Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон: Ҳашт соли набарди бенатиҷа бо Толибон


Амалиёти давомдори низомӣ алайҳи ситезаҷӯёни Толиб, тарафдорони онҳо ва ҷангҷӯёни Ал-Қоида, ки дар манотиқи қабиланишини Покистон паноҳ бурдаанд, дар давоми чанд соли гузашта ба таври муназзам тағйири ҷой мекунад.

Муаллиф: Довуд Хаттак

Аммо табли шодӣ задан бар пирӯзӣ алайҳи шибҳи низомиён ҳануз зудҳангом ҳаст, чун онҳо ба таври ҳамешагӣ тағйири ҷой мекунанд ва бо аз даст додани сангарҳои қаблии худ дар пайи сару сомон додани пойгоҳҳои нави худ мегарданд.

Афзоиши хушунатҳо ва яъсу ноумедии мардум

Возеҳан, ҷанг алайхи даҳшатафканӣ дар Покистон бар яъс ва ноумедии мардуми бе ин ҳам маҳруми ин минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон афзудааст. Гузашта аз ин натиҷаи дилхоҳ надодани ин амалиётҳо мардумро бештар нигарон кардааст.

Ба таври ҳамеша, васоили ахбори Покистон охирин омори кушташудагони Толибро ироа менамоянд. Агар шумо шумораи ҷангҷӯёни кушташудаи толибро, ки нерӯҳои амниятии Покистон иддао мекунанд, ҳисоб намоед, адади онҳо фақат дар соли 2009 ба якчанд ҳазор хоҳад расид. Вале размандагони толиб ҳануз пойбарҷо ҳастанду пайкор мекунанд ва доираи нуфузи худро аз кӯҳпораҳо ба қалби шаҳрҳо дар вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ ва ҳоло ба сӯи иёлоти сернуфус ва аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққиёфтаи Панчоб густариш медиҳанд.

Воқеият ин ҳаст, ки бо вуҷуди иддаои мақомоти амнятии Покистон ва нерӯҳои НАТО бо рахбарии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мустақар дар ду ҷониби хатти Дюранд ва инчунин бо вуҷуди қабули стратегияҳои ҷангӣ, хушунатҳо рӯ ба афзоиш ҳаст. Бо вуҷуди муболиғаи тарафи ҳукумат роҷеъ ба муваффақиятҳои низомии худ ,шумораи ҷангҷӯён бештар аз он аст, ки пиндошта мешавад ва сиёсати «гардан задан» барои моҳҳо ва шояд ҳам солҳо идома ёбад.

Таърих низ пур аз мисолҳост. Фармондеҳи артиши Фаронса Давид Галула навиштаанд, ки куштани раҳбарон ва сипоҳиёни Ҷабҳаи Миллӣ-Озодибахши Алҷазоир (1956-58) таъсири андаке бар муқовимат дошт, чун онҳо муназзамтар аз он буданд то дар баробари ҳамчун шеваи ҷангӣ сар фуруд биёваранд. Нерӯҳои исроилӣ аз даҳсолҳо боз раҳбарони муқовимати фаластиниро ҳадафи гулула қарор медиҳанд, вале кашмакаш ҳануз идома дорад.

Зарари мардуми мулкӣ аз ҳамлаҳои низомӣ

Дар ҳоле, ки нерӯҳои амниятӣ аз охирин пирӯзиҳои худ меболанд, аз гулулаборон ва ҳамлаҳои ҷангандаҳои ҳавоии онҳо бештар мардуми мулкӣ осеб мебинанд, ки ин худ мунҷар ба норизоятии мардум ва баҳрабардории ҳарчи афзунтари ҷангиёни Толиб ба нафъи худ гардидааст. Намунаи ин гуфтаҳо ҳодисаи як моҳ қабл ба вуқӯъ пайваста дар ноҳияи Хайбари Покистон ва шаҳри ҷанубии Қандаҳор дар Афғонистон мебошад, ки норизоятии мардумро нисбат ба ҳукуматҳои худ ва нерӯҳои низомӣ ба думбол доштааст.

Ба назар чунин мерасад, ки ангезаи аслӣ дар қазияи шаҳрванди афғонитабори Амрико Начибулло Зазай, ки соли гузашта ба гумони созмон додани як амали террористӣ дар зерзаминии Ню Йорк ба даст афтод, ҳамчунин дар қазияи шаҳрванди покистониасли Амрико Файсал Шахзод, ки худ ба ҷобаҷо кардани маводи тарканда дар моҳи май дар яке аз майдонҳои Ню Йорк эътироф кард, ҳамин бошад. Ин худ ошкор аст, ки ҳеч яке аз ин ду нафар Толиби оддӣ ва ё зархариди Ал-Қоида набуд, вале ҳар ду изҳор доштаанд, ки нияти интиқом аз ончи дар Афғонистон ва Покистон мегузаштаро доштаанд.

Дар зимн, бо ин гурӯҳ, ки исломро ба сабки худ мефаҳманд ва хуни мардуми бегуноҳро ба замин мерезанд бо панҷаҳои оҳанин бояд ҷангид. Вале суол инҷост, ки агар ҳукумат воқеан қасди аз байн бурдани шӯришиён ва барқарории амниятро дошта бошад, пас чаро бо вуҷуди имкониятхои фаровони заминиву осмонӣ ва бо вуҷуди аз байн бурдани фармондеҳонашон, шумораи шӯришиён рӯз ба рӯз бештар мегардад?

Толибон дубора бармегарданд

Дар моҳи июни соли 2004 аввалин фармондеҳи саршиноси Толибон аз Вазиристон Нек Муҳаммад кушта шуд. Дар моҳи августи 2009 роҳбари ҳаракати Толибони Покистон Байтуллоҳ Маҳсуд ҳам бар асари ҳамлаи ҷангандаҳои ҳавоии ИМА ба таври мармуз ҷон супурд. Бо вучуди маҳви пайдарпайи фармондеҳони шӯришиён вазъ вахимтар ба назар мерасад ва ҳануз шаҳрҳо ва шаҳрвандон ҳадафи ҳамлаҳои шӯришиён қарор мегиранд.

Амалиётхои парокандаи низомӣ дар 8 соли гузашта натиҷаи дилхохе ба бор наовард чун аз пуштибонии як стратегияи ҷиддии сиёсӣ оид ба рушди минтақаҳои ҷангзада бархурдор набуд. Минтақахои Баҷовар, Вазиристон ва водии Свот шоҳиди даргириҳои хунин буда, ҳоло аз вуҷуди толибҳо пок гаштаанд, вале корҳои ободонӣ, ки мунҷар ба дилгармии сокинони маҳаллӣ гардад, аз сар гирифта нашудааст. Дар натиҷа минтақа аз сари нав ба оғӯши Толибон бармегардад ва майдони тохтутози пайкорҷӯёни тарафдори онҳо мегардад.

Бидуни сохтани мактабҳо,марказхои тиббӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар ноҳияҳои сарҳадӣ, сиёсати аз байн бурдани Толибон кори пурзаҳмате хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG