Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина ба сохтани ду турбинаи Роғун оғоз кард


Корхонаи давлатии «Электротяжмаш», тавлидкунандаи мошинолоти сангин дар Украина ба сохтани ду турбинаи пуриқтидор барои нерӯгоҳи барқи обии Роғун шурӯъ кардааст. Нахустин турбина то поёни соли 2011 сохта ва вориди Тоҷикистон мешавад.

Тибқи иттилои сомонаи ин корхона ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди сохтани ин турбинаҳо ҳанӯз моҳи марти соли ҷорӣ шартнома бастааст ва ин корхона дар навбати худ ваъда додааст, ки яке аз ин турбинаҳоро то охири соли 2011 ва дигареро то охири соли 2012 сохта ба Тоҷикистон ирсол хоҳад кард.

Иқтидори истеҳсолии як турбина ба 400 МВт барқ баробар будааст ва Тоҷикистон тибқи шартнома барои сохтани онҳо 80 миллион доллар пардохт хоҳад кард.

Нашри хабари оғози сохтани ду турбина барои нерӯгоҳи Роғун дар ҳолест, ки чанд моҳ боз Узбакистон масолеҳи сохтмонии ин нерӯгоҳро дар қаламрави хеш боздоштааст ва ҳатто Ислом Каримов, президенти кишвар дар дидори рӯ ба рӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, перзиденти Тоҷикистон барои раҳоии ин гуна борҳо аз хоки кишвараш иҷоза надод.

Инчунин, коршиносон тахмин мезаданд, ки пас аз сафари пуртазоди Бан Ги Мун, дабири кули Созмони Миллали Муттаҳид ба Осиёи Миёна, эълони бозрасии байнулмиллалии тарҳи нерӯгоҳи Роғун ва фишорҳои Узбакистон болои Тоҷикистон ба хотири бунёди ин нерӯгоҳ эҳтимол ин кишвар аз азми қатъиаш то ҷое гашта бошад.

Оғози сохтмони турбинаҳо бозгӯи чист?

Аммо Давлатмурод Ҷумъаев, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, Тоҷикистон ба ҳеҷ қимате аз сохтмони нерӯгоҳи Роғун даст нахоҳад кашид. Ба қавли ӯ, Тоҷикистон далелҳои мӯътамад дар мавриди безарар будани ин тарҳ рӯи даст дорад ва маҳз ба ҳамин хотир ризоияти худро барои санҷиши он ба созмонҳои байнулмиллалӣ додааст.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон бо далелҳои мутмаъин аст, ки ин сохтмон ҳеҷ зараре ба кишварҳои поёноб надорад ва бад ин хотир дилпурона хостори санҷиши байнулмиллалии он шудааст.

Давлатмурод Ҷумъаев инчунин афзуд, монеъгии Узбакистон дар мавриди убури қатораҳои масолеҳи сохтмонии Тоҷикистон ба ҳеҷ сурат садди сохтмони ин нерӯгоҳ нахоҳад шуд.

Ӯ мегӯяд: «Агар Узбакситон низ ба вуруди ин вагонҳо иҷоза надиҳад, Тоҷикистон бо қимати бештар ҳам бошад, метавонад, масолеҳи сохтмони ин нерӯгоҳ, аз ҷумла турбинаҳоро тариқи ҳавопаймоҳо низ биорад. Муҳим мо дар ақидаи худ устуворем ва бо ҳар роҳ инро месозем».

Сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз муддатҳо қабл боиси баҳс миёни Тоҷикистон ва Русияву Узбакистон буд. Аммо дар яку ним соли пеш вақте Тоҷикистон созишномаи худ бо ширкати РусАл-ро қатъ кард ва эълон намуд, ки ба нерӯи худашт Роғунро месозад, мухолифтаи Узбакистон ва Русия ба ин тарҳ шиддат гирифт.

Феълан ҳама интизори хулосаи коршиносони Бонқи ҷаҳонӣ дар мавриди тарҳи ин неругоҳ нишастаанд.
XS
SM
MD
LG