Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди аксиз барои телефони мобилӣ


Пешниҳоди роҳандозии молиёти аксизии 3 дарсадӣ барои истифода аз телефонҳои ҳамроҳ дар Тоҷикистон боиси норизоятии мардум ва ширкатҳои телефонӣ шудааст. Ин навъи молиётро бояд муштарӣ ё дорандаи телефанӣ ҳамроҳ пардохт кунад.

Ғафур Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ин иқдоми вазорати нақлиёт ва коммуникатсияро муғоир ба қавонини Тоҷикистон хонда гуфтааст, роҳандозии ҳамчунин молиёти аксизӣ берун аз чорчӯби ақли инсон аст. Ва касе, ки ҳамин таъғиротро дар қонуни андоз пешниҳод кардааст, қонунро хуб намедонад.

Ҷаноби Эркаев гуфт, ки ин масъала қабл аз баррасӣ дар парлумон бояд мавриди баҳси мутахассисон ва кумитаҳои парлумон қарор бигирад.

"Қонуни бемисл"

Ҷаноби Эркаев мегӯяд: "Андози аксизӣ ё молиёти аксизӣ аз анвои колоҳое ситонида мешавад, ки муҳитро олуда месозанд. Барои мисол бензин, солярка, мазут, нӯшиданиҳои спиртӣ, сигарет ва ғайра, ки ситонидани молиёти аксизи барои коҳиши масрафи он аз сӯи мардум аст. Ситодани молиёти аксизӣ аз телефон дар дигар кишварҳо роиҷ набуда, ҳеҷ кишвари дунё ҳоло барои истифода аз телефони ҳамроҳ молиёти аксизӣ ҷорӣ накардааст».

Ҷаноби Эркаев гуфт, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Ҳайдаробод ҳамоиши ҷаҳонии Иттиҳодияи алоқаи барқӣ баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш телефони ҳамроҳ ва интернетро револютсия ё инқилоб дар бахши электроника хонданд. Вале ҳеҷ кас ё кишваре аз зиёни он ёд накард.

Норизоятии давлат аз ширкатҳои телефонӣ

Ин дар ҳолест, ки масъалаи роҳандозии андози аксизӣ барои истифода аз телефонҳои ҳамроҳ соли 2007 низ аз сӯи Бек Сабуров, муовини вазири нақлиёт ва комуникатсия матраҳ шуда буд. Аммо ба далели ғайри ҳирфаӣ будан, он пуштибонӣ наёфт. Вале дубора матраҳ шудани ин масъала ба он рабт дорад, ки ахиран раиси ҷумҳур бар афзоиш ва оидоти ҳангуфти ширкатҳои телефонии ҳамроҳ таъкид кард ва зиёни телефони ҳамроҳ ба вазъи иҷтимоӣ ва саломатиро матраҳ намуд.

Пас аз ин шабакаҳои телевизиони давлатӣ ба мавзӯъи зарари телефон пардохтанд. Дар ҳоле, ки ҳеҷ як нафар аз кормандони телевизион аз истифодаи телефонҳои ҳамроҳи ба қавли онҳо ба саломатӣ зараровар даст накашиданд.

Ба гуфтаи бархе дигар аз коршиносон норизоятии давлат аз ширкатҳои телефони ҳамроҳ ин аст, ки ин ширкатҳои мустақил оидоти зиёд ба даст меоранд, дар ҳоле, ки ягона ширкати давлатии мобилӣ бо номи «Тоҷиктелеком» беш аз 50 милион қарздор аст. Давлат талош дорад ширкатҳои телефонии мобилиро таҳти назорати худ бигирад ва аз ин ҳисоб қарзҳои худро бипардозад.

Муштарӣ - қурбонии ягона

Ба гуфтаи Фируз Саидов, таҳлилгари тоҷик ситонидани молиёти 3 дарсадаи аксизӣ аз телефонҳои ҳамроҳ танҳо ба зарари муштариён аст, на ба зиёни ширкатҳои мобилӣ.

Ба ин далел, ин иқдоми давлат оянда надорад ва ба нафъи он ҳам нест, зеро метавонад ба коҳиши теъдоди муштариён оварда расонад. Дар ҳоле, ки садҳо ҳазор муштарӣ, ки муҳоҷирони меҳнатианд, маблағи гуфтугӯи худро аз ҳисоби пули ба даст оварда дар хориҷи кишвар пардохт мекунанд, на дар дохили ҷумҳурӣ.
XS
SM
MD
LG