Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаққи нобаробари зан ва мард ба замин


Тадқиқоти гендерии замин ва истифодаи он дар Тоҷикистон, ки аз сӯи созмони ЮНИФЕМ - бунёди занони СММ, сурат гирифтааст, нишон додааст, ки дар қонуни замини Тоҷикистон масоили баробарии ҷинсӣ сарфи назар шудааст.

Аз ин хотир созмонҳои байнулмилалӣ ва коршиносон мегӯянд, ворид кардани тағйироту иловаҳо ба қонуни замин зарур аст. Ин дар ҳолест, ки тибқи як қарори ҳукумат тарҳи нави кодекси замин то моҳи сентябри соли равон таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод хоҳад шуд

Ҳуқуқи камтар аз мард

Соҳибкорон ва деҳқонзанони тоҷик, ба сурати умум занон, дар ҷомеаи Тоҷикистон дар масъалаи дастрасӣ ва соҳиб шудан ба замин ва бар ивази гарав гирифтани замин ҳуқуқи баробар бо мардонро надоранд.

Саида Бобоназарова, як сокини 47-солаи ноҳияи Ғозималик, мегӯяд, пас аз ҷудо шудан аз шавҳараш натавонистааст, ки ба як порча замини назди ҳавлӣ соҳиб шавад. Зеро додгоҳ бештар ҳуқуқи мардро ҳимоя намудааст. Ҳоло вай сабзиҷоту меваро аз бозор харидорӣ мекунад. Қаблан ин ҳамаро аз замини назди ҳавлиаш ба даст меовард.

Вилоят Мирзоева, раиси бахши Тоҷикистонии ЮНИФЕМ ва ҳамоҳангсози барномаи «Зан ва замини» СММ, мегӯяд, пажӯҳише, ки созмони онҳо дар шаҳру навоҳии мухталифи Тоҷикистон доир кардаанд, бозгӯи он аст, ки кодекси замини Тоҷикистон ҳуқуқҳои шаҳрвандии занонро ба таври кофӣ ҳимоят намекунад.

Замин – моли мард?

Вилоят Мирзоева мегӯяд дар кишваре мисли Тоҷикистон, ки як сарзамини аграрӣ буда, даромади бахши аъзами мардуми деҳот аз ҳисоби замин ба даст меояд, занон ба замин дастрасӣ надоранд ва замин моли мард ҳисоб мешавад. Ва ҳангоме, ки зану мард аз ҳам ҷудо мешаванд, дар аксар мавридҳо заминро мард соҳиб мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки беш аз 70 дарсади корҳои сангинро дар замин занон анҷом медиҳанд.

Хонум Мирзоева афзуд: «Мо чандин сол аст, ки ба ҳамин масъала сару кор дорем ва кӯшиш мекунем, ки каме ҳам бошад ҳам зан ва ҳам мардони деҳот ҳуқуқҳои худро дар ин самт бишносанд. Ва мо вохӯриҳо мегузаронем, иттилооти зиёдро дар ихтиёри онҳо мегузорем.»

Бино ба омори ЮНИФЕМ, дар муқоиса ба солҳои қабл вазъият дар ин самт то андозае рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Тайи панҷ соли ахир шумори сарварони зан дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ аз 2700 то ҳудуди 3800 нафар афзоиш ёфтааст. Вале, мегӯяд ӯ, ин рақам ночиз аст ва теъдоди занҳо нисбати мардҳо ба маротиб камтар аст.

Дасти кутоҳи зан дар ҷомеаи Тоҷикистон

Соҳибназарон мегӯянд, мутаассифона, на танҳо кодекси замин, инчунин кодекси оила низ, ба ислоҳот ниёз дорад. Зеро он низ дасти занро аз дороӣ ва моликияте, ки баробари шавҳар ҷамъ овардааст, кутоҳ нигоҳ медорад. Махфират Шокирова, корманди кумитаи давлатии занони Тоҷикистон, бо нигаронӣ аз вазъи занони деҳоти кишвар мегӯяд:

«Хуб буд, агар ҳаққу ҳуқуқи зан аз ҷониби қонун ба таври воқеӣ дифоъ а мешуд. Чунки бисёрии занҳо ҳангоми аз шавҳар ҷудо шудан, бе ягон сарват ва моликият мемонанд. Ин ҳатто аз нигоҳи шариат низ дуруст нест. Тибқи никоҳи мусалмонӣ, ҳамон маҳре, ки мард ба зан мебахшад, даст доштани зан ба сарвату дороии вайро нишон медиҳад».

Занони беҷуръат

Ва аммо Акрам Қаҳҳоров, директори корхонаи «Марказ Замин», бар ин назар аст, ки яке аз сабабҳои аслии дастрасии ками занон ба замин камҷуръатии худи онҳост. Вай мегӯяд, аксари занони деҳот, агарчӣ дар замин аз мардҳо ба маротиб бештар заҳмат мекашанд, аммо ҳануз ҷуръати соҳиб шудан ба онро надоранд:

«Занҳои мо ҳануз дарки моликияти худ донистани заминро накардаанд. Ба хоҷагиҳо меравем, мепурсем, занҳо мегӯянд, «раис медонад». Охир чаро раис? Раис кист? Ҳамоне, ки шумо ӯро интихоб кардаед, то аз номи шумо намояндагӣ кунад. На инки ҳуқуқи шуморо поймол созад ва ё нодида бигирад. Онҳо метарсанд, ки як рӯз сарвари хоҷагӣ заминро аз дасти онҳо кашида мегирад.»

Ва аммо Барнои Қодирдухт, сардабири ҳафтаномаи «Мино», мегӯяд, ҷуръати ками занон дар ин самт бештар аз он аст, ки онҳо на сарват доранду на дониши казоии ҳуқуқӣ. Ин паҳлӯи занонро мақомоти маҳаллӣ, додгоҳҳо ва сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар аксар мавридҳо бар зарари худи занҳо истифода мекунанд. Занҳо дар баҳсҳои замин аз худ дифоъ карда наметавонанд. Хонум Барно афзуд: «Бояд дастрасии занон ба замин баробари мардон дар қонуни замин ба таври возеҳу равшан нишон дода шавад».

Пешниҳоди коршиносон

Коршиносон инчунин чанд омили дигари дастрасӣ надоштани занон ба заминро ном мебаранд, ки маъмултарини онҳо молиёт ва ё фоизи баланди андозҳо аз қарзҳои бонкӣ мебошад ва ҷуръати занонро дар ин самт кам мекунад.

Бо назардошти мушкили занони тоҷик коршиносон ва намояндагони созмонҳои байналмиллӣ пешниҳод кардаанд, ки ҳангоми бастани шартнома барои гирифтани замин ҳаққи зан низ ба инобат гирифта шавад. Пешниҳоди дигар ин аст, ки дар низоми додани қарз барои занон сабукиҳо ё имтиёзҳо ворид карда шавад.

Намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони масоили ҳуқуқи башар мегӯянд, агарчӣ дар қонуни замини Тоҷикистон нисбати занон хушунате ба назар намерасад, вале ҳуқуқҳои баробари онҳо бо мардон ба инобат гирифта нашудааст.

Бино ба омори ЮНИФЕМ - барномаи занони СММ, дар ҳоли ҳозир 11 дарсади занони Тоҷикистон ба замин, ҳамчун моликият ва манбаи даромад, дастрасӣ доранду халос.
XS
SM
MD
LG