Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси нотамоми истифодаи об дар Осиёи Марказӣ


Вазорати мелиоратсия ва захирахои оби Тоҷикистон мегӯяд, ба далели аз созмони ҳамкориҳои АврОсиё канор рафтани Узбакистон масъалаи тарҳрезии консепсияи истифодаи оқилонаи захираҳои об дар Осиёи Миёна аз байн рафтааст.

Ин вазорат мегӯяд, мушкилиҳо дар масъалаи тақсимот ва истифодаи оқилонаи об то баҳол боқӣ мондааст ва кишварҳои поёноб аз кумаки молӣ ба кишварҳои болооб дар мавриди хисорот аз сел ва сохтмони дарғоту тақвияти соҳилҳо худдорӣ мекунанд.

Султон Раҳимов, муовини аввали вазири мелиоратсия ва захоири об, гуфт, ки ҳамчунин санад чанд як сол пеш дар чорчӯби созмони ҳамкориҳои АврОсиё тарҳрезӣ ва мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, вале муваффақ нашуд:

«Ду сол пеш масъалаи тарҳрезии ин консепсия баррасӣ шуд. Лекин ҳама тарафҳо ба мувофиқа нарасиданд, аз ҷумла Узбакистон. Баъдан Узбакистон аз узвияти созмони ҳамкориҳои АврОсиё канор рафт ва ин мавзӯъ низ аз байн рафт. Ва имрӯз тақсимоти об дар Осиёи Марказӣ дар доираи санадҳои тасвибшуда дар замони шуравӣ сурат мегирад».

Сарпечии кишварҳои поёноб аз пардохти хисорот

Султон Раҳмов, муовини вазири мелиоратсия ва захоири оби Тоҷикистон
Бар асосӣ асноди замони шуравӣ, кишварҳои поёноб, аз ҷумла Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон, ба кишварҳои болооби Тоҷикистон ва Қирғизистон барои нигоҳ доштани ҳолати рӯдхонаҳо сохтани дарғоту обгардонҳо ва хисорот аз селу обхезӣ кумаки молӣ мекарданд. Аз ҷумла маводи сӯхт ва мошинҳои кишоварзӣ ва сохтмонӣ медоданд.

Вале пас аз фурӯпошии шӯравӣ кишварҳои поёноб аз додани ин кумакҳои молӣ сарпечӣ мекунанд. Ва гоҳ-гоҳе кумакҳои ночиз мекунанд. Барои мисол, ба гуфтаи Вазорати мелиоратсия ва захирахои оби Тоҷикистон, Узбакистон дар соли гузашта ба Тоҷикистон бар ивази хисороти сел ва сохтмони обгардонҳо дар соҳилҳо ҳудуди 200 ҳазор доллар кумак карда буд, ки дар қиёс бо хисороти ворида аз сел ба Тоҷикистон қатрае дар баҳр аст. Ва ин бархурди кишварҳои поёноб ба ин масъаларо кишварҳои болооб намепазиранд.

Ба гуфтаи бархе аз коршиносон, лоянҳал боқӣ мондани ин мушкил боиси бурузи мухолифатҳо дар миёни ин кишварҳо шудааст.

Талошҳои таҳияи консепсияи нав

Султон Раҳимов, муовини аввали вазири мелиоратсия ва захоири об, мегӯяд, эҳтимол консепсияи истифодабарии оқилонаи захоири оби Осиёи Миёна таҳия ва дар чорчӯби барномаи севвуми наҷоти Арал ворид шавад: «Дар ҳоли ҳозир барномаи севвуми наҷоти баҳри Арал таҳия шуда истодааст. Агар ҳамин мавзӯъ дар он барнома дохил шавад, имкони имзои он вуҷуд дорад. Вале бо назардошти мушкилоти ин мавзӯъ ман баид медонам, кӣ пешниҳоди кишварҳои болооб дар ин бора мавриди пазириш қарор гирад».

Вале Раҳмат Бобокалонов, вазири мелиоратсия ва захоири об, дар ҳалли ин мушкил хушбин аст. Вай гуфт: «Консенсус ёфтан мумкин барои ин мавзӯъ. Ташкилотҳои байналмилалӣ ҳаст ва онҳо талош мекунанд, то ин мушкил ҳалли худро ёбад».

Ин дар ҳолест, ки мавзӯи баҳрабардорӣ аз захоири оби Осиёи Миёна бо Иттиҳодияи Аврупо дар барномаҳои фаъолияти созмони ҳамкориҳои Шанхой ва дар равобити кишварҳои Осиёи Миёна бо Амрико матраҳ аст. Ба эътиқоди бархе аз коншиносон, дар ҳоле, ки манофеи миллии кишварҳои абарқудрат бар сари захираҳои оби Осиёи Миёна бархурд мекунад, ба зуддӣ ҳал намудани ин мушкил баид ба назар мерасад.
XS
SM
MD
LG