Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавҷи нави эътирозҳо алайҳи Талко дар Узбакистон


Хабаргузориҳои Узбакистон аз баргузории ҳамоишҳои зидди густариши корхонаи тавлиди алюминии Тоҷикистон хабар дода, навиштаанд, ки сокинони вилояти Сурхандарё ва вакилони ҳаракати зистмуҳитии порлумони Узбакистон хостори баррасии байналмилалии зарари ширкати Талко ба вазъи сиҳатии сокинон шудаанд.

Бино ба хабарҳо, вакилони ҳаракати зистмуҳитӣ дар ноҳияҳои Сариосиё ва Узун бо сокинони маҳаллӣ мулоқот намуда ва муроҷиъатномаи муштаракеро ба унвони СММ ва Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ таҳия ва имзо кардаанд. Дар ин муроҷиъатнома аз ин созмонҳо тақозо шудааст, ки дар пешгирии ҳарчи зудтари пеши роҳи таъсири бади партовҳои корхонаи Талко ба сиҳатии мардум ва муҳити зисти вилояти Сурхандарё мусоидат кунанд.

Нурия Ойҷонова, яке аз вакилони порлумони Узбакистон, дар ин мулоқотҳо гуфтааст, ки партовҳои корхонаи алюминиюми Тоҷикистон боиси афзоиши гирифтории ашхос ва ҳайвоноти хонагӣ ба бемориҳои мухталиф шудааст. Ӯ афзудааст, ки зарари зистмуҳитии корхонаи тавлиди алюминии Тоҷикистон барои муҳити атрофи он ба мушобеҳи мушкилоти ноҳияҳои атрофи баҳри Арал аст.

Ин вакили порлумон таъкид кардааст, ки барои кишвараш фоҷеаи зистмуҳитии Арал кофист ва таҳаммули сар задани як чунин фоҷеаи дигаре надорад.

Ба навиштаи сомонаҳои узбакӣ, ҳафтаи дуввум аст, ки иқдомоти мухталифе бар зидди густариши корхонаи Талко ва партовҳои он ба муҳити зист амалӣ мешавад.

Посухи Талко

Мақомоти ширкати Талко ин иддаъоро рад карда ва гуфтанд, ки корхонаи тавлиди алюминии Тоҷикистон бо системаи муосири коҳиши зиёни партовҳо муаҷаҳҳаз аст ва мизони таъсироти ин партовҳо ба муҳит дар ҳадди минималии меъёрҳои пазируфташуда аст.
Нуралӣ Қодиров, раиси бахши муҳити зистӣ ширкати Талко мегӯяд, иддаоҳои кишвари ҳамсоя аз воқеъият дур аст. Ба гуфтаи ӯ, бозрасии лаборатории Талко ва Кумитаи муҳити зисти давлати Тоҷикистон собит кардааст, ки таъсири партовҳои ин корхона ба муҳити атроф нигаронкунанда нест.

Ҷаноби Қодиров гуфт, "мо асноди расмие, ки аз сӯйи мақомоти зирабти Узбакистон то соли 1999 таъйид шудааст, дар ихтиёр дорем ва дар ин аснод ҷониби Ӯзбакистон таъйид кардааст, ки дар пайи фаъолияти Талко ҳеҷ пайомади номатлубе ошкор нашудааст".

Ба гуфтаи масъули Талко, дар ин корхона ҳамасола барномаи вижаи зистмуҳитӣ таҳия ва иҷро мешавад. Дар соли гузашта ҳазинаи чунин барнома ҳудуди 29 миллион сомонӣ буда, дар соли ҷорӣ ин рақам беш аз 30 миллионро ташкил додааст.

Омезиши масоили иқтисодӣ бо сиёсат

Бархе аз коршиносон ва ҳатто мақомоти Тоҷикистон ин эътирози Узбакистонро ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун рабт медиҳанд, ки Узбакистон мухолифи ин сохтмон аст. Тоҷикистон мухолифати Узбакистонро нодида гирифта, талош мекунад аз ниёзмандӣ аз роҳи транзит ва шабакаҳои энержии Узбакистон раҳо шавад.

Фирӯз Саидов, таҳлилгари маркази мутолеоти сиёсӣ ва стратегии дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин бора чунин изҳор кард:

«Дар ин моҷароҳо бештар мавзӯи сиёсӣ матраҳ аст аз он ки масъалаи иқтисодӣ ва зистмуҳитӣ. Корхонаи Талко бузургтарин корхонаи тавлидӣ дар Тоҷикистон аст ва буҷаи давлат аз ҳисоби андози он аст. Ба ин далел ва ба далели сохтмони нерӯгоҳи Роғун, Сангтуда-2 ва роҳҳ,о ки метавонад Тоҷикистонро аз бунбаст раҳо кунад, Узбакистон бо ҳамин роҳу васила мухолифат мекунад. Б а назари ман, дар ин сарусадоҳо танҳо сиёсат матраҳ аст».


Фирӯз Саидов гуфт, ки масъалаи зистмуҳитӣ ва олудагии он бештар дар худи Узбакистон матраҳ аст. Ба гуфтаи ӯ, корхонаҳои саноатии Бекобод ва нерӯгоҳҳои ҳароратии Узбакистон миллионҳо метри мукааб газҳои гулхонаиро ба фазо партоб мекунанд, ки ба афзоиши дамо дар ҷави замин боис мешавад. Ва ин боиси нигаронист, на балки фаъолияти корхонаи Талко, ки таҳти контроли ниҳодҳои зистмуҳити байналмилалӣ қарор дорад.

Ҷаноби Саидов афзуд: «Ахиран экологҳои Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ як таҳқиқоти экологиро анҷом додаанд. Ва дар натиҷа гуфтанд, ки олудагӣ аз меъёр зиёд нест. Дар ин корхона ширкатҳои фаронсавӣ дастгоҳ ва ҳавотозакунакҳоро насб кардаанд, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ ҳастанд. Мутахассисони Фаронса низ ахиран дар ин ҷо буданд. Ва олудагии муҳити зистро мушоҳида накардаанд».

Талошҳои Ҷунбиши экологии Узбакистон


Дар ҳамин ҳол Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси минтақа бар он аст, ки иддаоҳои Ҷунбиши экологии Узбакистон бештар ба сиёсати дохилии Узбакистон рабт дорад бо он, ки ба равобити миёни Тоҷикистон ва Узбакистон. Ба эътиқоди ҷаноби Ҳакимов, «ахиран Узбакистон дар қонуни интихоботи худ таҷдиди назар кард. Ва созмонҳои ғайридавлатии зистмуҳит метавонанд дар парлумон намояндаи худро дошта бошанд. Ин сарусадоҳои Ҷунбиши экологии Узбакистон танҳо барои роҳёбӣ ба парлумон аст».

Аммо бархи дигари коршиносон бар онанд, ки дар ин талошҳои ахири Узбакистон Русия даст дорад ва ин кишвар талош мекунад, бо истифода аз мухолифати Узбакистон ба Талко ба саҳоми ин корхона дастрасӣ пайдо карда, дар ниҳояти кор онро бихарад. Ва нерӯгоҳи Роғунро барои тавсеаи истеҳсоли алюминюм бунёд кунад.
XS
SM
MD
LG