Сӯҳробшоҳи Фарухшоҳ, раиси маркази матбуоти шаҳрдории Кӯлоб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки феълан бунёди манозили зист хуб ҷараён дошта ва то рӯзи истиқлолияти кишвар беш аз 600 бино мавриди истифода қарор дода мешавад.
Ба гуфтаи Сӯҳробшоҳи Фарухшоҳ, тақсими замин барои бунёди манзилҳои зист аз тариқи қуръапартоӣ сурат гирифт, то ки миёни мардум баҳсу ихтилоф ва нигарониҳо ба бор наояд.
Ӯ афзуд: «Вақте президент баъди обхезӣ ба Кӯлоб омад ва тасаллият баён кард ва гуфт, то охирин сӯзани мардум таъмин карда мешавад. Имрӯз дар ҳамон рӯйхати мардум аз палосу қолин то қошуқ номнавис шудааст. Дар қатори он ки вазорату идораҳо барои мардум хона месозанд, боз онҳоро бо ҷиҳози рӯзгор таъмин мекунанд. Ин супориши президент аст».
Гуфта мешавад, то имрӯз ба мардуми осебдидае, ки зери хаймаҳо дар канори манзилҳои нимабунёд ба сар мебаранд, ройгон нон дода мешавад. Ҳамчунин ширкати “Талко” тасмим гирифтааст, ки ин мардумро то рӯзи ба хонаҳои нав кӯчиданашон бо гази ройгон таъмин кунад.
"Агар хонаи нав мехоҳед, хонаи қаблиро холӣ кунед"
Аҳмади Иброҳим, яке аз осебдидагони фоҷиаи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки шаҳрдорӣ эълом дошт, ҳар оилаи зарардидае, ки мехоҳад соҳиби хонаи нав шавад, аз манзили қаблӣ маҳрум хоҳад шуд.
Ӯ меафзояд, ки онҳо дар хонаҳои бобоӣ монданро авлотар донистанд. Онҳо дар хайма ба сар мебаранд ва бидуни кӯмаки Ситоди ҷумҳуриявии кӯмак ба мардуми осебдида аллакай девори манзили бобоиро бардоштааст.
«На Алимардон ва на раиси шаҳр гуфтан намехоҳанд, ки чаро барои ман замин надоданд. Ҳамин қадар баҳона доранд, ки ман аз замини падарам даст кашиданӣ нестам. Ман дар манзили падариам, ки сел бурда буд, кат сохтаам ва як хаймаи дигар, ки бо фарзандонам зиндагӣ мекунам».
Аҳмади Иброҳим мегӯяд, ки ба тақсими одилонаи кӯмакҳо ва маблағе, ки аз буҷаи шаҳр барои мардуми осебдида пешбинӣ шудааст, шубҳа дорад.
Ӯ меафзояд, ки то ҳанӯз шаҳрдорӣ дар бораи ҳаҷми кӯмакҳо ва теъдоди мардуме, ки аз ин кӯмакҳо бархурдор шудаанд, иттилои дақиқ надорад:
“Имрӯз дар варақаи матуботии раиси шахр навишта шуда буд, ки ба оилаҳо аз буҷаи шаҳр кӯмак расонида шуд. Ман пурсидам, ки чӣ гуна кӯмак буд ва ҳаҷмаш чӣ қадар? Раиси шаҳр посухро ба раиси дастгоҳ ҳавола кард, раиси дастгоҳ гуфт, ки руйхат нест. Ё дар варақаи матбуотии шаҳрдорӣ навишта шудааст, ки аз ҳисоби буҷа 40 ҳазор сомонӣ барои тоза кардани хиёбонҳо сарф шудааст, вале кӯчаҳо тоза нашудааст ва мардум зуком шуда истодааст. Пас маблағи буҷа бе назорат аст?»
Мардуми зарадида дар ҷустӯҷӯи Алимардон
Ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, ки раиси Ситоди ҷумҳуриявии кӯмак ба осебдидагон, муовини сарвазир Муродалӣ Алимардоновро танҳо дар телевизион ҳангоми сафари раисиҷумҳур ба минтақаҳо дидаанд.
То ҳоло бисёриҳо намедонад, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ дар куҷост, дар бинои дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур дар шаҳри Душанбе ва ё дар утоқи шаҳрдории Кӯлоб?
Аммо Сӯҳробшоҳи Фарӯхшоҳ мегӯяд, ки Ситоди ҷумҳурияви таҳти роҳбарии Алимардонов фаъолияти хуб дорад. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Озодӣ Ҳасанов, сармеъмори шаҳри Кӯлоб, нақшаи сохтмонӣ дар маҷмӯъ 669 манзили зист ва иншооти иҷтимоиро дарбар мегирад. Айни ҳол бунёди 584 манзил идома дорад ва сохтмони даҳ дарсади биноҳо анҷом ёфтааст.
Барои бунёди биноҳои истиқомати ба мардуми осебдида кулли вазорату идораҳои кишвар вобаста ҳастанд. Ба гуфти Озодӣ Ҳасанов, Корхонаи алюминий «Талко» ӯҳдадор аст, ки барои мардуми Кӯлоб 50 хона, Бонкҳои кишвар 7 тои хона, вилояти Суғд 91 адад ва дигар шаҳру навоҳии кишвар ҳам саҳми худро гузоштаанд.
Обхезии Кӯлоб
Шаби 7 майи соли ҷорӣ дар Кӯлоб, обхезӣ дар соати дуи шаб сурат гирифт, дар замоне, ки аксари мардум хоб буд. Ин мудҳиштарин обхезӣ дар таърихи Кӯлоб унвон шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон ҳаҷми умумии зарар аз сел дар Хатлонро тақрибан 600 миллион доллар гуфтааст.
Кумитаи ҳолатҳои изтирори теъдоди қурбоншудагонро 24 нафар эълон кард. Қаблан Ҳамид Абдуллоев гуфта буд, ки сел танҳо дар шаҳри Кӯлоб ва ҷамоати он беш аз 1500 хонаро хароб кардааст. Ҳамчунин 12 пул бар асари сел вайрон шудааст. Обхезӣ 2,5 ҳазор гектар заминро комилан шустааст. Дар пайи ин ҳодиса заводи консервбарории шаҳри Кӯлоб зери об мондааст.
Гуфта мешавад, ки калиҳдои хонаҳои нав ба мардуми осебдида дар рӯзи иди истиқлолият дар ҳузури раисиҷумҳур супурда хоҳанд шуд.