Салим Мандивавала, раиси идораи сармоягузории давлати Покистон, ки бо 40 нафар тоҷири ин кишвар вориди Тоҷикистон шудааст пас аз дидору гуфтугӯ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки Покистон дар иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ бахусус энержӣ дар Тоҷикистон алоқаманд аст.
Нақшаҳои Исломобод
Иддае аз коршиносон ин алоқамандии Покистонро як навъ рақобат бо Чин медонанд, ки ин кишвар низ ба захираи табиӣ ва нерӯи барқи ояндаи Тоҷикистон чашм духтааст. Ин дар ҳолест, ки барои расидан ба ҳадафии ниҳоии худ, яъне интиқоли нерӯи барқи арзони Тоҷикистон ба шимолу ғарби Чин, сараввал ба сохтмони роҳ ва тунелҳо оғоз карда буд ва Покистон низ бо ҳамин усул ва шева мехоҳад ҳузури иқтисодии худ дар Тоҷикистонро афзоиш диҳад.
Барои мисол Покистон дар мавриди сохтмони роҳи оҳан ва мошин аз тариқи коридори Вахон, ки минтақаи кӯҳистонӣ аст ва ин роҳҳо бо туннелҳо сохта хоҳад шуд, изҳори омодагӣ кардааст.
Хабарнигорон бо дарназардошти релйефи ин минтақаи кӯҳистонӣ аз раиси идораи сармоягузории давлати Покистон пурсиданд, ки то чӣ ҳад сохтмони ин роҳ имкон дорад? Вай гуфт: «Ин пружа имкони воқеии иҷро дорад ва мо тасмим дорем, на танҳо лоиҳаи сохтмони роҳи оҳан, балки сохтмони роҳи мошингардро низ пиёда кунем. Ин мавзӯъҳо дар гуфтугуи ман бо раисиҷумҳур барраси шуд. Ман мутмаинам, ки дар иҷрои ин пружа комёб мешавем».
Истиқболи Душанбе аз тарҳи роҳи нав
Мақомоти Тоҷикистон аз ин барнома истиқбол кардаанд. Ба эътиқодӣ Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмони ин роҳ на танҳо Тоҷикистонро ба бандарҳои Покистон, аз ҷумла Карочӣ, мепайвандад, балки Покистонро низ ба дигар кишварҳои Осиёи Миёна муттасил мекунад.
Алоуддин Аноятшоев, раиси раёсати сохтмони Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон, низ иҷрои ин тарҳро мумкин медонад,ба ин далел, ки ба гуфтаи вай, ин роҳ аз қабл вуҷуд дошт ва танҳо онро бояд навсозӣ кард.
Ба эътиқоди баъзе аз коршиносон, ба ин далел ки тоҷирони афғон колоҳои Покистонро бо чанд баробар қиммат ворид мекунанд, Афғонистон дар сохтмони ин роҳ алоқаманд нест. Барои мисол, як тонна сементи Покистон 40 доллар арзиш дорад, вале тоҷирони Афғонистон онро ба қиммати 162 доллар ба Тоҷикистон ворид месозанд.
Тоҷирони тоҷик ва покистонӣ дар ҳамоиши тиҷоратӣ, ки рӯзи гузашта баргузор шуд, дар бораи тавлиди семент ва доруворӣ дар Тоҷикистон ба тавофуқ расиданд.
Мушкили бесуботии Афғонистон
Аммо бархи дигари коршиносон бо вуҷуди рақобати Покистон ба Чин дар ҳузурёбӣ дар Тоҷикистон имкони мухолифати Чин бо ин роҳро баъид медонанд. Худойберди Холиқназаров, таҳлилгари маркази мутолеоти стратегии дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ки мушкилоти муносибати Чин бо Покистон дар масъалаи ҳузур дар Тоҷикистон нест, балки мушкил адами субот дар Афғонистон аст:
«Муносибати Чину Покистон хуб аст. Мушкили аслӣ дар сохтмони ин роҳ бесуботӣ дар Афғонистон аст ва то барқарории суботи сиёсӣ дар ин кишвар сохтмони ин роҳ зери суол аст».
Аммо Исмоил Раҳматов, таҳлилгари умури сиёсӣ, сохтмони ин роҳро танҳо ба нафъи Покистон ва бурузи бештари нерӯҳои тундрав ба Осиёи Марказӣ медонад.Ҷаноби Раҳматов афзуд: «Афғонистон ва Покистон кишварҳои бесуботанд ва имкон дорад дар оянда аз тариқи ин роҳ нерӯҳои тундрав ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид шаванд».
Қарордоди сеҷониба
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Покистон алоқаманди имзои як қарордоди тиҷоратӣ Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон шудаанд. Ҳамчунин қарордоди дуҷониба миёни Покистон ваАфғонистон ду рӯз қабл дар шаҳри Исломобод ба имзо расид.
Ҳилларӣ Клинтон, вазири хориҷа Амрико, ки дар маросими имзои ин қарордод ҳузур дошт, гуфт, ки ин қарордод ба равобити ду кишвар таҳкими ҳамаҷониба хоҳад бахшид.
Худойбердӣ Холиқназаров, таҳлилгари маркази мутолеоти стратегии дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, имзои ин қарордоди сеҷонибаро ба нафъи Тоҷикистон медонад.
Ба гуфтаи Худойбердӣ Холиқназаров, ки дар гузашта вазири умури хориҷаи Тоҷикистон буд, Покистон аз рӯзҳои аввали истиқлол касб кардани Тоҷикистон ба барномаҳои энержии он алоқаманд буда, дар бораи 500 миллион доллар сармоягузорӣ барои эҳдоси нерӯгоҳи Роғун санади ҳусни тафоҳум имзо карда буд.
Ба эътиқоди бархе аз коршиносон, то ба ҳол Покистон интизор дорад, ки дар ин замина бо Тоҷикистон қарордод имзо намояд.