Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маориф, дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе ин қонуни навро барои шароити имрӯзаи Тоҷикистон
«ногузир ва ҳатмӣ» унвон кард.
Вай мегӯяд, имрӯз сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ ба талабот ҷавобгӯ нест ва, ба гуфтаи ӯ, яке аз сабабҳои ин вазъ он аст, ки аксарияти падару модарон масъулияти таълиму тарбияи фарзандонашонро танҳо ба мактабу муаллим ҳавола мекунанд.
Дар қонуни нав ҳамаи масъулият ва ӯҳдадориҳои волидайн барои тарбияи фарзанд, аз кори берун аз мактаб то омода кардани вазифаҳои хонагӣ, муайян шудааст. Вазири маориф бовар дорад, ки бо қабул шудани ин қонун вазъи соҳаи маъориф беҳтар хоҳад шуд.
Мактабҳои миёна ба низоми 12-сола мегузаранд
Ҷаноби Раҳмонов дар ин нишаст ҳамчунин иттилоъ дод, ки тарҳи тағйироту иловаҳо ба қонуни маориф барои ҷорӣ кардани низоми 12-солаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз сӯи палатаи болии парлумони кишвар тасдиқ шудааст.
Тарҳи ислоҳоти Вазорати маориф гузариши марҳила ба марҳиларо ба низоми нави таҳсил дар назар дорад. Тибқи ин тарҳ, солҳои 2014-2015 қабули хонандаҳо ба мактаб аз синни 6 шурӯъ хоҳад шуд ва дар солҳои 2016-2017 мактабҳои Тоҷикистон пурра ба низоми таълими 12-сола хоҳанд гузашт.
Барои роҳандозӣ кардани низоми нав вазорати маориф гурӯҳи вижаи корй таъсис додааст, ки ба омӯзиши вазъи феълии макотиби таҳсилоти умумй ва ин низоми ҷадид машғул хоҳад шуд.
Тасмими боз як соли дигар тамдид кардани таҳсил аз сӯи Вазорати моариф ба хотири мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонй ба роҳ мондани сатҳи таълим гирифта шудааст. Ба ақидаи масъулин, ин навъи низоми тадрис метавонад ба падидаи тарки таҳсил кардани хонандагон хотима гузорад.
Муаллимон намерасанд
Вазири маорифи Тоҷикистон гуфтааст, ки дар соли хониши 2010-2011 дар маҷмӯъ ба 3132 нафар омӯзгори фанҳои мухталиф дар мактабҳои миёнаи кишвар ниёз вуҷуд дошт.
Ба ақидаи Абдуҷаббор Раҳмонов, сабаби аслии норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар афзоиши шумори муҳоҷирон ба хориҷ аз Тоҷикистон аст. Ӯ гуфт, аз моҳи феврал ба ин сӯ, муҳоҷирати корӣ ба хориҷ аз кишвар афзоиш пайдо кард, ки дар миёни муҳоҷирон муаллимони мактабҳои миёна низ зиёд ҳастанд.
Ба гуфтаи вазири маориф, танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати муаллимон ва даст кашидани онҳо аз кори омӯзгорӣ, он аст, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ дар таъмини шароити кору маишати зиндагии омӯзгорон мусоидат кунанд.
Дар соли равон 6200 нафар донишгоҳ ва донишкадаҳои омӯзгориро хатм намудаанд, ки ба гуфтаи вазири маориф агар ҳамаи онҳо ба мактаб ба кор бираванд, мушкили таъмини мактабҳо ба омӯзгорон ҳал хоҳад шуд.