Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷустуҷӯйи 300 тоҷики маъруф дар Русия


Муҳаммади Эгамзод, раҳбари ширкати “Медиа ҳолдингиTajinfo”
Муҳаммади Эгамзод, раҳбари ширкати “Медиа ҳолдингиTajinfo”

Ширкати “Медиа ҳолдинги Tajinfo” дар Русия иқдом кардааст, ки исми 300 тоҷики шинохта дар ин кишварро маълум кунад. Натиҷаи ин пажӯҳиш ба шакли як китоби бузург ба нашр хоҳад расид.

Масъулони Tajinfo мегӯянд, матбуоти Русия умдатан аз муҳоҷирини тоҷик тасвири як мардикори омода ба ҳар кори сиёҳ ва дар ивази пули ночизро кашидааст ва нашри матолиби пайдарпай дар бораи боздошти қочоқбарони маводи мухаддир аз Тоҷикистон ин тасвирро боз ҳам тиратар ба намоиш мегузорад.

Хабарнигори радиои Озодӣ бо Муҳаммади Эгамзод, раҳбари ширкати “Медиа ҳолдингиTajinfo” дар ин бора сӯҳбате карда, аввал аз ҳадафҳои рӯйи даст гирифтани ин тарҳ пурсид:

- Мақсади ниҳоӣ ин аст, ба ҷомеаи Русия гӯем, ки миёни шумо ҳастанд, тоҷиконе, ки маъруфанд, вале дар анбӯҳи зиёди муҳоҷирини тоҷик аз назарҳо дур мондаанд. Дар фазои фарҳангиву иттилоотии Русия нисбат ба тоҷикон, бахусус, муҳоҷирон ва мушкилоти онҳо, матолиби зиёде, ки мазмуни манфӣ доранд, ба чоп мерасанд. Барои ҳамин, ҳадафи мо мешавад гуфт, ки эҷоди ҳусни тафоҳум миёни ҷомеаи Русия ва тоҷикон аст, ки теъдодашон дар ин кишвар зиёд мебошад.

- Аммо меъёри интихоби афроди маъруф ва он ҳам аз миёни тоҷикон кадом аст? Яъне, киҳо метавонанд вориди ин феҳрист шаванд?

- Мо тарҳҳро шурӯъ кардем, ки мардум як бор ҷамъ оянд. Як бор номҳо ва нафарҳо маълум шаванд. Замоне ки ҳама ҷам ъ омаданд, баъд ҳайъати мушовара аз миёни онҳо шахсиятҳоро интихоб хоҳанд кард.

Вақте мегӯем, ки нафарони саршиноси Тоҷикистон дар Русияро муаррифӣ мекунем, бояд ӯ шинохта бошад, ҳам дар ҷомеаи Русия ва ҳам миёни тоҷикон. Сатҳи нафароне, ки вориди ин феҳрист мешаванд, бояд баланд бошад. Бо чанде аз ширкатдорони ин тарҳ сӯҳбат доштам, онҳо мегӯянд, нашавад, ки як олими маъруф ва як чеҳраи шинохта дар радифи як нафаре қарор бигирад, ки ба тозагӣ вориди ҷаҳони тиҷорат шудааст. Чунин мушкили интихоб низ ҳаст. Вале фикр мекунам, дар сурати сарҷамъ омадани иштирокдорони ин тарҳ, шӯрои мушовара интихоби дурусте хоҳанд кард.

- Худи мардум барои анҷом додани ин тарҳ чӣ гуна майл нишон медиҳанд?

- Майли зиёде доранд. Зеро ҳама аз он ки дар ҳаққи тоҷикон ин қадар ҳарфҳои номуносибе мегӯянд, хаста шудаанд. Мехоҳем, ки номи бисёриҳо дар ин феҳрист бошад. Аммо мушкил ин аст, ки баъзеи онҳо дар як вақт худро аз тоҷикону Тоҷикистон ва мушкилоти онҳо канор гирифтаанд. Яъне, фақат саргарми кору зиндагии худ ҳастанд. Мутаваҷҷеҳ кардани онҳо душвортар аст. Бо ин вуҷуд, аллакай, мо сад нафарро сабтином кардем, ки дар миёни онҳо афроди шинохта ҳастанд.

- Мешавад бигӯед, ки ин афрод киҳоянду чӣ кора?

- Бале, мо шурӯъ кардем аз аллома Аҳмади Дониш. Ӯ аз нафарони нахустине буд, ки ҳамчун намояндаи вижаи аморати Бухоро ба Русия, ба Санкт-Петербург омада буд. Дар ин феҳрист, албатта, тоҷикистониҳои даврони Шӯравӣ ҳам ҷойгоҳи хоси худро хоҳанд дошт. Аз ҷумла, Бобоҷон Ғафуров, Шириншоҳ Шотемур, Нусратулло Махсум, Мирзо Турсунзода ва дигарон.

Мо хушҳолем, ки дар ин қатор, номи Темур Зулфиқоров, Шариф ва Рустам Шукуровҳо, Давлат Худоназаров, Валерий Аҳадов, Ҷамшед Усмонов, Рашид Раҳимов, Мӯҳсин Муҳаммадиев, Фаррух Рузиматов ва Раҳим Малахбеков низ дар ин феҳрист ҷо доранд.

- Агар махфӣ набошад, ҳазинаи ин тарҳро кӣ хоҳад пардохт?

- Ин тарҳ, албатта, дар Маскав хеле гарон тамом мешавад. Зеро ҷамъ овардани маводи зиёд, коркарди онҳо ва чопи онҳо маблағи зиёд мехоҳад. Мо дар пиёда кардани ин тарҳ аз тарафи ҳамватаноне, ки дар тиҷорат шуғл доранд, ҳимоя хоҳем ёфт. Мо мехоҳем ҳарчи зуд ин тарҳро ба анҷом бирасонем. Зеро ин тарҳи этносиёсӣ ва як навъ табодули фарҳанг миёни мардуми тоҷик ва мардуми русро ба вуҷуд хоҳад овард.

- Оё ба ин китоб афроде низ шомил хоҳанд шуд, ки рустаборанд, вале дар Тоҷикистон ба дунё омада, дар ҳамин ҷо ба камол расидаанд?

- Дуруст. Мо низ ба хулосае омадем, ки маҳдуд шудан танҳо бо тоҷиконе, ки миллати моро дар Русия намояндагӣ мекунанд, хато хоҳад буд. Зеро имрӯз дар бахшҳои мухталиф ва аксаран муҳими Русия рустабороне кор мекунанд, ки бунёдашон аз Тоҷикистон аст, ватанашон Тоҷикистон аст.

Албатта, исми онҳо низ дар ин китоб оварда мешавад. Барои ҳамин, мо ба натиҷае расидем, ки ин тарҳ билахира номи “300 тоҷикистонии маъруф дар Русия”-ро гирад. Яъне, фақат тоҷикон неву дар маҷмӯъ тоҷикистониҳо.

Барои мисол, имрӯз дар сохтори ҳукумати Русия ҳастанд нафароне, ки ба Тоҷикистон пайванди зич доранд. Метавонам, номи яке аз вазирони маҳбуб дар ҳукумати Русия - Леонид Рейманро биёрам, ки тоҷикистонӣ аст. Сергей Михайлович, муовини аввали додгоҳи арбитражи Русия низ тоҷикистониянд.

Бовар кунед, ҳамин хел русҳое ҳастанд, ки муҳаббату эҳтиромашон ба кишвари мо зиёд аст, мутаассифона, нисбат ба он тоҷиконе, ки дар ин ҷо ҳастанду даъвои ватану ватандорӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG