Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Эрон ба Узбакистон натиҷа дод


Масъулини ширкати эронии «Сангоб», ки машғули сохтмони нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” дар рӯдхонаи Вахш ҳастанд, мегӯянд, Узбакистон вагонҳои дар банди ҳомили масолеҳи сохтмонии ин ширкатро раҳо кардааст. Раҳоии ин вагонҳо ба думболи он сурат мегирад, ки Эрон Узбакистонро таҳдид ба таҳрими ҳамсон намуд.

Ва ин ширкати сохтмонӣ, ки ба далели камбуди масолеҳи сохтмони кормандони худро ба таътил фиристода буд, дубора онҳо ба кор фаро хонадааст.

Ба гуфтаи масъулини ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон рӯзи 22 -юми июн қатори иборат аз 40-вагон, аз ҷумла 17 вагони марбут ба сохтмони нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” вориди Хатлон шудааст.

Аммо ба гуфтаи масъулони ширкати «Сангоб» ҳамчунон 12 вагони дигари марбут ба "Сангтуда-2" дар ҳудуди Ӯзабкистон дар банд мебошанд.

Ба гуфтаи масъулини ин ширкат ҳамчунин як мошини барои анҷоми корҳои сохтмтмонӣ бисёр муҳим дар банди Узбакистон мондааст, ки гуфтугӯи ҷонибҳо дар бораи раҳоии он то кунун натҷиа ндодааст.

Ҳушдори як моҳи пеши Теҳрон ба Тошканд

Узбакистон дар ҳоле ба вагонҳои ҳомили бору колои марбут ба сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯдаи-2» иҷозаи убур додааст, ки Эрон бо лаҳни ғайри маъмулие Тошкандро таҳдид ба таҳрими ҳамсон кард.

Вагарна, дар мулоқоти ахири руасои ҷумҳури ду кишвар - Тоҷикистон ва Узбакистон дар Тошканд бо вуҷуди ваъдаи раҳоии вагонҳо Ислом Каримов ба қавли худ амал накарда буд ва вагонҳо ҳамчунон дар банд буд.

Аммо ширкати роҳи оҳани Эрон бо дастури раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод ба мақомоти Узбакистон ҳушдор дода буд, ки дар сурати идомаи манъи вагонҳои Тоҷикистон Эрон транзити қаторҳои Узбакистон аз қаламрави худро маҳдуд хоҳад кард.

Рӯзона ҳудуди 150 вагони Узбакистон аз қаламрави Эрон ба бандарҳои обӣ мерсад.

Беҳрӯз Баландӣ, масъули ширкати роҳи оҳани Эрон, дар сӯҳбати телефонӣ бо хабарнигорон гуфта буд, ки ин иқдом бо дастури Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон ва Манучеҳри Муттакӣ, вазири умури хориҷии кишвар, анҷом шудааст.

Ҷаноби Баландӣ гуфт, "ҳадафи аслии ин иқдом кӯмак ба Тоҷикистон аст". Ба қавли ӯ, Эрон транзити қаторҳои Узбакистон тавассути Эрон аз рӯзи 10-уми июн бад-ин сӯ маҳдуд шуда буд.

Ба гуфтаи масъулини «Роҳи оҳани Тоҷикистон», дар ҳоли ҳозир бештар аз 500 вагони марбут ба вилояти Хатлон дар қаламрави Узбакистон нигоҳ дошта мешавад. Ва теъдоди умумии вагонҳои манъшуда ҳудуди 1300-ро ташкил медиҳад.

Даҳҳо миллион хисороти муҳосираи иқтисодӣ


Аз моҳи январи соли равон то кунун Узбакистон дар транзити вагонҳои Тоҷикистон мушкил эҷод кардааст.
Узбакистон мехоҳад ба ин васила Тоҷикистонро таҳти фишор қарор диҳад, то аз идомаи сохтмони Роғун даст бардорад.

Тоҷикистон аз боздошти қаторҳояш дар қаламрави Узбакистон ва дар фасли кишти баҳорӣ сари вақт нарасидани маводи сӯхт ва таҷҳизот даҳҳо миллион доллар хисорот дидааст.

Ба гуфтаи масъулони роҳи оҳани Тоҷикистон, собит кардани ин хисорот маҳз ба кутоҳии Узбакистон кори мушкил аст. Дар ҳоле, ки худи Узбакситон низ аз манъи қаторҳо ва коҳиши транзит беш аз 100 милион доллар зарар дидааст. Ҷониби Узбакистон ин хисоротро таъйид кардааст.

Аммо ба эътиқоди коршиносон, пофишориҳои ахири Ислом Каримов дар мулоқоти рӯбарӯи бо раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи манъи қаторҳои ҳомили коло барои нерӯгоҳи Роғун далели он аст, ки ин иқдоми Узбакистон ҷуз аз ҳадафи сиёсӣ чизи дигареро ба дунбол надорад.
XS
SM
MD
LG