Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати комиссари СММ барои кумак ба Қирғизистон


Антонио Гутеррес, комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон
Антонио Гутеррес, комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон

Антонио Гутеррес, комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон, баъди боздид аз маҳали паноҳандагони узбактабори Ӯш ва Ҷалолобод дар вилояти Андиҷони Ӯзбакистон, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба Қирғизистон кумак кунад.

Ба гуфтаи оқои Гутерес, Қирғизистон кишварест, ки қаблан фирориёни зиёдро дар худ паноҳ додааст, вале имрӯз ба кумаки ҷомеаи ҷаҳонӣ ниёз дорад.

Вай мегӯяд, дар ҳамин ҳол мардуми зиёд дар минтақаи ҷануби Қирғизистон ҷои зисти худро аз даст додаанд ва дар хаймаҳо бар сар мебаранд. Ба гуфтаи комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон, бозсозии минтақаҳои зарардида бояд дар мадди аввал гузошта шавад. Вай афзуд, ки вале талоши зиёд ба харҷ бояд дод, ки фоҷеаҳо такрор нашаванд.

Ним миллион осебдидаи нооромиҳо

Оқои Гутеррес мегӯяд, баъди боздид аз минтақаи ҷануб маълум шуд, ки ҳанӯз авзоъ дар Ҷалолобод ва Ӯш нигаронкунанда боқӣ мондааст. Ба гуфтаи комиссари олии СММ, муносибати байни қавмҳо ва бархурди мардуму ҳукумат ба маҷрои қаблии худ ворид нашудааст. Ба таъкиди Антонио Гутеррес, то барқарории субот ва амнияти комил дар ин минтақа вақти зиёд сипарӣ хоҳад шуд. Вай гуфт, ҷомеа, ҳукумат ва васоити ахбор бояд ба мардум ҳақиқати ҳолро баён кунанд, зеро ҳақиқатгӯӣ воситаи тавоност, ки аз идомаи фишору таҳқир ва бумбасти ҳодисаҳо ҷилавгирӣ карда метавонад.

Бино ба суханони ин мақоми СММ, дар ҳамин ҳол шумораи умумии осебдидагони ин даргириҳо, ки ба кумакҳои фаврии созмонҳои байналмилалӣ ниёз доранд, дар маҷмӯъ ним миллионро ташкил мекунад.

Антонио Гетеррес мегӯяд, вале кумакҳои башарӣ аз такрори ҳодисаҳо ё тазйиқу фишори як гурӯҳ болои гурӯҳи дигар ҳаргиз ҷилавгирӣ карда наметавонад. Ба гуфтаи ӯ, ин мавзӯи сиёсист, ки нерӯҳои ҳукумат ва ҳам нерӯҳое, ки аз роҳи байналмилалӣ дар ин кор мурофиқат карда метавонанд, дар барқарории сулҳу субот метавонанд мусоидат кунанд.

Эрик Шварс, ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури фирориён ва муҳоҷират, ки ҳамзамон дар радифи Антонио Гетеррес ба минтақаи ҷануби Қирғизистон сафар кардааст, рӯзи чоршанбе бо Роза Отунбоева, раисиҷумҳури Қирғизистон ва ноиби аввали ӯ Алмосбек Атамбоев дидору мулоқот кардааст.

Ваъдаи Амрико баро кумак ба Қирғизистон

Ба гуфтаи Эрик Швар свай аз номи Ҳилларӣ Клинтон, вазири хориҷаи Амрико ва мардуми кишвараш ҳукумати муваққати Қирғизистон ва мардуми ин кишварро итминон медиҳад, ки Амрико дар мавриди барқарории сулҳ ва оштии тарафҳои даргир кумакҳои худро дареғ намедорад.

Ёвари вазири хориҷаи Амрико Эрик Швар мегӯяд, дар ҳоле ки кишвараш ба Қирғизистон кумакҳои зиёди молӣ кардааст, ҳамзамон донори асосӣ барои созмонҳои зиёди байналмилалӣ аст, ки дар ин шароит барои Қирғизистон кумакҳои моливу башарӣ мерасонанд.

Эрик Шварс дар пай перомуни ҳамапурсии 27-уми июн дар Қирғизистон низ ибрози назар кард. Ба гуфтаи ӯ дар фазои сулҳу субот баргузор шудани ин ҳамапурсӣ бори дигар ҷомеаи умумбашариро огаҳ намуд, ки Қирғизистон ва ҳукумати ин кишвар аз роҳи демократия пеш мераванд.

Ба гуфтаи ин мақоми амрикоӣ, дар арзёбии он ки дар ин ҳаводис масъулият бар дӯши кӣ хоҳад буд, бояд эҳтиёткорӣ кард. Вай гуфт, дар ин даргириҳо мардуми зиёд кашида шудаанд, вале ҳақиқат рӯзе ошкор хоҳад шуд. Ба ақидаи Эрик Шварс дар таҳқиқи ин ҳодисаҳои хунин ширкати муҳаққиқони байналмилалӣ ногузир аст.

Эрик Шварс дар ҷараёни ин сафар бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ низ дидору мулоқотҳо анҷом дод.
XS
SM
MD
LG