Freedom House, ки равандҳои демократӣ дар 29 кишвари собиқ коммунистиро мавриди муроқибат қарор додааст, таъкид мекунад, ки аз 220 миллион аҳолии мамолики собиқ Шӯравӣ тахминан 80 дар садашон зери фишори ҳукуматҳои худкома ба сар мебаранд.
Ин дидбони мустақили ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар, аз ҷумла, пешрафту камбудӣ дар ҳокимиятдории маҳалливу миллӣ, созмонҳои шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори умум, маъракаи интихобот, ниҳодҳои додгоҳӣ ва фасоди мансабдоронро муроқибат мекунад.
Ба ақидаи муаллифони ин гузориш соли гузашта аз солҳои пешин фарқи бузурге надошт. Freedom House аз таназзули демократия дар Русия фавқулода нигарон аст.
Нигаронии фақулодаи Freedom House аз вазъи Русия
Кристофер Валкар (Christopher Walker) мудири пажӯҳишгоҳи Freedom House дар ин бора мегӯяд: "Дар тӯли даҳ соли гузашта, ки онро метавон давраи ҳукмронии Путин-Медведев номид, ниҳодҳои масъули ҷавобгӯиву шаффофият азият кашиданд. Ин азият ҳам дар давраи рушд ва ҳам дар замони бӯҳрони иқтисодӣ ҷо дошт. Самтгирии умумӣ ва моҳияти он фишор ва рукуди тамоми ниҳодҳои танқидкунанда буд."
Ба гуфти Валкар сарпечии Русия аз равандҳои демократӣ ба кишварҳои дигари собиқ Шӯравӣ асар гузошт.
Freedom House навиштааст, ки сарфи назар аз раҳбарии даврии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар давоми даҳ соли гузашта Қазоқистон дастоварди демократии зиёд барои намоиш надоштааст.
Ба қавли Волкар ҳамин гуна Озарбойҷон ҳам гӯё аз мамолики ҳамсояаш илҳом гирифта, маҳдудияти раёсатҷумҳурии ин кишварро аз байн бурд.
Фишор ба матбуот - яке аз сабабҳои сарнагунии Боқиев
Волкар дар мавриди Қирғизистон мегӯяд, фишор рӯи матбуоти озод, ки баъди инқилоби лолаии соли 2005-ум ба вуқӯъ пайваст, фақат яке аз сабабҳои барканоршавии президент Қурмонбек Боқиев дар баҳори соли равон буд.
"Дар ин давра мо як идда соҳаҳои мавриди ташвишро мушаххас кардем, вале Қирғизистон ҳамоно ҳаркат дар самти манфиро идома дод. Соли гузашта дар арзёбии худ мо чанд нуктаи хеле ва хеле нигаронкунанда ва сабабҳои онро ёд намудем ва дар ҳақиқат соли равон мо шоҳиди рӯ задани ин мушкилиҳо дар шакли хушунатомез гаштем".
Дар ҳамин ҳол Freedom House кишварҳои Украина ва Гурҷистонро ҳамчун намунаи пешрафт ёд намудааст, ки на дар гурӯҳи худкома ва на дар гурӯҳи кишварҳои нима-авторитарӣ шомил нестанд ва аз нуқтаи назари шаффофият дар интихобот, озодии матбуот ва бисёрандешӣ шоини таҳсин мебошанд.