Лутфия Роибова, муовини сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон, мегӯяд, ба маҳзи равуои кӯдакон ба масоҷид дар соатҳои таълим дар мактабҳо, мизони иштироки муҳассилин дар дарсҳо поин рафта, сатҳи дониши ноболиғон низ коста шудааст:
«Аз бародарон, уламои дин илтимос мекунам, ки кӯдакони моро аз масҷид берун кунанд. Чӣ мешуд, ки онҳо ба масҷид кӯдакону ноболиғонро дастаҷамъона роҳ намедоданд? Чунки тарбия сиёсат аст. Қонун ҳаст, ягон кас ҳуқуқ надорад, ки як сония ҳам ба дарси хонандаи мактаб дахолат кунаду ба нарафтани ӯ ба мактаб сабаб шавад. Албатта, вақте таблиғу ташвиқ ҳаст, кӯдак ба масҷид меравад. Ҳамчунин хуб мешуд, ки ҳамин таълими динӣ ҳам дар хонаҳои худашон аз тарафи волидон гирифта мешуд, чунки мо бисёр гап мешунавем, кӯдакон дар дарс нестанд, кӯдакон дар хонаи ҳар кас таълим мегиранд…»
Боздошти ноболиғон дар масҷидҳо
Чунин ба назар мерасад, ки мақомоти вилояти Хатлон барои ҷилавгирӣ аз вуруди ноболиғон ба масоҷид натанҳо пешниҳоду хоҳиш мекунанд, балки аз чораҳои муассире ҳам кор мегирифтаанд. Маҳмадалӣ Салимов, сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони РКД-и Хатлон, мегӯяд, ҳамин ахиран дар пайи як амалиёти махсус, як дафъа беш аз 80 ноболиғ ва дафъа дигар 52 ноболиғ дар масҷидҳои панҷвақтаи шаҳри Қӯрғонтеппа боздошт карда шудаанд:
«Албатта дар вақту соати дарс хонанда ба таълим дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии давлатӣ фаро гирифта шаванд. Ҳастанд ҳолатҳое, ки дар вақти дарс хонандаҳои мактаб дар рӯзҳои ҷумъа ба «ҷумъахонӣ» мераванд. Мақсад аз гузаронидани ҳамин рейдҳои махсус ҳам ҳамин аст, ки муҳассилини макотиб пеш аз ҳама ба дарс фаро гирифта шаванд ва бе иҷозати падару модар ба ҳар гуна масҷиду дигар ҷойҳо ташриф наоранд. Онҳо бояд ҳатман мактаб раванд. Ҳоло дар ҳама шаҳру навоҳи вилояти Хатлон аз тарафи крмандони милиса рейдҳои махсус дар иртибот ба ин масъала гузаронида шуда истодааст ва ин корҳо дар зери назорати ҷиддии мо ҳаст…»
Таблиғи «беиҷоза» дар байни ноболиғон
Ба гуфтаи ҷаноби Салимов, таблиғ ва даъвати ноболиғон ба масҷид аз сӯйи имом-хатибону уламои дин дар бисёре аз шаҳру навоҳии минтақаҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб роҳандозӣ шудааст. Вай афзуд, ҳамчунин мавориди дар манзили зист таълими исломӣ гирифтани кӯдакон дар иддаое аз навоҳии минтақа ба мушоҳада расидааст, ки ба онҳо афроде, ки иҷозатномаи махсуси муассисаҳои расмии динӣ ва маориф надоранд, бар асоси барномаҳои номуайяни таълимӣ дарс мегӯянд.
