«Дар Туркия аз тоҷик буданам шарм намедорам, балки мефахрам чун дар ин сарзамин тоҷиконро эҳтиром мекунанд», -мегӯяд Сӯҳроб, ҷавони 29-сола, ки тайи се сол мешавад дар яке аз дӯконҳои фурӯши болопӯшҳои чармии Истанбул кор мекунад.
Сӯҳроб қаблан ба хотири пайдо кардани ҷойи кор рӯ ба Русия рафта буд, аммо бо эҳсоси пайвастаи тарс аз гурӯҳҳои миллатгаро ва мавриди фиребу сӯйистифодаи меҳнатӣ қарор гирифтан, бо дасти холӣ ба ватан баргашт ва бо тавсияи дӯстон роҳ сӯйи Туркияро гирифт.
Эҳтиром ба тоҷикҳо дар Туркия
Дар Туркия низ касе ӯро интизор набуд, забонро ҳам намедонист, аммо бо истифода аз забони русӣ дар шаҳраки тоҷирон, ки ғолибан аз онҷо шаҳрвандони собиқ иттиҳоди Шӯравӣ молу коло харидорӣ мекунанд, барои худ ҷойи кор пайдо кард. Корфармоён ба надонистани забони туркиаш нигоҳ накарда, ӯро ба кор гирифтанд ва баъдан барояш имкони забономӯзиро доданд.
Калиди муваффақияти ӯ низ маҳз дар тоҷик буданаш будааст. Ба гуфти Сӯҳроб, корфармоён ба шаҳрвандони Тоҷикистон аз он хотир эътимоди бештар доранд, ки то имрӯз онҳо ба фарқи намояндагони баъзе аз дигар кишварҳое, ки дар Туркия ба муҳоҷирати меҳнатӣ омадаанд, чун афроди хиёнаткору ҷиноятпеша маъруф набудаанд. Аммо ба ҳар сурат Сӯҳроб меафзояд, бидуни донистани забонҳои туркӣ ва англисӣ барои кор омадан ба ин кишвар тавсия дода намешавад:
«Дар вақти ба кор гирифтан мепурсанд, ки забони туркӣ, англисӣ ва русиро медонед? Боз мепурсанд, ки шумо аз куҷоед? Агар бигӯед, ки аз Узбакистон, Туркманистон ё Молдова ҳастед, мушкил эҷод мешавад, аммо агар гӯед аз Душанбе, зуд ба кор мегиранд».
Нуралӣ, ҷавони дигар, ки беш аз ду сол мешавад дар дӯкони фурӯши маҳсулоти саноатии Истанбул кор мекунад, дар ин замина афзуд: «Ростӣ, гап ин ҷо ки аксаран бо мо ҳамдинанд, ҳолататро хуб мефаҳманд. Агар хаста шудӣ, мегӯянд, истироҳат кун. Агар нағз кор кардӣ, роҳбар муносибати хуб мекунад».
Шуғли муҳоҷирони кории тоҷик
Ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ маъмулан дар шаҳрҳои бузурги Туркия дар сохтмон, дӯкону тарабхонаҳо ба ҳайси фурӯшанда, боркаш, пешхизмат, ошпаз ва меъмор кор мекунанд. Дар ин кишвар маош ба кормандон барои ҳар ҳафта пардохт шуда аз 100 то 350 доларро ташкил медиҳад, одатан харҷи наҳорӣ ва хӯроки нисфирӯзӣ, баъзан шомро низ кордиҳанда пардохт мекунад.
Ҳаққи заҳмати Сӯҳроб, ки фурӯшанда аст, барои як моҳ ҳудудан 600 доларро ташкил медиҳад, аз ин маблағ вай 200 доларро барои ҳуҷра, 100 доларро барои ғизову роҳкиро ва ҳудудан 80 доларро барои убури сарҳад сарф намуда, боқимондаро ба волидонаш ирсол мекунад:
«Баъзан мешавад, ки маблағ намефиристем, кор ки кам шуд, маошамон кам мешавад. Ҳоло тиҷорат суст аст, барои ҳамин аксари маблағ барои иҷораи манзил ва рафту омад сарф мешавад».
Аз он ки гирифтани иҷозаи кор дар Туркия кори осон нест ва аммо дар ҳамин ҳол шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи иқомати як моҳаро дар ин кишвар ба ҳангоми ворид шудан аз сарҳадро доранд, ҷавонони муҳоҷир барои нигоҳ доштани мавқеи қонунии худ дар охири ҳар моҳ таввасути ҳавопаймо ё роҳи мошингард сарҳади Истанбулро бо давлате, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводид талаб намешавад убур мекунанд.
Мушкили аслӣ - раводид
Ҳарчанд пайдо кардани ҳаққи зиндагии якмоҳа ҳуқуқи кор карданро ба онҳо намедиҳад, аммо дар ин муддат ба ҳангоми назорати кормандони полис, аз кишвар ихроҷ намегарданд. Дар ҳамин ҳол Нуралӣ гуфт:
«Дар ин ҷо мушкили мо раводид аст. Мо бояд ҳар моҳ ба ягон ҷо сафар кунем. Мо метавонем ба Боку биравем, ё ба Маскав. Муштариёне дорем, ки дар инҷо молу колои зиёд харидорӣ мекунанд ва роҳбарамон ба онҳо пешниҳод мекунад, ки агар хоҳед ҳамкори ман ба шумо дар роҳ кӯмак мекунад. Мо меравем, бори онҳоро ба манзилашон мерасонем ва бозпас ба Истанбул бармегардем ва ҳаминтавр ҳаққи як моҳи дигари зиндагиро пайдо мекунем».
Сӯҳроб ва Нуралӣ новобаста ба ҳар гуна шарту шароити будубош дар ин кишвар розианд, барои ҳамешагӣ дар ин давлат боқӣ монанд. Нуралӣ дар ин замина мегуяд: «Шароити оддитарини зиндагӣ дар ин ҷо ҳаст. Масъалаи набуди барқу газ инҷо аслан вуҷуд надорад. Муносибати полис ҳам бо мо хуб аст».
Сӯҳроб ва Нуралӣ мехоҳанд, дар оянда дар Истанбул соҳиби дӯконҳои шахсӣ бошанд ва таҷрибаи то он замон андӯхтаашонро дар пешрафти тиҷорати худ истифода кунанд. Дар ҳамин замина ҳарду умед доранд, ки миёни Тоҷикистону Туркия дар самти муҳоҷират созишномаҳои бештари ҳамкорӣ ба тасвиб расида, буду боши онҳоро аз назари қонунӣ дар онҷо осонтар мекунад.