Виктор Иванов, раиси Хадамоти назорат бар маводи мухаддири Русия, баъд аз мулоқоти худ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфт: «Мутаасифона, Афғонистон дар ин авохир на танҳо дар истеҳсоли ҳероин, балки дар истеҳсоли марихуан ва канабис низ аз Марокаш пешӣ гирифта, мақоми аввал дар ҷаҳонро ишғол кардааст».
Ин мавзӯъ ва ҳамчунон масъалаи ҷилавгирӣ аз интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба минтақа фардо дар иҷлоси Шӯрои ҳамоҳангсози мубориза бо маводи мухаддири Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Душанбе баррасӣ хоҳад шуд.
Изҳори хушнудии Иванов аз ҳамкорӣ бо мақомоти Тоҷикистон
Генерал Иванов аз ҳамкорӣ бо мақомоти амниятӣ, интизомӣ ва Оҷонси назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон дар амри ҷилавгирӣ аз қочоқи мухаддирот изҳори хушнудӣ кард.
Ин дар ҳолест, ки қаблан генерал Иванов дар як нишасти хабарӣ дар Маскав гуфта буд, баргаштани нерӯҳои Русия ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба нафъи амният дар минтақа ва мубориза бо маводи мухаддир хоҳад буд.
Ӯ дар посухи ин суол, ки то куҷо ин масъала дар мулоқотҳои ӯ бо мақомоти Тоҷикистон матраҳ буд, гуфт: «Ман гуфта наметавонам, ки дар ин замина гуфтушунидҳои фаъолона идома дорад. Вале мусаллам аст, ки ин масъала дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дорад. Ин масъала бештар ба хадамоти марзбонии ду кишвар рабт дорад. Ва ҳалли ин масъала низ ба иродаи раҳбарони ду кишвар бастагӣ хоҳад дошт».
Дар мавриди бозгашти эҳтимолии нерӯҳои русӣ ба марзҳои Тоҷикистон андешаҳо мухталиф аст.
"Ба нерӯҳои русӣ ниёз надорем"
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон дар ин бора мегӯяд: «Мо ба ин эҳтиёҷ надорем. Вале нигарониву манфиати Русия аз баргаштан ба марзҳои Тоҷикистонро хуб мефаҳмем. Вале ман итминон надорам, ки аз омадани ҳар гуна нерӯи бегона ба марзи мо, ҳаҷми қочоқи маводи мухаддир кам шавад».
Аммо генерал Иванов дар ҷамъи хабарнигорон ҳамчунин афзуд, ки Русия ба Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.
Бобоҷони Шафеъ, корманди маркази матбуоти Оҷонси назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, ки иддаоҳои Русия дар мавриди ин, ки гӯё пас аз рафтани нерӯҳои русӣ тақвияти марз заъиф ва ҷилавгирӣ аз қочоқ камранг шуда бошад, воқеӣ намедонад.
Ӯ мегӯяд: «Ин далелҳо асос надорад. Баръакс, пас аз хуруҷи нерӯҳои марзбони Русия мубориза бо қочоқ дар марзҳо тақвият шуд. Ва оморҳо гувоҳи он аст, ки марзбонони мо бештар маводи мухаддир кашфу мусодира кардаанд. Ва дар нигаҳдории марз низ марзбонони мо мушкил надоранд».
Пас ин суол матраҳ аст, ки нигаронии аслии Русия аз чист? Аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва ё аз бесуботиҳои рӯ ба густариш дар Афғонистон ва хатари Толибон ба минтақа?
Виктор Иванов, раиси Хадамоти мубориза бо маводи мухаддири Русия ба ҳардуи ин далелҳо таъкид кард ва гуфт, ки афзоиши қочоқ метавонад ба манфиати гурӯҳҳои тундрав ва терорист воқеъ шавад.
Вале ба гуфтаи Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, дар баргашти нерӯҳои марзбонии Русия ба Тоҷикистон, бештар манфиати Русия матраҳ аст.