Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайомадҳои душаҳрвандии Тоҷикистону Русия


Дар шаҳри Сочии Русия музокироти панҷуми гурӯҳи кории Русияву Тоҷикистон барои амалӣ намудани мувофиқатномаи байни ду кишвар дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон идома дорад.

Ҳадаф аз баргузории музокирот ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҳарду кишвар ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ аст. Яке аз мавзӯъҳои мавриди баҳс созишномаи душаҳрвандии Русия ва Тоҷикистон аст.

Тоҷикистон ва Русия соли 1995 барои содда кардани раводид ва додани имтиёзи ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони худ дар қаламрави ҳарду кишвар созишнома душаҳрвандӣ имзо карданд. Маҷлиси Намоядагони Тоҷикистон ин санадро ҳамон сол ва Думаи давлатии Русия ин созишномаро соли 2006 тасдиқ кард. Татбиқи қонуни мазкур ҳамон сол шурӯъ шуд ва ҳоло шаҳрвандони ҳар ду кишвар дар қаламравҳои якдигар аз мақоми душаҳрвандӣ бархӯрдоранд.

Ҷумъабой Сангинов, вакили Маҷлиси Намояндагон, мегӯяд, ки имзои созишномаи душаҳрвандӣ бо Русия талаби давр буд ва тобиши сиёсӣ дошт. Ба гуфтаи ӯ, ҷанги шаҳрвандӣ, паҳну парешон шудани шаҳрвандони кишвар ва зарурати ҳимояти онҳо дар Русия Тоҷикистонро ба имзои қарордоди душаҳрвандӣ бо Русия водор сохт. Ҳоло, ба гуфтаи Ҷумъабой Сангинов, кишварҳо аз созиши душаҳрвандӣ канораҷӯӣ мекунанд, мисли Туркманистон, ки ин кишвар соли 2003 созишномаи душаҳрвандиро бекор кард:

«Ҳама гуна танзими ҳуқуқӣ, хусусан байни давлатҳо, сатҳи эътироф дорад. Сатҳи аввал ин аст, ки созишнома аз тарафи Думаи давлатии Русия 95 дарсад риоя шуд. Сатҳи дуввум татбиқи муқаррароти созишномаҳо вобаста ба масъулияти мақомоти мухталиф аст. Хусусияте, ки метавонад сифати риоя шудани онро зери суол гузорад. Мутаассифона, амалҳое ҳаст, ки бештар аз тарафи мақомоти масъул сурат мегирад, яъне нисбати шаҳрвандони муҳоҷири Тоҷикистон, ки душаҳрвандӣ доранд, вале боз ҳам ба мушкил рӯбарӯ ҳастанд».

Тоҷикистон танҳо бо Русия созишномаи душаҳрвандиро имзо кардааст. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд ҳамзамон шаҳрвандии Русияро соҳиб шаванд, бояд дар қатори шиносномаи Тоҷикистон шиносномаи алоҳидаи Русияро соҳиб шаванд. Дар Тоҷикистон шаҳрвандон имкон доранд, ки шиносномаи шаҳрвандии Русияро аз Вазорати корҳои хориҷӣ, шӯъбаи шиносномадиҳии Вазорати корҳои дохилӣ, сафорати Русия дар Тоҷикистон ва консулгарии федеролии Русия дар Суғд дастрас кунанд.

Бурди Русия ва бохти Тоҷикистон

Аз сӯи дигар, коршиносони тоҷик мӯҳтавои ин созишномаро на ба манфиати сиёсати миллии Тоҷикистон, балки ба фоидаи сиёсати демографии Русия шарҳ медиҳанд.

Саймуддин Дӯстов, таҳлилгари масоили сиёсӣ, бар ин назар аст, ки ба тасвиб расидани созишномаи душаҳрвандӣ маҳсули вазъи сиёсии он солҳост ва аз номуваффақ будани сиёсати хориҷии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Ба ин далел, ки он вақт маъмурияти сиёсати хориҷии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон натавонист зербинои афзалиятҳои сиёсати хориҷиро бар пояи манфиатҳои миллӣ тарҳезӣ кунанд:

«Давлати Тоҷикистон ва ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон стратегияи миллии идораи як раванди хеле ҳам мушкили мухоҷирати кориро аслан надоштанд ва чунин як қонун қабул шуд ва сад дарсад бар зидди манфиатҳои миллии Тоҷикистон равона шудааст. Ва он аслан аз мӯҳтавои сиёсати Русия дар масоили демографӣ бармеояд ва ҳадафи асли ин ҳазм намудан ва ба худ гирифтани 35 ҳазор шаҳрвандони ҷавони Тоҷикистон дар ҳар сол мебошад. Русия дар ин ҷода тақрибан ҳамасола 70-80 дарсад муваффақ аст.»

