Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсояҳои муътоди Афғонистон


Бино бар гузориши ахири СММ роҷеъ ба тавлид ва истеъмоли маводи мухаддир дар соли 2010, кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла Ҳиндустон, Покистон, Тоҷикистон, Эрон ва Узбакистон 60 дар сади тамоми кӯкнори ҷаҳонро истеъмол мекунанд.

Дафтари СММ оид ба мубориза бо ҷиноёти муташаккил ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳадс мезанад, ки дар саросарӣ ҷаҳон шумораи истеьмолкунандагони кӯкнор 4 миллион нафарро ташкил медихад ва аксари онхо сокинони қораи Осиёанд. Аз хама бештар ҳероинро дар Русия ва Чин истеьмол мекунанд.

Тед Леггет, пажӯҳишгари дафтари СММ оид ба ҷиноятҳои муташаккил ва гардиши гайниқонунии маводи мухаддир гуфт:

“Аксар вақт имконоти интизомии кишварҳое, ки масири қочоқи маводи мухаддир аз онҳо мегузарад, яъне кишварҳои тронзитй, хело заъиф аст. Ин минтақаҳои қашшоқи Амрикои Марказй ва дар вақтҳои охир Африқои Ғарбӣ ва Осиёи Марказӣ аксаран кишварҳои дар ҳоли гузаришанд ё ин ки ҳокимияти қонун дар онҷо хеле заиф аст. Ба ҳамин хотир, дар чунин кишварҳо анборҳои маводи мухаддир ташкил шуда, ин мавод онҷо захира ва нигаҳдорӣ мешавад. Ҳатто дар кишварҳои воридкунандаи маводи мухаддир ва ҳамчунин дар кишварҳои пешрафта, ки миқдори асосии маводи мухаддирро истеъмол мекунаанд, ин мавод аслан дар минтақаҳое паҳн мегардад, ки ақибмонда ва ниҳодҳои интизомияшон заьифанд. Чунин минатақаҳоро бояд ба маҷрои асосӣ баргардонд”.

Леггет афзуд, ки дар шоҳроҳи асосии қочоқи кӯкнор ва ҳероини Афғонистон воқеъ будани кишварҳо, ин худ сабаби мизони баланди истеъмоли маводи мухаддир аз сӯи мардуми ин кишварҳо аст:

“Мушкилиҳо бо маводи мухаддир дар аксари вақт мушкилиҳои маҳалӣ аст, аммо ин мушкилиҳо ба вазъи байналмилалӣ рабт дорад. Аз тавлидкунанда то истеъмолкунандаро бояд ба инобат гирифт, ҳар як узви ин силсиларо бояд бо диққат аз назар гузаронд. Гузориш дар бораи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир нишон медиҳад, алорағми он ки аз қаламрави кишварҳои Балкан ҳар сол тақрибан 80 тонна маводи мухаддир интиқол меёбад, дар ин минтақа болоравии сатҳи истеъмоли маводи мухаддир ва ё ҷиноятҳо марбут ба транзити он мушоҳида намешавад. Аммо дар минтақаҳо назири Осиёи Марказӣ шумо метавонед бинед, ки мизони истеъмоли маводи мухаддир дар масири қочоқи он хело баланд аст”.

Эрониҳо бештар кӯкнор мезананд

Дар гузориш омадааст, ки аҳолии Эрон қариб 40 дар сади кӯкнори ҷаҳонро истеъмол мекунад. Аммо теьдоди истеъмолкунандагони ҳероин дар Эрон паст буда, такрибан 391 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи омори гузориш дар Покистон 500 ҳазор нафар ва дар худи Афғонистон 135 ҳазор нафар пайваста ҳероин истеьмол мекунанд. Ва ин дар ҳолест, ки соли 2008 шумораи истеъмолкунандагони ҳероин дар Афғонистон камтар аз 50 ҳазор нафар буд.

Дар Чин 2 миллиону 200 ҳазор кас ҳероин истеъмол мекунанд, аммо ин ғолибан ҳероинест, ки на дар Афғонистон, балки дар Мянмар тавлид мешавад.

Аврупоиҳо ҳероинро хуш доранд

Тақрибан нисфи ҳероини дунё дар бозорҳои кишварҳои Аврупо ва Русия фурӯхта мешавад. Миёни кишварҳои аврупой назири Британия, Фаронса, Италия ва Олмон аз бузургтарин истеъмолкунандагони ҳероин ба ҳисоб мераванд.

Антонио Мариа Коста, раиси дафтари СММ оид ба ҷиноятҳои муташаккил ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ба ҳайси бахши стратегияи муқобила ба фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҷаҳон ба табобат аз мӯьтодӣ ба маводи ҳероин даъват намуд. Ӯгуфт, дар ҳоле, ки истеъмолкунандагони маводи мухаддир дар кишварҳои тараққикарда ба табобат аз ин мӯтодӣ дастрасӣ доранд, кишварҳои факир аз имконот махруманд.

Антонио Мариа Коста афзуд, ки ба эътиёд ба маводи мухаддир на ба ҳайси ҷиноят, балки ба ҳайси маризӣ бояд бархурд кард ва муътдонро на мучозот, балки табобат кардан зарур аст.
XS
SM
MD
LG