Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Вуруди Русия ба WTO бар нафъи Амрикост


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, гуфт, Русия дар самти касби ҳимояти пурраи Амрико барои ҳамроҳ шудан ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат саъй мекунад. Аммо Обама зикр накард, ки дигар узви ВТО - Гурҷистон таҳдид кардааст, ки ба узвияти Русия розигӣ нахоҳад дод.

Масоили гӯшти гов ва мурғ

Дар нишасти матбуотии муштарак Барак Обама ва ҳамтои русаш Дмитрий Медведев, ду бонуфузтарин шахси дунё, дар бораи гӯшти гов ва мурғ сӯҳбат мекарданд.

Гӯшти гов барои он ки як шаб қабл аз гуфтушунид Обама бо намоиши меҳмондории Амрикоӣ Медведевро ба тарабхонаи маҳбубтаринаш оварда буд, ки дар онҷо ҳамбургерҳои машҳур мепазанд. Ва мурғ ба хотири он ки дар баробари дигар тавофуқҳо Медведев ваъда дод, ки воридоти маҳсулоти мурғии Амрико ба бозори Русияро иҷозат медиҳад. Ин воридот бо баҳонаи нигарониҳои беҳдоштӣ манъ шуда буд.

Тавофуқи ахир пуштибонии Вашингтон аз вуруди Маскав ба созмони ҷаҳонии тиҷоратро таҳким мебахшад. Созмони ҷаҳонии тиҷорат 95 дарсади тамоми тиҷорати ҷаҳонро дар бар мегирад.

ВТО ба Русия чӣ хоҳад дод?

Президент Обама гуфт, ки Русия аз узвияташ дар созмон мафоди бузург хоҳад бардошт: “Ман ба президент Медведев ва тамоми ҳайаташ аллакай таъкид кардам ва ҳоло мехоҳам ба тамоми мардуми Русия бигӯям, ки ҳамроҳ шудани Русия ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат на танҳо ба манфиати Русия, балки ба манфиати ИМА ва ба манфиати тамоми ҷаҳон мебошад. Ҳамин тавр мо ҳама манфиатдорем, ки ин мушкил роҳи ҳали худро пайдо кунад.”

Вошингтон ба сабаби тақдими имтиёз ва ё, ба истилоҳ, субсидияи ҳукумати Русия ба бахши кишоварзии ин кишвар, назорати нокофии ширкатҳои ҳукуматӣ ва қонунҳои заифи ҳимоят аз моликияти зеҳнӣ ба пуштибонӣ аз ҳамроҳ шудани Маскав ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат майл надошт. Ҳатто баъд аз имзошавии қарордоди дуҷонибаи Созмони ҷаҳонии тиҷорат миёни ин ду кишвар дар соли 2006.

Обама гуфт, музокиракунандагони иқтисодиаш барои аз байн бурдани “мавзӯъҳои мушкили” боқимонда бо ҳамтоёни русашон бо машаққат кор мекарданд. Вай афзуд, ки ҳалли ин мушкилиҳо шояд ба ҳукумати Русия вобастааст. Медведев мавзӯъҳои боқимондаро мушкилиҳои дастидуввум хонда гуфт, ки интизор меравад музокиракунандагон корашонро то охири моҳи сентябр хотима хоҳанд дод.

Мухолифати Гурҷистон

Аммо имкон дорад, ки ҳалли ихтилофҳои дерина бо ИМА кори Русияро осон накунад. Созмони ҷаҳонии тиҷорат 153 узв дорад ва ба тасмим дар бораи қабули узви нав овози ҳар яке аз онҳо аҳамият дорад. Яке аз чунин кишварҳо Гурҷистон аст, ки бо ҳамсояи пархошҷӯи шимолиаш ихтилофи дерина дорад.

Пуштибонии Маскав аз минтақаҳои ҷудоиталаби Гурҷистон - Абхазистон ва Осетияи ҷанубӣ, манъи воридоти шароб ва оби минералии гурҷӣ сабаби хашми деринаи Тифлис мебошад. Дар тӯли солҳо Гурҷистон таҳдид мекунад, ки барои халалдор шудан ба узвияти Маскав дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат аз ҳаққи вето истифода хоҳад кард. Созмони ҷаҳонии тиҷорат гурӯҳеро ба хотири ҳалли баҳси Гурҷистон ва Русия ташкил карда буд, аммо аз он натиҷае ҳосил нашуд.

Моҳҳои охир ба назар мерасад, ки мухолифат ба узвияти Русия дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар Тифлис аз байн рафт. Бино ба иддао, баъд аз шикаст дар ҷанги августи соли 2008 миёни ду кишвар Тифлис мавқеашро тағйр дод.

