Ибодулло Сайфуллоев, як тан аз мухоҷирони тоҷик, мегӯяд, ҷанги дохилӣ, ки аз ҷониби бегонагон тарҳрезӣ шуда буд ва худи мо низ дар доман задани он бегуноҳ нестем, хатари аз байн рафтани истиқлолияти Тоҷикистонро ба миён оварда буд ва имзо гардидани тавофуқномаи сулҳу ваҳдат қабл аз ҳама истиқлолияти кишварро ҳифз кард.
Вале аз сӯи дигар ағлаби муҳоҷирон, аз ҷумла Наргис - муҳоҷирзани 33-солаи тоҷик, чунин андеша доранд, ки ҳарчанд сулҳу салоҳ шуд, вале ҳама интизориҳои мардум аз ин тавофуқномаи сулҳ ҳосил нагардид. Ба андешаи Наргис, яке аз он хостаҳои мардум ва аз ҷумла хостаи худи ӯ дар Тоҷикистон озодона кору зиндагӣ кардан буду ҳаст, ки онро сулҳу ваҳдат ба пуррагӣ таъмин накард.
Имзои сулҳ ва оғози муҳоҷирати кории тоҷикон
Наргис мегӯяд, агар мардум дар Тоҷикистон маоши миёна медошт, онҳо ба ҷое намерафтанду дар ватани хеш кор мекарданд ва Тоҷикистон рушд мекард. Алъон бошад, ба гуфтаи Наргис, ҳамоно шумораи муҳоҷирон, чи дар байни мардон ва чи занон, дар ҳоли афзоиш аст. Пас чаро таи 20 сол, ки дар ин муддат баъзе кишварҳои пасмондаи ҷаҳон ба дастовардҳои бузурге ноил гардиданд, Тоҷикистон ҳамоно дар сатҳи пасти иқтисодиву иҷтимоӣ боқӣ монд ва зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ наовард?
Бесалоҳиятии ҳукуматдорон
Убайдулло Холов, ки анқариб 16 сол ба ин тараф заҳри ғарибиро мечашад, мегӯяд, ки дар ин маврид қабл аз ҳама ин нокомӣ ва бесалоҳиятии ҳукумати Тоҷикистонро нишон медиҳад, зеро ба андешаи вай, дар Тоҷикистон ҳарчанд пешравӣ нест ва камбудӣ ҳазорҳост, то ҳол ягон вазире ё мансабдори сатҳи боло аз мансаб барканор карда нашудааст.
Убайдулло мегӯяд, «дар Тоҷикистон мансабдоронро аз кор барканор мекунанду баъди каме вақт боз онҳоро ба кори дигаре мемонанд. Одаме, ки як бор аз ӯҳдаи кор набаромад, боз рафта кори дигарро хароб мекунад. Ман ҳайронам, ки дар Тоҷикистон 20 сол аст, ки ягон вазир ё мансабдори калонро ба додгоҳ накашидаанд.»
Ин гуфтаҳоро Нурулло, ном муҳоҷири дигар, низ таъйид мекунад ва меафзояд, алъон вақти ин расидааст, ки дар сари кор шахсони лоиқу арзанда ва мутахассисони варзида бошанд ва ба ҷои мансабдорони дирӯза, ки барои ба чунин сатҳ расидани Тоҷикистон гунаҳкоранд, ҷавононон, намояндагони насли нав , ки дар андешаи рушду шукуфоии Тоҷикистон ҳастанд, сари кор оянд.
Фасод дар Тоҷикистони соҳибистиқлол
Аз сӯи дигар, ба андешаи Нурулло, фасод дар Тоҷикистон басо амиқ реша мондааст ва ин кишвар дар ин масъала ҳоло шабеҳ ба Итолиё ва ҳатто бадтар аз он аст. Вай меафзояд, «дар Тоҷикистон умуман ягон тиҷорат карда намешавад. Ҳамин ки ба ягон тиҷорат сар кардӣ, аз як сӯ корманди андоз меояд, аз он сӯ корманди додситонӣ меояд, аз сӯи дигар корманди милиса меояд. Барои ҳамин халқи мо дар Тоҷикистон намеистад ва ҳамааш сӯи Русияву Қазоқистон ва дигар кишварҳо мераваду дигар ба Тоҷикистон намеояд».
Ағлаби ҳамсӯҳбатони мо, аз ҷумла Наргис, мегӯянд, чун дар Тоҷикистон бо таъсири ин омилҳо мутахассисони варзида ва донишмандон комилан қадр надоранд, ҳама рӯ ба хориҷа овардаанд ва дар кишвар мутахассисони варзида ҳам басо ангуштшумор мондаанд. Ба андешаи Наргис, аз Тоҷикистон рафтани омӯзгорону табибони варзида ва муҳандисону донишмандон басо дардноканд.
Насли камсавод
Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Наргис, ҷанг насли нави бесаводро ба миён овард ва ҳоло садҳо муҳоҷирони тоҷик дар худи Қазоқистон ҳатто хондаву навишта наметавонанд. Ҳамсӯҳбатони мо чунин мешуморанд, ки ҳукумати Тоҷикистонро лозим аст, ки аз шиорбозиҳо даст кашида, рӯ ба иқдоми амалӣ оварад ва барои беҳбуди вазъ ва зиндагии мардум талош кунад, вагарна на танҳо қарзи хориҷии кишвар, балки ин кишварро хатари бештар ва басо ҷиддӣ, ки паоймадаш шояд аз байн рафтани ваҳдати миллӣ ва ҳатто истиқлолияти кишвар низ буда метавонад, интизор аст.