Акнун, ҳеҷ ҷонибе ҷониби дигарро бо ин вожаҳо таъна намезанад ва таҳқир намекунад.
Аммо воқеият нишон медиҳад, ки ҳукумати Тоҷикистон ба мардум мехоҳад таъкид кунад, ки ҷониби сулҳкунандаи дигар, яъне собиқ Иттиҳоди оппозитсиюни тоҷик, дигар вуҷуд надорад ва ҳоло ҳама дар як ҷониб қарор доранд ва мисли ин ки ваҳдати комил ба даст омадааст.
Инро бештар аз ҳама ҳукумати кишвар аз тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ нишон медиҳад. Ҳатто навори телевизионии лаҳзаҳои имзогузорӣ зери Созишнлмаи сулҳ дар таърихи 27 июни 1997 имзогузории лидери собиқи Иттиҳоди оппозитсиюн Саид Абдулоҳи Нурӣ нишон дода намешавад.
Ва дар ҷашни ваҳдати миллӣ дар Бадахшон намояндагони собиқ Ииттиҳоди мухолифини тоҷик ва аксари аъзои Комиссияи оштии милии кишвар аз ҳар ду ҷониб даъват нашудаанд.
Ин вазъ ба сурати умум нишон медиҳад, ки агар ҳукумат аз як тараф мехоҳад бигӯяд, ки ҳоло тамоми мардуми тоҷик бо шумули собиқ намояндагони мухолиин дар як ҷониб қарор доранд, вале ба қавли баъзе аз таҳлилгарон ва чеҳраҳои сиёсии кишвар ҳукумат аз ваҳдати миллӣ мехоҳад сӯистифода кунад ва мехоҳад обрӯи худро боло бибарад.
Бархурди якҷонибаи мақомот
Чунин бархурди як ҷониба ба бузургдошти Рузи ваҳдати миллӣ чеҳраҳои маъруфи сиёсии кишвар аз ҷумла чеҳраҳои шинохтаи собиқ Иттиҳоди оппозитсюнро, ки интизор буданд, ки ба ҷашнгоҳи Рӯзи ваҳдат даъват мешаванд, вале таклиф нашудаанд, аз чунин ранг гирифтани сулҳу оштӣ дилсард кардааст.
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, муовини собиқи сарвазири Тоҷикистон, раҳбари ҳайати ИНОТ дар ҳамаи давраҳои музокироти сулҳи тоҷикон мегӯяд, имрӯз Ваҳдат дар ҷомеъаи Тоҷикистон таъмин нест ва усули ризояти умумӣ зери по шудааст.
Ӯ гуфт, "забонам пеш намеравад, ки мардумро ба рузи ваҳдат табрик кунам".
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода мегӯяд, суханони зиёде дар бораи Ваҳдат гуфта мешавад, аммо худи Ваҳдати воқеъӣ вуҷуд надорад. Ӯ мегӯяд, шикоф дар ҷомеъа, хоса миёни аҳзоби сиёсӣ ва давлат рӯз аз рӯз зиёд мешавад, фишор ба гурӯҳҳои мазҳабӣ афзоиш дорад ва озодиҳои маданӣ маҳдуд мегардад.
Ва ҷавонони зиёде ба баҳонаи узвият дар гурӯҳҳои мазҳабии мухталиф ба зиндон андохта мешаванд. Бархе дигар ба далели таълим додани усулҳои аслии ислом ҷарима мешаванд. Ин ҳама ба эътиқоди ӯ омилҳое мебошанд, ки сулҳу ваҳдатро дар ҷомеа камранг мекунад,вале ҷаноби Тураҷонзода мегуяд, ки аз ин ҳама дилмонда нест ва рузе ҳам фаро мерасад, ки як фазои солим ва комили ваҳдати миллӣ пеш хоҳад омад.
Аъзои КОМ низ фаромӯш шуданд
Комиссияи оштии миллии Тоҷикистон ки беш аз дуним сол фаъолият намуд, бо чаҳор зеркомисия худ талош намуд, то ҳадде бандҳои Созишномаи сулҳро татбиқ кунад. Аммо аксари аъзои фаромӯш шудаанд ё аслан ба ҷашгоҳи Бадахшон даъват нашудаанд.
Мо дар шаҳри Душанбе яке аз аъзои Комиссияи оштии собиқ Кароматуллоҳ Олимовро пайдо намудем, ки дар як ҳамоиши кӯчак ба муносибати рузи Ваҳдат ширкат дошт.
Ҷаноби Олимов мардуми кишварро ба ин муносибат табрик кард ва махсус номи прзиденти Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари собиқи Иттиҳоди мухолифин, раиси Комиссияи оштии миллӣ, Саид Абдулоҳи Нуриро ба забон овард, ки дар роҳи ба даст овардани сулҳ нақши калидӣ доштанд.
Кароматуло Олимов гуфт, онҳоеро табрик мекунад, ки имруз ба қадри сулҳу ошти миллӣ мерасанд.
Ба қавли таҳлилгарон, гузоришҳои расонаҳои давлатӣ аз ҷумла шабакаҳои телевизионӣ ба ҳаде як ҷониба ҳастанд, насли баъди ҷанг бо тамошои ин наворҳо бо тааҷҷуб суол медиҳад, ки Ҳукумати Тоҷкистон бо кадом тараф ҷангидааст?
Сулҳ бо кӣ?
Эмомалӣ Раҳмон бо кӣ сулҳ кардааст? Созишномаи сулҳ миёни киҳо сурат гирифтааст? Ва суолҳои дигари ба ин монандро медиҳад.
Саъдӣ Юсуфӣ, таҳлилгари умури иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, дар воқеъ расонаҳои давлатӣ ва бархе мақомот дар арзишёбӣ ва баҳогузорӣ ба Сулҳи Тоҷикистон адолатро риоя намекунанд.
Ва тамоми дастоварди сулҳу ваҳдатро ба як ҷониби даргир ва сулҳкунанда нисбат медиҳанд.
Ба сурати умум мусоҳибони мо мегӯянд, ки эҳтироми тамом гузоштан ба сулҳ метавонад дар кишвар як ҷомеаи солими шаҳвандиро ба вуҷуд орад
Суистифода аз Рузи ваҳдат танҳо эътимоди неруҳои созандаро камранг мекунад.