Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти норавшани 200 миллион доллари Роғун


Бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон омода нестанд, ки ҳудуди 200 миллион доллари ҷамъшуда аз фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғунро ба даст оварда, ба муомилот бигузоранд.

Ин дар ҳолест, ки бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон барои ғанисозии сандуқи қарздиҳии худ аз бонкҳои хориҷӣ ва Бонки миллӣ қарз мегиранд.

Пас суоле матраҳ аст, ки ба чӣ далел бонкҳои кишвар намехоҳанд пулҳои ҷамъшуда аз фурӯши саҳмияҳои Роғунро истифода баранд?

Фоизҳои гарони Вазорати молия

Ба гуфтаи бархе аз коршиносон, бонкҳо аз фоизи баланди қарзҳои Вазорати молия метарсанд. Аммо бархи дигари коршиносон бар инанд, ки бонкҳо аз нотавонии худ ва дар мавриди зарурӣ баргардонида натавонистани ин қарзҳо дар ин кор худдорӣ мекунанд.

Баҳром Шарифов, коршиноси умури бонкӣ, далели дигари худдории бонкҳо аз маблағҳои нерӯгоҳи Роғунро чунин тавзеҳ дод: «Маблағҳое, ки бонкҳои тиҷоратӣ феълан дар гардиш дорад, нисбат ба талабот зиёд аст. Ва ба ҳамин далел бонкҳои тиҷоратӣ дар ҳоли ҳозир ба пулҳои ҷамъшуда аз фурӯши саҳмияҳо ниёз надоранд. Ба ҳамин хотир аз ширкат дар музоядаҳои Вазорати молия даст кашидаанд».

Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 200 миллион доллар аз фурӯши аз саҳмияҳо дар хазинаи Вазорати молия қарор дорад. Ва бархе аз киршиносон ин маблағро «капитали мурда» унвон кардаанд. Ба ин далел, ки ин 200 миллион доллар аз гардиш ё муомилот бозмондааст.

Комиссиюни ҷамъиятӣ дар рӯи когаз

Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон барои шаффофияти ҷараёни фурӯши саҳмияҳо ва масрафи ин маблағҳо дар моҳи апрели соли ҷорӣ комиссиюни ҷамъиятӣ ташкил карда буд. Ҷуз Масъуд Собиров, раиси бахши иқтисоди Донишкадаи иқтисод ва узви ин комиссиюн, дигар аъзои он ҳозир нашуданд, ки дар бораи сарнавишт ва масрафи ин пулҳо бо радиои Озодӣ сӯҳбат кунанд.

Масъуд Собиров гуфт, ки ин комиссиюн пас аз ташкилшавӣ фаъол нест. Дар ҳоле, ки тибқи аснод, ин комиссиюн моҳе як бор бояд масъалаи масрафи пулҳои нерӯгоҳи Роғунро баррасӣ кунад.

Масъуд Собиров қаблан пешниҳод карда буд, ки барои масрафи пули ба даст омада аз фурӯши саҳмияҳо як бонки ҷадид бо номи Энергобонк ташкил шавад ва ба ҳамин шева ин пулҳо дар муомилот қарор бигиранд. Ҷаноби Собиров дар ҳоли ҳозир низ чунин назарро ҷонибдорӣ мекунад.

Вай гуфт: «Ин 200 миллион доллар бо ном дар ихтиёри вазорат аст. Дар асл пора-пора дар бонкҳо маҳфуз аст. Кӣ тазмин медиҳад, ки ин пулҳо аллакай дар гардиш нестанд?»

Зарари аҷала дар фурӯши саҳмияҳо

Ба гуфтаи профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, агар давлат ҳамон тавре, ки коршиносон тавсия дода буданд, дар фурӯши иҷбории саҳмияҳо талошу аҷала намекард, ин 200 миллион доллари мардум дар муомилот метавонист ба мардум даҳҳо миллион доллари дигар фоида биёрад.

Масъуд Собиров низ ба ҳамин назар аст. Вай гуфт, ки аҷалаи давлат дар фурӯши иҷбории саҳмияҳо ба нокомӣ дар иқтисод боис шуд. Ҷаноби Собиров афзуд: «Бубинед, рушди иқтисод поён омад. Корхонаҳои хурде, ки маҷбуран саҳмия хариданд, аз рушд бозмонданд. Бархе аз онҳо варшикаста шуд. Бозори тиҷорат коста шуд. Тиҷорати мардум окҳиш ёфт ва тавони харидории мардум заиф шуд».

Дар сурате ки бонкҳои тиҷоратӣ омода нестанд, пулҳои ҷамъшуда аз фурӯши саҳмияҳоро ба муомилот бигзоранд, пас сарнавишти пулҳои мардум ва саҳмияҳои онҳо, ки бояд ба дорандагони саҳмияҳо фоида биёрад, чӣ хоҳад шуд?

Пешниҳоди ташкили бозори саҳмияҳои Роғун

Масъуд Собиров ба унвони узви комиссиюни ҷамъиятии давлат, гуфт, ягона роҳи нигоҳдорӣ ва кам нашудани қиммати ин пулҳо ивази он ба арзи хориҷӣ ва ташкили бозори дуввумдараҷаи харидуфурӯши саҳмияҳо дар бозори молист.

Вале бархи дигари коршиносон баид медонанд, ки давлат дар бораи афзун кардани 200 миллион доллари саҳмияҳои Роғун иқдоми ҷиддӣ кунад. Ба ин далел, ки норавшанӣ ва беназмӣ дар бозори саҳҳом ва кундии фаъолияти комиссиюни ҷамъиятӣ ба нафъи Вазорати молия ва давлат аст. Ва дар мавриди масрафи ин пулҳо ҳарчиро раво бинанд, ҳамонро хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG