Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши пайванд додани футбол бо фанновариҳои нав


Барномаи навбатии вижагуфтори "Илму фанноварӣ" ба мавзӯъҳои эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим дар шакли шабакаҳои нав дар минтақаву Тоҷикистон ва ҳамчунин талошҳои пайванд додани бозии футбол бо фанновариҳои нав ба хотири эҳтиёт аз иштибоҳҳоти доварон бахшида шудааст.

Тарҳи эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим

Эрон иҷрои чандин тарҳи бузургеро оғоз кардааст, ки ба эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим, як масири таърихии тиҷоратӣ нигаронида шуда, ҳадаф аз онҳо густариши нуфузи минтақаии Эрон дар муқобили талошҳои Ғарб ба муҳосираи он аст.

Коршиносон мегӯянд, бунёди шабакаи роҳҳои мошингард, роҳҳои оҳан, нақбу пулҳо ва бозсозии гаронқимати бандарҳо як талоши ҳамоҳангшудаи эҳёи нақши суннатии кишвар ба ҳайси минтақаи тиҷоратист.

Барномаи Эрон аз тарҳи байнулмилалии эҳёи 6 ҳазор километр Роҳи Абрешим, ки Ғарб аз он пуштибонӣ мекунад, ҷудост. Эрон қарордоди ТРАНСЕКА ё Долони нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиёро, ки Иттиҳоди Аврупо сармоягузорӣ мекунад, имзо накардааст. Ин тарҳ дар ҳоле омода мешуд, ки Эрон зимни барномаи ҳастаияш зери фишори байнулмилалӣ қарор дошт ва азхиран бастаи чаҳорум ва сангини таҳримҳои зидди Теҳрон эбъдон шудаанд.

Қарор аст, ин роҳ аз Ҳурмузгон ба воситаи Қазвину Рашт ба Ҳироти Афғонистон ва аз он ҷо ба Тоҷикистон расад. Бахше аз ин роҳ бо роҳҳое пайванд мешаванд, ки Иёлоти Муттаҳида, Арабистони Саудӣ ва Ҷопон дар Афғонистон месозанд. Масалан, роҳи байни Ҳирот ва Қандаҳорро дар ҷануби Афғонистон, Амрико тарҳрезӣ кардааст.

Талоши пайванди футбол бо фанновариҳои нав


Мухлисони футбол ба камияш ду мавриди баҳсталаб дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ дар Африқои Ҷанубиро хуб дар хотир доранд. Дар яке аз онҳо тӯб аз дарвоза дарун рафт, аммо довар гуфт, ки гол нашудааст. Дар рӯйдоди дувум тӯб аз ҳолати ғайрибозӣ зада шуд, вале довар голро ба шумор гирифт. Ин ва ҳолатҳои дигар сабаб шуданд, ки коршиносон ба зарурати истифодаи фанновариҳои нав дар футбол садо баланд кунанд.

Мудири тиҷоратии ширкати олмонии "Кайрос Текнолоҷиз", Марио Ҳанус ин ҳафта дар намоишгоҳи футболи Осиё дар Сингопур гуфт, ширкати ӯ фанноварии наверо кашф кардааст, ки кори доваронро ба маротиб осонтар мекунад ва аз ҳама гуна иштибоҳ наҷот медиҳад. Вай гуфт, татбиқи ин фанноварӣ дар футбол ҳамчунин мӯҷиби сарфаи воситаҳои молӣ мешавад.

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки Федерасюни футболи Аврупо бо назардошти хатоҳо дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ тасмим гирифт, бар теъдоди доварон биафзояд. Аз ин ба баъд бозиҳоро на се, балки 5 довар зери назар хоҳанд дошт. Ду довари иловагӣ, қарор аст, ҳолатҳоеро зери мушоҳида гиранд, ки сабаби иштибоҳҳо мешаванд.

Довари Федерасюни байнулмилалии футбол, ФИФА, аз Ӯзбакистон, Равшан Эрматов мегӯяд, зарурате ба истифода аз шеваҳои фаннии назорат ба бозиҳо нест ва аз сӯи дигар корбасти ин фанновариҳо нахоҳад тавонист ҷои тасмими фаврӣ ва ҳамонлаҳзагии доварро бигирад. Ин фанновариҳо ҳамчунин метавонанд, сабаби танбалӣ ва заъфи маҳорати доварон шаванд.

Ширкати олмонии "Кайрос Текнолоҷиз" умедвор аст, Бундеслига, лигаи футболи Олмон нахустин шуда, фанноварии навро озмоиш хоҳад кард. Мудири тиҷоратии ширкати мазкур Марио Ҳанус ба хабарнигорон гуфт, ба ғайр аз ин Шӯрои байнулмилалии федерасиюнҳои футбол дар моҳи октябр ба баррасии масъалаи фанновариҳои нав хоҳад баргашт ва мумкин аст, то моҳи март, қоидаҳои нав ҷорӣ шаванд.

Хуб, интизор хоҳем монд, ҳам мухлисони футбол ва ҳам ҳавохоҳони фанновариҳои нав ва хоҳем дид, ки оё футболу компютер ба ҳам васл хоҳанд шуд ё на. Аз ҳалли масъала дар барномаҳои ояндаи Илму фанноварӣ хабар хоҳем дод, аммо ҳоло мегӯем, Худо нигаҳдори шумо, ҳамқадами замона бошед.
XS
SM
MD
LG