Ва аммо Эшони Саидҷони Собитзода, раиси шӯрои уламои вилояти Хатлон, мегӯяд, имом-хатибон ва донишмандони ислом, ки узви шӯрои уламои минтақа ҳастанд, ҳамагӣ афроди таҳсилдида буда ва умури махсус ё ғайриқонунии таблиғотӣ барои ҷалби кӯдакон ба ибодат дар масоҷид намебаранд. Вай афзуд:
«Мо кӯдаконро биё намегӯем. Мо ҳамон вақт ба онҳо иҷозаи вуруд ба масҷид медиҳем, ки дарсашонро хонанд, баъд биёянд. Мо мадрасаи занонаи қонунӣ дорем, ки 8 сол боз фаъолият мекунад. Мадрасаҳои мутавасситаи қонунӣ дорем. Духтарон ва писарон,
бо иҷозат ва розигии волидонашон, вақте ба 16-солагӣ расиданд, пас аз дарёфти шаҳодатнома дар бораи хатми синфи 9-и мактаб, барои таҳсил дар ин мадраса метавонанд биёянд. То вақте, ки ман зиндаам, фаъолият дорам дар вилояти Хатлон, ягон муллои расмии мо гумроҳ намешавад. Ҳамкорӣ кунем, муллоҳоро танқид накунед…»
Ҳарос аз масҷидравии кӯдакон
Бо ин ҳама иддае аз кормандони идораҳои давлатӣ ишора мекунанд, ки афзоиши мизони равуои кӯдакон ба масҷид ва суханрониҳои воизон дар пай ҳадафҳои дигаргунсозии сохти давлатдориро дорад, натанҳо тоату ибодат. Майрамбӣ Ғафурова, як корманди масъули ҳукумати вилояти Хатлон, дар ин иртибот дар нишасти мазкур гуфт:
«Ҳамин Хоманаӣ, раҳбари Эрон, табаддулот ё инқилоб дар кишварашро асосан бо дасти кӯдакон анҷом дод. Тарбияи диниро аз кӯдакистон сар кард. Ана ҳамин хеле, ки ҳоло вазъ дар Тоҷикистон аст, кӯдаконро дар тамоми Эрон, вилоятҳои он кишвар, ба гурӯҳҳо ҷудо карданд, масҷид роҳӣ мекарданд, дар хона тарбия медоданд. 17 сол баъд 20 ҳазор кӯдакро дар миён монд , «Ҷиҳод барои ислом, шумо биҳишт меравед!». Ҳамон «зоғҳои сияҳ» пайдо шуданд, ба сари занон ҳиҷобро пӯшонданд, мамлакати исломӣ эълон карданд. Акнун рӯирост гӯем, ки мақсади баъзе аз ҳамон ашхосе, ки имрӯз пайдо шудаанд, мамлакати исломӣ сохтани Тоҷикистон аст. Аммо мо кишвари соҳибистиқлолу демократию дунявӣ дорем. Дар чаҳорчӯбаи қонун, ки дин аз давлат ҷудо аст, бигузор фарзандон, агар намоз мехонанд, дар хона хонанд, дину мазҳабро дар хона омӯзанд. Аммо чаро фарзандони мардумро ин хел тарбия мекунанд? Бояд ба падару модари кӯдакон гӯянд, ки фарзандатонро баред, дар хона тарбияи динӣ диҳед…»
Назари мардум
Ва аммо на ҳама сокинони маҳаллӣ ба ин иддао ва пешниҳоди мақомот дар бораи манъи вуруди ноболиғон ба масоҷид мувофиқ ҳастанд. Муҳаммадӣ Абдуллоев, як сокини маҳаллӣ мегӯяд, ӯву фарзанди мактабхонаш фаризаҳои ислом, аз ҷумла тоату иботаро анҷом медиҳанд ва талаби мақомот барои манъи вуруди кӯдакон ба масҷид, хилофи қонунҳои исломӣ ва кишвари демократӣ мебошад:
«Писари ман дар мактаб хуб таҳсил мекунад. Мо ҳамеша назорат мекунем. Аммо вай намозашро ҳам мехонад. Ин хел баҳонаҳо, ки дар вақти дарс ба масҷид нараванд, асос надоранд, зеро дарсҳояш соати 12-12:30 тамом мешавад, ки вақти намоз нест. Намози рӯзи ҷумъа дар масоҷиди ҷомеъ фарз аст, бояд монеа насозанд. Гузашта аз ин, ҳоло вақти дарс нест, мактабхонҳо таътил доранд. Фикр мекунам, ин ҳама корҳо бо ҳадафҳои дигаре анҷом мешавад…»
Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, дар воқеъ интизор шудан мумкин буд, ки дер ё зуд мақомоти вилояти Хатлон ҳам аз чунин як тадобири манъкунандаи вуруди ноболиғон ба масҷидҳо кор хоҳанд гирифт, чун дар ду соли қабл мақомоти шаҳрдории Душанбе ва вазоратҳои фарҳангу маориф барои рафтани кӯдакони то 16-сола ба масҷидҳои пойтахти кишвар монеъ шуда буданд. Аммо ҳоло дар пойтахт ин гуна маҳудсозиҳо ба мушоҳада намерасад.