Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, Салим Мандвивала бо сафари серӯза ба Душанбе омада, қарор аст, ки бо масъулони идораҳои давлатии кишвар гуфтугӯ кунад.
Покистон аз нахустин кишварҳое аст, ки дар оғози солҳои навадум истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф карда, сафорати худ дар Душанберо боз намудааст. Раҳмон Набиев, раисиҷумҳури нахустини интихобшудаи Тоҷикистон, низ аввалин сафарҳои хориҷии худро дар Покистон анҷом додааст.
Созишномаи нотамом дар мавриди Роғун
Давлати Усмон, собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон, мегӯяд, Исломобод аз рӯзҳои аввали ҳамкорӣ алоқамандии худ барои сармоягузорӣ дар ин кишвари собиқ Шӯравиро нишон дода, созишномаеро тасвиб карда буд, ки бар тибқи он бояд ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун 500 миллион доллари амрикоӣ медод: «Шурӯи даргириҳо ин созишномаро халалдор кард. То ҳоло Покистон эҳтиёҷ ба барқ дорад. Ва он кӯшиш дорад, ки аз барқи обии Тоҷикистон истифода кунад. Дар баробари ин ҳукумати Тоҷикистон низ мӯҳтоҷи сармоягузорӣ барои сохтмони нерӯгоҳҳо дар кишвар аст.»
Покистон бо ишора ба ин ки ҳанӯз ташнаи барқи обии Тоҷикистон аст, кӯшидааст, ки дар ду соли гузашта ҳамкориҳои худ бо Душанберо такон бахшад.
Ҳамчунин, ҷониби Тоҷикистон талош кардааст, ки барои рехтани сармояи Покистон заминаҳоро фароҳам кунад. Соли гузашта вакилони мардумӣ дар порлумони Тоҷикистон созишнома миёни ҳукумати ин кишвар бо Покистон оид ба ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳоро ба тасвиб расонданд.
Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ҳамакнун барои вуруди сармояи Покистон ба ин кишвар садду монеа вуҷуд надорад, балки давлат шароити ҳифз ва ҳимояти ҳуқуқии ин сармояро таъмин мекунад. Таҳлилгарон мегӯянд, агар бандҳои созишнома танҳо дар рӯи коғаз намонанд, Покистон метавонад, ки дар роҳандозии корхонаҷоти тавлид ва коркарди пашму пӯст ва низ семент ба Тоҷикистон кӯмак намояд.
Зарфиятҳои ҳамкории Душанбе ва Исломобод
Бо ишора ба ин, коршиносон ҳамкориҳои хуби иқтисодии Душанбе бо Исломободро аз манфиат холӣ намебинанд. Муҳаммад Вафо, коршиноси тоҷик, мегӯяд, агар Покистон мехоҳад, ки аз тариқи Тоҷикистон ба Осиёи Марказӣ роҳ ёбад, Тоҷикистон метавонад, ки аз ин кишвар барои худ молҳои зарурӣ ва арзонро ворид кунад: «Албатта, Покистон як кишвари бузург аст ва мо метавонем, ки маҳсулоти чармӣ, сабзавот, доруворӣ, шакар, равған, ғаладона, атриёт, собун ва маводи хушбӯӣ ё ориширо ворид кунем.»
То ҳанӯз бозорҳои Тоҷикистонро навъи меваҳои мухталиф, аз ҷумла мандарину банани покистонӣ зеб медиҳанд ва сокинони Тоҷикистон солҳост, ки назар ба картошкаҳои маҳаллӣ картошкаҳои покистониро бештар истеъмол мекунанд.
Ҳамин тавр, коршиносон ба ояндаи ҳамкориҳои иқтисодии Душанбеву Исломобод бо нигоҳи нек менигаранд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, ҳам Тоҷикистон ва ҳам Покистон узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ буда, инчунин тарҳи бузурги эҳдоси хатти баландшиддати СASA-1000, ки нерӯи барқи изофии Тоҷикистону Қирғизистонро ба Афғонистон ва Покистон интиқол хоҳад дод, рӯйи даст доранд.