Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама хостори ислоҳоти сиёсати муҳоҷиратии ИМА шуд


Барак Обама раисиҷумҳури Амрико зимни суханрониаш дар бахши хадамоти байналмилалии Донишгоҳи Амрикои Вошингтон ба ислоҳот дар сиёсати муҳоҷиратии ИМА даъват кард.

Ислоҳоти қонунҳои муҳоҷирати аз авлавиятҳои сиёсати Обама мебошад вай ҳамзамон аз кишварҳои ҳаммарзи Амрико хостааст барои пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҷиноятҳои марбут ба маводи муъаддир талоши бештар кунанд.

Вай ба вижа гуфт: “Низом тахриб шудааст. Ва ҳама инро медонанд. Мутаассифона, ислоҳот гаравгони равишҳои сиёсӣ ва ихтилофи манфиатҳои махсус шудааст. Эҳсосоти фарогир дар Вошингтон ки чунин мавзуи муҳиму ҳассосро халалдор мешавад як сиёсати бадест.”

11 миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ

Обама афзуд, ки марзи Амрико дар тӯли даҳсолаҳо рахнаҳое дошт ва дар айни замон дар қаламрави кишвар тақрибан 11 миллион муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба сар мебаранд.

Президенти Амрико гуфт, мушкилро намешавад танҳо бо бунёди девор ва ҷойгузин кардани марзбонон ҳал кард. Ба ақидаи вай ҳукумат уҳдадор аст, ки бехатарии марзро таъмин кунад ва корхонаҳо дар навбати худ бояд барои дидаву дониста истихдом кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҷавоб диҳанд.

Обама афзуд, ки кишвар ба меъёрҳои ягона ниёзманд аст ва аммо ин бидуни ҳамкории намояндагони аҳзоби демократӣ ва ҷумҳурихоҳ дар Конгрес ғайриимкон аст.

Ташдиди қоидаҳои будубоши муҳоҷирон

Ба қариби аёлати Аризона қонуни навро ҷорӣ кард, ки тибқи он истиқомат дар қаламрави ин аёлат бидуни ҳуҷҷатҳои муҳоҷирати қонунӣ ҷиноят шумурда мешавад. Обама гуфт, ки саволи мубрами рӯз ин аст, ки оё миллати Амрико барои қабули қонуни нав ва тасвиби он дар Конгресс ҷасорати заруриро дорад?

Вай афзуд, “аксарияти амрикоиҳо ба афви муҳоҷирони ғайриқонқунӣ бо шубҳа менигаранд. Аммо ҳамзамон онҳо бовар надоранд, ки мешавад 11 миллион муҳоҷирони ғайриқонуниро аз марз берун кард.”

Обама ба он нукта таъкид намуд, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ фарзанд доранд ва ин ҷавонон танҳо баъд аз навиштани ариза ба коллеҷу донишгоҳҳо аз мақоми ғайриқонунии худ огаҳ шуданд. Илова бар ин дар тӯли чандин наслҳо муҳоҷирони ғайриқонунӣ нерӯи асосии бахши кишоварзии Амрикоро ташкил медоданд.

Баҳси қонуни нав дар бораи муҳоҷират

Барои ҳалли ин мушкил, гуфт Обама, пеш аз ҳама бояд бархурди муштарак бо назардошти анъанаҳои таърихӣ ва арзишҳои миллати Амрико таҳия шавад.

Бо вуҷуди ин раҳбари Амрико нагуфт, ки конгрес дар мавриди қонуни нав кай бояд тасмим бигирад ва аксари таҳлилгарон бар инанд, ки эҳтимолан талоши баррасии ин мавзӯъ дар Конгресс қабл аз интихоботи миёнадаврии парлумонии Амрико дар моҳи ноябр сурат хоҳад гирифт.

Қонуни баҳсбарангези муҳоҷиратии Аризона аллакай интиқодҳои ҳамсояҳои Амрико ва ба вижа Мексикаро ба бор овардааст. бама ин қонунро иштибоҳ хонда аз вазорати адлия талаб кард, то ки қонунияти онро баррасӣ намояд. Ин дар ҳолест, ки баъзе аёлатҳои дигар қабули қоунҳои ҳамсонро омухта истодаанд.
XS
SM
MD
LG