои Озодӣ, ки натиҷаи воқеии аудити Талко кай ба мардум ироа мешавад гуфт: "Рӯзҳои наздик омода хоҳад шуд». Ин дар ҳолест, ки Сандуқи байналмилалии пул, ки аудити ширкати Талко бо тақозои ҳамин созмон сурат гирифтааст, то ба ҳол натиҷаи аудитро ба даст наовардааст.

СПБ дар интизори натиҷаи аудит

Ари Айзен, намояндаи доимии Сандуқи байналмиллалии пул дар Тоҷикисто,н ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз моҳи декабри соли гузашта то бад-ин су онҳо мунтазири натиҷаи аудити ширкати Талко ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз коршиносон ба натиҷаи холисона ва мунсифонаи аудити ширкати Талко аз сӯи ширкати аудитии«Мoore Stepheas» эътимод надоранд. Зеро ширкати «Мoore Stepheas» аз 10 сол бад-ин сӯ ба корхонаи Талко ҳамкорӣ дорад.

Ва ҳамеша дар музоидаиҳо дар бораи баргузории аудити Талко баранда мешавад. Ин дар ҳолест, ки ширкати аудити «Мoore Stepheas» дар листи дараҷаи 2-уми ширкатҳои аудитии Бритониё қарор дорад.

Ва Гавин Стоддарт, роҳбари ширкати «Мoore Stepheas», дар як гуфтугӯ бо хабаргузории Азия Плюс алоқамандии ин ширкати аудити ба корхонаи Талкоро рад накардааст.
XS
SM
MD
LG