Ин ҷиддитарин даргирӣ миёни Исроилу Лубнон аз замони хатми ҷанги Исроил ва гурӯҳи Ҳизбуллоҳ дар соли 2006 мебошад.
Амрико ва СММ ҷонибҳои даргирро ба хештандории ҳаддимумкин даъват намуданд.
Нигаронии Амрико
Дар Вошингтон Ҷей Кровлӣ, сухангӯи вазорати хориҷӣ, гуфт, хушунати ба амал омада Амрикоро сахт нигарон кардааст ва ба хотири гирифтани маълумоти пурра ва дақиқи ҳодиса Вошингтон бо ҳукуматҳои ҳардуи ин кишвар дар тамос шудааст:
“Мо назари ҳар ду ҷонибро дарёфт намудем, аммо дар айни ҳол, нахустин гузоришҳо дар бораи ҳодиса дар чунин шароит метавонад ё наметавонад қобили эътимод бошад. Мо тамоми кӯшишро мекунем, то бифаҳмем чӣ ҳодиса рух додааст. Нигаронии амиқтарини мо ин аст, ки ҳар чизе, ки рух надода бошад, ин ҳодиса набояд такрор шавад. Минтақа бе ин ҳам мушкилиҳои зиёд дорад.”
Кровлӣ афзуд, ки имкон дорад намояндагони нерӯҳои посдори сулҳи СММ дар Лубнон ки шумораашон 12 000 нафар аст, бо ҳадафи ором кардани авзоъ рӯзи чаҳоршанбе вохурии ду ҷонибро ташкил кунанд.
Иттилои мухталиф аз маҳалли даргирӣ
Хонум Ронит Даҳер, рӯзноманигорӣ лубнонӣ, ки дар маҳалли даргирӣ ҳузур дошт, ба хабаргузории Асошиэйтед Пресс гуфт, вай дидаст, ки чи тавр посдорони сулҳи СММ аз исроилиҳо хостаанд иҷозат надиҳанд, то ки сарбозони исроилӣ аз девор убур кунанд ва ба онҳо ҳушдор доданд, ки дар акси ҳол нерӯҳои Лубнон оташ мекушоянд.
Вай афзуд, ҳангоме ки исроилиҳо алорағми ҳушдорҳо ба пеш ҳаракат карданд, сарбозони лубнонӣ ба ҳаво тир кушоданд. Дар ҷавоб исроилиҳо лубнониҳоро мавриди ҳадаф қарор доданд.
Ин дар ҳолест ки генерал майор Гади Эйзенкот фармондеҳи нерӯҳои Исроил дар самти шимол лубнониҳоро дар кушодани оташ ба сӯи қаламравӣ Исроил бидуни ҳеҷ кадом амали таҳрикдиҳанда муттаҳам намуд. Ӯ гуфт, ҳангоме ки сарбозон деворро аз буттаҳо озод мекарданд, снайперҳои низомиёни лубнонӣ аз масофаи беш аз 300 метр ду афсари исроилиро ҳадафи тир қарор доданд.
Назари севвум ба қазия
Аксҳои Асошиэйтед пресс нишон медиҳад, ки исроилиҳо дар пушти деворе истодаанд, ки Исроил дар марзи ду кишвар бунёд кардааст. Аммо девор бо марзе, ки СММ мушаххас намудааст, пурра мувофиқ нест ва дар баёнияи худ низомиёни Исроил гуфтаанд, ки дарахт дар қаламрави онҳо воқеъ буд.
Шоҳидони айни иттилоъ медиҳанд, ки тирпарронии ибтидоӣ ҳамагӣ 5 дақиқа идома кард, аммо баъдан ҷонибҳо қариб ду соат мавқеъҳои якдигарро ҳадафи тупхона ва силоҳи оташфишон қарор доданд. Низомиёни Исроил гуфтанд, ки дар натиҷаи даргирӣ сарҳанги 45-солаи баталйон кушта ва афсари дигар сахт захмӣ шудааст.
Исроил дар посух аз тупхона ва танкҳо оташ кушода, баъдан бо истифода аз аслиҳаи сангин ва чархболҳо ба пойгоҳи низомӣ ва маркази фармондеҳии Лубнон ҳамла бурд.
Андреа Тенетӣ, сухангӯи нерӯҳои посдорони сулҳи СММ, ба радиои Исроил гуфт, ки сабаби ба вуҷуд омадани даргирӣ то ҳол рушан нест.
Ҳалокати хабарнигори лубнонӣ
Мишел Сулаймон президенти Лубнон задухурдро маҳкум намуда, аз фармондеҳи артиш даъват кард, ба ҳар кӯшиши ҳамлаи Исроил бо баҳои ҳар талафоте, ки бошад мухолифат кунад.
Як афсари лубнонӣ хабар дод, ки як бомбаи исроилӣ манзилеро дар шаҳри марзии Эдейса хароб карда, дар натиҷа як шаҳрванди мулкӣ маҷруҳ шудааст.
Мақомдори нерӯҳои амниятии Лубнон инчунин гуфт, ки Ассаф Абду Раҳал, хабарнигори лубнонӣ дар шаҳри Эдейса дар натиҷаи бомбаборон кушта шуд.
Баъд аз ҷанги тобистони соли 2006 миёни ду кишвар, ки дар натиҷааш 1200 лубнонӣ ва 160 исроилӣ ба ҳалокат расид марз миёни Исроилу Лубнон мутаносибан ором буд.
Аммо дар моҳҳои охир танишҳо дар марз афзоиш ёфт. Исроил иддао дорад ки Ҳизбуллоҳ аз замони ҷанги соли 2006 захираҳои аслиҳа ва мушакҳояшро ба таври чашмрас бештар кардааст.
Мақомоти Исроил Сурияву Эронро дар таъмини Ҳизбуллоҳ бо мушакҳои Скад муттаҳам мекунад.
Амрико ва СММ ҷонибҳои даргирро ба хештандории ҳаддимумкин даъват намуданд.
Нигаронии Амрико
Дар Вошингтон Ҷей Кровлӣ, сухангӯи вазорати хориҷӣ, гуфт, хушунати ба амал омада Амрикоро сахт нигарон кардааст ва ба хотири гирифтани маълумоти пурра ва дақиқи ҳодиса Вошингтон бо ҳукуматҳои ҳардуи ин кишвар дар тамос шудааст:
“Мо назари ҳар ду ҷонибро дарёфт намудем, аммо дар айни ҳол, нахустин гузоришҳо дар бораи ҳодиса дар чунин шароит метавонад ё наметавонад қобили эътимод бошад. Мо тамоми кӯшишро мекунем, то бифаҳмем чӣ ҳодиса рух додааст. Нигаронии амиқтарини мо ин аст, ки ҳар чизе, ки рух надода бошад, ин ҳодиса набояд такрор шавад. Минтақа бе ин ҳам мушкилиҳои зиёд дорад.”
Кровлӣ афзуд, ки имкон дорад намояндагони нерӯҳои посдори сулҳи СММ дар Лубнон ки шумораашон 12 000 нафар аст, бо ҳадафи ором кардани авзоъ рӯзи чаҳоршанбе вохурии ду ҷонибро ташкил кунанд.
Иттилои мухталиф аз маҳалли даргирӣ
Бар асари даргирӣ як як сарбози исроилӣ ва як рӯзноманигори лубнонӣ кушта шудаанд ва якчанд тани дигар захм бардоштааст
Шоҳидони айни аз ҳар ду ҷониб дар бораи ҳодиса иттилои гуногун медиҳанд. Хонум Ронит Даҳер, рӯзноманигорӣ лубнонӣ, ки дар маҳалли даргирӣ ҳузур дошт, ба хабаргузории Асошиэйтед Пресс гуфт, вай дидаст, ки чи тавр посдорони сулҳи СММ аз исроилиҳо хостаанд иҷозат надиҳанд, то ки сарбозони исроилӣ аз девор убур кунанд ва ба онҳо ҳушдор доданд, ки дар акси ҳол нерӯҳои Лубнон оташ мекушоянд.