Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ дар баёнияе аз натоиҷи кори ин комиссиюн гуфтааст, ки давлати Тоҷикистон ба хотири шаффофият дар фаъолияти ин ширкат ва қарордоди имзокардааш бо Тоҷикистон ин комиссиюнро ташкил дод, то сарусадоҳо дар расонаҳои хабарӣ дар бораи ғайриқонунӣ будани фаъолияти ин ширкатро аз байн бубарад.
Суолҳои бепосух
Аммо коршиносон мегӯянд, агар ҳадаф аз ташкили комиссиюн ҳамин бошад, пас комиссиюн ба ҳадафи худ нарасидааст. Зеро ин комиссиюн низ ба суолҳои аслӣ посух нагуфтааст.
Ба гуфтаи Мирхоҷа Мирзоҷалолов, масъули дафтари матбуотии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, Оҷонси давлатии зиддиинҳисорӣ, ки ҷамъоварии пул аз сӯи ширкати IRS дар роҳи Душанбе-Чаноқро ғайриқонунӣ хонда буд, аз иддаои худ даст накашидааст.
Аммо комиссиюни давлатӣ фаъолияти ин ширкатро қонунӣ хондааст, дар ҳоле ки ҳамин комиссиюн гуфтааст, ки ин ширкат ҳақ надорад ба хости худ таруфаҳои осмониро ҷорӣ ва ҳуқуқу озодиҳои мардумро нақз кунад. Масъули дафтари матбуотии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия низ ин нуктаро таъйид кард.
Таруфаҳои осмонӣ боқӣ хоҳад монд?
Пас ин суол матраҳ аст, ки ба чӣ далел комиссиюн иддаои фаъолияти ғайриқонунии ширкати IRS аз сӯи Оҷонси зиддиинҳисории давлатро ботил карда мегӯяд, ки фаъолияти ин ширкат қонунист? Дар ҳоле ки Оҷонси зиддиинҳисории давлат низ ба ин нукта таъкид карда буд, ки таруфаҳои роҳи пулакии аз сӯи ин ширкат таъиншуда ба вазъи зиндагии мардуми канори ин роҳ мувофиқ нест ва ин қиматҳо воқеият надорад.
Дар ин бора 10 ҳазор сокини ноҳияи Варзоб унвонии раисиҷумҳур номаи эътирозӣ ирсол карда буданд ва ахиран аҳзоби сиёсии вилояти Суғд зимни номае аз раисиҷумҳур тақозо карданд, ки ба ҷамъоварии пул дар ин роҳ хотима бидиҳад. Зеро норизоиятии мардум дар ин замина дар оянда метавонад бештар шавад.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ, сокинони канораҳои роҳҳои пулакӣ аз имтиёз бархурдоранд ва набояд пул бидиҳанд.
Иддаои Оҷонси зиддиинҳисории давлат низ таъини таруфаҳои иҷтимоӣ буд, ки дар Қонуни консессиёнии давлат инъикос шудааст ва бар асоси он, пулакӣ шудани ин роҳ набояд ба афзоиши мизони камбизоатӣ дар ин минтақа мунҷар шавад.
Лағви банди қонун барои роҳи пулакӣ
Гузашта аз ин роҳе, ки алтернатив надорад, пулакӣ кардани он ғайриқонунист. Масъули дафтари матбуотии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия инро рад накард, аммо гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ин мумкин аст, «ба ин далел ки қаблан дар қонуни Тоҷикистон ҳамин банд вуҷуд дошт. Яъне пулакӣ кардани роҳ ғайриқонунӣ буд. Аммо дар соли гузашта ин банди қонун лағв карда шуд ва ҳоло эҷоди роҳи пулакӣ мумкин аст».
Қобили ёдоварист, ки ширкати IRS низ дар соли гузашта, яъне соли 2009, дар минтақаи оффшори Вирҷинияи Бритониё аз сӯи як мақомдори Тоҷикистон номнавис шуд ва ҳамзамон парлумони Тоҷикистон дар як иҷлоси паси дарҳои баста ба пулакӣ кардани роҳи Душанбе-Ҷаноқ иҷозат дод ва давлат бидуни эъломи тендер ба ширкати IRS қарор дод басту роҳро дар ихтиёри ин ширкат қарор дод.
Ба гуфтаи профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, аз ин ҷараён чунин бармеояд, ки ҳукумат ин корро ба хотири касе кардааст ва комиссиюни давлатӣ низ аз ӯ пуштибонӣ мекунад. Вай афзуд, «иддаоҳои Оҷонси зиддиинҳисории давлат дуруст аст. Аз он ки ин ширкат бидуни эъломи тендер соҳиби ин роҳ шуд, ба хулосае омадан мумкин аст, ки ин як ширкати ҷиноист ва коррупсионерҳои калони ҷумҳурӣ дар он даст доранд. Ва дар минтақаи оффшор номнавис шудани он маънои аз андоз гурехтанро дорад».
Норавшаниҳои дигари таҳқиқоти комиссиюн
Суоли дигари беҷавоб дар ин моҷарои ҳукумат ин аст, ки комиссиюни ташкилкардаи давлат дар изҳороти худ нагуфтааст, ки бар асоси кадом банди қонун фаъолияти ширкати IRS қонунист?
Гузашта аз ин, ба гуфтаи бархе аз таҳилилгарон, капитали аввалияи ин ширкат аз ҳисоби буҷаи давлати Тоҷикистон дарёфт шудааст. Аммо комиссиюни давлатӣ ба ин мавзӯъ равшанӣ наандохтааст. Мушобеҳи он, ки ширкати IRS бар асоси қонун бояд таруфаҳои худро бо Оҷонси давлатии зиддиинҳисорӣ мувофиқа кунад. Вале таруфаҳо то ба ҳол мувофиқа нашудааст.
Пас метавон гуфт, ки комиссиюн ин мавзӯъро ҳамаҷониба наомӯхтааст. Ба ин далел Оҷонси давлатии зиддиинҳисорӣ дар робита ба фаъолияти ширкати IRS дар мавқеи худ боқӣ мондааст.