Аммо Нико Мчедлишвилӣ, раиси дафтари матбуотии нахуствазири Гурҷистон, ба радиои Озодӣ гуфт, ки ягон тағйири мавқеъ ба амал наомадааст: “Дар мавқеи ҳукумат ягон тағйирот ба амал наомадааст. Ҳукумат он чизҳоеро, ки чанд сол пеш гуфта буд такрор мекунад. Дар санадҳое, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳо миёни Русия ва Гурҷистон таҳия шуд ҳатто як нуқта иваз нашуд. Ба ҳамин хотир ҳамаи иддао дар бораи тавофуқи эҳтимолии ҷониби Гурҷистон дар музокирот бо Созмони ҷаҳонии тиҷорат дуруғи маҳз аст.”

Нақши ИМА дар ҳалли масъалаи вуруди Русия ба ВТО

Обама ва Медведев зимни нишасти матбуотӣ дар Вошингтон аз Гурҷистон танҳо як бор ёдовар шуданд ва ин ҳам дар робита ба ихтилофҳои Маскаву Вошингтон атрофи Абхазистону Осетияи ҷанубӣ. Касе аз онҳо дар бораи нақши эҳтимолии Тифлис дар раванди ҳамроҳ шудан ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат чизе нагуфт.

Мақомдорони Русия ошкору возеҳ нишон медиҳанд, ки барои ҳамроҳ шудан ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат ҳимояи пурраи ИМА зарур аст. Мутахассисон ҳадс мезананд, ки агар Русия Созмони ҷаҳонии тиҷорат роҳ ёбад, ин сармоягузорони хориҷиро ангезиш дода, ҳарсола ба Маскав наздик ба 53 миллиард доллар хоҳад овард.

Соли гузашта Игор Шувалов, муовини нахуствазири Русия, эълом дошт, ки узвияти кишвараш қариб пурра ба ИМА вобаста аст. Аксаррияти таҳлигарон бо ин розианд. Андрес Аслунд аз пажӯҳишгоҳи Иқтисоди байналмилалии Петерсони Амрико гуфт: “Мухолифати Гурҷистон мавзӯи дасти аввал нест. Ин мавзӯъро то охир ба ақиб мегузоранд. Мавзӯъҳои асосӣ миёни Амрикову Русияанд. Яке аз ҷонибҳо ниёз дорад то мизро тасвия карда тасмим бигирад, ки инро чи тавр анҷом диҳад. Барои ин музокирот барои баррасии ҷузъиёти техникӣ зарур аст. Муҳим ин аст, ки Амрико ва Русия ба якдигар бовар доранд.”

Талоши Русия барои музокирот бо Тифлис

Бо шарофати азсаргирии муносибатҳо миёни Русия ва Амрико ба назар мерасад, ки эътиқод миёни Вошингтону Маскав солҳои охир дар сатҳи балантаринаш мебошад. Русия аз нақшаи ворид шудан ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар иттиҳод бо Беларусия ва Қазоқистон даст кашид. Қабл аз сафараш ба Вошингтон Медведев аз Селикон велӣ, ё худ маркази фанновариҳои компютерии Амрико дидан карда, гӯё паёме фиристодааст, ки кишвараш ба тағйироти ҷиддии иқтисодаш омода аст.

Аммо мушкили Гурҷистон побарҷо аст. Матю Роянскӣ, муовини раҳбари Барномаи Русия ва Евроосиёи бунёди Карнегӣ, гуфт, имкон аст, ки Медведев мехоҳад Обама ин муамморо ҳал кунад. Хабаргузории Русия - РИА Новости суханони Медведевро иқтибос овардааст, ки гуфтааст, “замоне, ки Гурҷистон соҳиби пешвои нав мешавад, мо барои барқарор намудани робитаҳо аз ҳар як имконият истифода хоҳем бурд.” То он замон шояд Амрико барои ҳалли ихтилофҳо мусоидат хоҳад кард.

Линколн Митчел, профессори Донишгоҳи Коламбия, мегӯяд, ки агар Вошингтон хоҳад, метавонад барои тағйири мавқеаш ба Тифлис имтиёзҳои иқтисодӣ ва ё ягон дигар намуди имтиёзро пешниҳод кунад, аммо шубҳанок аст, ки Вошингтон ба ҳампаймони қафқозиаш таҳдид кунад.

Андрес Аслунд мегӯяд, ки сурохиҳои қоидаҳои ВТО метавонанд ба Русия имкон диҳанд, ки ҳатто бе розигии Гурҷистон ба ин созмон ҳамроҳ шавад. Кишварҳои ВТО дар бораи қабули узви нав бояд ба қарордоди умумӣ бирасанд ва ин аз иттифоқи оро фарқ мекунад.

Бо вуҷуди ин сухангӯи ВТО гуфт, ки кишвари хоҳишманд қабл аз ҳама бояд ихтилофҳояшро бо ҳар як кишвари узв пурра ҳал кунад.
XS
SM
MD
LG