Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон дар миёни Тоҷикистон ва Узбакистон


Исфандиёр Раҳим Машоӣ, раиси дафтари раёсати ҷумҳурии Эрон, зимни натиҷагирӣ аз сафари худ ба Тоҷикистон гуфтааст, Эрон равобиташ бо кишварҳои Осиёи Марказиро, ҷудо аз манофеъи Тоҷикистон думбол намекунад. Ӯ гуфтааст, Эрон аз Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад ва дар ин амр кӯтоҳ нахоҳад омад.

Оқои Машоӣ гуфтааст, ки Эрон барои ҳалли мушкили миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон талош мекунад.

Ӯ гуфтааст, кишвараш дар ин замина бо Узбакистон вориди музокира шудаааст ва Теҳрон ба Тошканд тавсия кардааст, ки ҳамкории худ бо Тоҷикистонро густариш бахшад.

Оқои Машоӣ, раиси дафтари раёсати ҷумҳурии Эрон гуфтааст, зимни музокираҳо Эрон ба Узбакистон ба сароҳати баён гуфтааст, ки Эрон муносибаташ бо кишварҳои Осиёи Миёнаро бо назардошти манофеъи Тоҷикистон тарҳ мекунад.

Хабаргузории нимарасмии «Форс»-и Эрон навиштааст: «Машоӣ бо ишора ба ин ки Узбакистон мехоҳад, сиёсатҳои ҳамкории Теҳрон бо Тошканд хориҷ аз чаҳорчӯби барномаи равобит бо Тоҷикистон бошад, гуфт: Эрон чунин чизеро қабул надорад ва дар барномаи ҳамкориҳои худ бо кишварҳои минтақа аз манофеъи Тоҷикистон низ ҳимоят хоҳад кард».

Исфандиёри Раҳими Машоӣ дар посухи суолҳои ба такрори хабарнигорон дар бораи муносиботи Тоҷикистон ва Узбакистон ва мавзеъи Эрон дар ин замина, инчунин гуфтааст: "Онҳо интизор доранд, ки мо муносиботамонро бо онҳо мустақил аз муносиботамон бо Тоҷикистон дунбол кунем. Яъне Эронро аз Тоҷикистон ҷудо медонанд. Аммо мо бо Тоҷикистон муомилагар нестем, балки Тоҷикистон бахше аз фарҳанг ва таърихи мост ва мо муштарак ҳастем".

Исфандиёр Раҳми Машоӣ ҳамчунон гуфтааст, ки Эрон Тоҷикистонро шарики роҳбурдӣ ё истротежики худ медонад ва аз давлати Тоҷикистон ба қотеият дифоъ мекунад.

Роҳбандӣ бар зарари Узбакистон тамом мешавад

Исфардиёр Раҳми Машоӣ аз сиёсати Узбакистон дар заминаи бастани роҳи транзити ҳамлу нақли Тоҷикистон интиқод кард ва гуфт, сарнаҷом ин кор бар зарари манфитаҳои худи Ӯзбакистон хоҳад шуд. Зеро бо ин амалаш Узбакистон кишварҳои давру бари худро маҷбур ба кушодани роҳҳои алтернативӣ мекунад ва он гоҳ худи Узбакистон аз имтиёзе, ки дар масъалаи ҳамлу нақли молу коло дорад, бенасиб мекунад.

Аз моҳи январи соли равон то кунун Узбакистон дар транзити молу колои Тоҷикистон тавассути роҳи оҳани худ мушкил эҷод кардааст. Узбакистон ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун мухолиф аст ва ба ин баҳона роҳи вуруди ҳама гуна маводи сохтмонӣ, хосса барои нерӯгоҳҳоро ба Тоҷикистон бастааст.

Исфандиёр Раҳими Машоӣ мегӯяд, ки ба далели роҳбандии Узбакистон анҷоми сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯдаи 2», ки тавассути ширкатҳои эронӣ сохта мешавад низ барои шаш моҳ ақиб уфтодааст.

Дар як моҳи пеш Эрон ба Узбакистон ҳушдор дод, ки агар роҳи вагонҳои Тоҷикистонро раҳо накунад, Эрон ба гунаи мушобеҳе амал мекунад ва аз қаламрави худ вагонҳои Узбакистонро иҷозаи убур нахоҳад дод. Гуфта мешавад, рӯзона ҳудуди 150 вагони Узбакистон тавассути роҳҳои Эрон ба бандарҳои обӣ мерасад.

Баъди ин таҳдиди Эрон Узбакистон вагонҳои дарбанди ҳомили маводи сохтмонӣ барои нерӯгоҳи «Сангтӯдаи 2»-ро раҳо кард.

Ин мақоми эронӣ гуфтааст, ки дар ҳар сурат, нерӯгоҳи «Сангтӯда 2» то поёни соли равон такмил мешавад ва мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Сармои муносибот бо Маскав - гармои равобит бо Теҳрон

Ба думболи чанд таҳаввули якуним соли ахир дар минтақа, муносиботи Тоҷикистон бо Узбакистон ва Русия ба сардӣ гароидааст.

Коршиносон мегӯянд, маҳз сардии муносибот бо Русия ва Тошканд боис шудааст, ки Тоҷикистон муносиботи худ бо Эронро густариш бидиҳад ва дар симои ин кишвар навъе пуштибони худро бубинад.

Мояи ихтилофи Тоҷикистон бо Узбакистон сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузург дар дохили Тоҷикистон ва хосса обанбори Роғун мебошад.

Узбакистон даъво дорад, ки сохтмони нерӯгоҳи Роғун боиси биёбоншавии заминҳо дар кишварҳои поёноб мешавад ва фоҷиаҳои зистмуҳитиро дар пай хоҳад дошт.

Тоҷикистон дар навбати худ ҳар гуна иддаъоро рад мекунад ва мегӯяд, зимни тарҳи ин сохтмон ҳама гуна шароити зистмуҳитӣ мадди назар гирифта шудааст. Ва Тоҷикистон қасди бастани роҳи об ба рӯи ҳамсояҳои худро надорад.

Коршиносон мегӯянд, нигаронии Узбакистон бештар аз ин ноҳия аст, ки дар сурати эҳдоси ин обанборҳо, хоса сарбанди Роғун Тоҷикистон имкони танзими истифода аз обро дар ҳавзаи Вахш ба даст хоҳад овард. Амре, ки дар ҳоли ҳозир номумкин аст.

Вале мояи ихтилоф ва сардшавии равобити Русия бо Тоҷикистон низ ба гуфтаи коршиносон фишори Узбакистон аст. Русия дар соли гуфзаша дар мавриди истифодаи манобеи табиӣ хоса газ, бо Узбакистон созиш кард ва интизор меравад, ки дар масъалаи сохтмони нерӯгоҳҳо Русия дар тарафи манфиати Тошканд қарор бигирад.

Дар зимистони соли гузашта зимни сафари худ ба Узбакистон Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки Маскав ба ҳеҷ гуна тарҳи гидроэнержии минтақаӣ, ки бидуни мувофиқаи Тошканд рӯи даст гирфита мешавад, сармоягузорӣ нахоҳад кард.

Мояи дигари ихтилофи Маскав ин аст, ки Тоҷикистон ба дархости он кишвар ҷиҳати сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва дар ихтиёри Русия гузоштани бештар аз 51 дарсади саҳмияҳои он посухи рад дод.

Аммо акнун, ки пойи Эрон ба ин муносибот кашида шудааст, маълум нест, ки таҳаввулот чӣ гуна инкишоферо дар пеш хоҳад дошт.

Чизе, ки феълан маълум аст, ба гуфтаи коршиносон, мухолфиати ба шиддати Русия ба ҳар гуна ҳузури Эрон дар ин муносибот аст.
XS
SM
MD
LG