Оғои Дӯстов меафзояд, ки тибқи омори ғайрирасмӣ то 200 ҳазор табааи Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро пазируфтанд. Онҳо дар ҷомеаи Русия ҳазм шудаанд ва дигар ба Тоҷикистон барнамегарданд. Коршинос мегӯяд, ин амал барои бахши демографии Русия таъсири мусбат мегузорад, аммо Тоҷикистонро аз нирӯи корӣ ва зеҳнӣ маҳрум мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки муҳоҷирати корӣ ва доимӣ мувозинати шумори занону мардҳо дар ҷомеаро ба ҳам зада, бисёр оилаҳоро нокомил кардааст.

Омили фишор ба Тоҷикистон

Нуқтаи дигар, ки дар доираҳои сиёсӣ бештар баҳс мешавад, доктринаи ҳарбии Русия аст, ки ба мақомоти кишвар ҳақ медиҳад барои ҳимояи шаҳрвандонаш дар ҳар кишваре амалиётҳои ҳарбӣ пиёда кунад.

Саймуддин Дӯстов бо ишора ба ин муқаррароти қонуни Русия мегӯяд, ки дар минтақаҳои Суғд ва Бадахшони Тоҷикистон теъдоди шаҳрвандони дорои мақоми душаҳрвандӣ доранд, зиёд аст. Ҳарчанд ҳукумат дар ин робита оморе нашр накардааст. Коршинос ин эҳтимолро соқит намекунад, ки Русия рӯзе душаҳрвандиро ҳамчун омили фишор бар Тоҷикистон истифода мекунад.

Русия аз кишварҳоест, ки бахши аъзами шаҳрвандони Тоҷикистон нисбати дигар кишварҳои пасошӯравӣ дар онҷо кору зиндагӣ доранд. Ва гуфта мешавад, ки имрӯз дар бозори меҳнатии Русия беш аз 1 миллион муҳоҷири кории тоҷик аст.

Тоҷикони «русшуда»

Назира Каримова, ки феълан бо хонаводааш дар Маскав зиндагӣ дорад, мегӯяд, ки 5 сол мешавад, ки ӯ бо ҳамсараш асноди душаҳрвандиро соҳиб шуданд. Хонум Назира меафзояд, ки шавҳараш табиб аст ва бо пош хӯрдани Шӯравӣ солҳои навадум аз Тоҷикистон хориҷ шуда соли 2004-ум шаҳрвандии Русияро пазируфтааст. Худи ӯ соли 2005 дар Тоҷикистон шиносномаи шаҳрвандии Русияро гирифтааст.

Назира мегӯяд, ки солҳои аввал бе асноди душаҳрвандӣ зиндагиашон мушкил буд, касе онҳоро ба кор намегирифт. Аммо баъди гирифтани шиносномаи душаҳрвандӣ мушкили онҳо то ҷое ҳал шудааст:

«Баъди гирифтани шаҳрвандии Русия ҷойи кор меёбам. Вақте шиносномаи шаҳрвандии Русияро нишон медиҳӣ, мушкил нест. Вале онҳое, ки шиносномаи шаҳрвандии Русияро надоранд, мушкилоташон зиёд аст. Ҳатто хешутабори ман борҳо ба ин мушкилот рӯ ба рӯ шуда, аз мо кӯмак хостаанд.»

Ҳамсӯҳбатҳо мегӯяд, ки ҳарчанд онҳо аз маҷбурият зиндагӣ дар Русияро ихитиёр кардаанд, аммо аз он нигарон, ки фарзандонашон бештар ба шаҳрвандии Русия майл доранд. Ва ҳатто забон ва урфу одатҳои миллати дигарро ҳазм карда истодаанд. "Фарзандон мебинанд, ки зиндагӣ дар куҷо беҳтар аст, дар куҷо ҷойи кору маоши хуб медиҳад ва онҳо ҳамонҷоро ватан мешиносанд», – мегӯяд бо таассуф Назира.
XS
SM
MD
LG