Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи ногузари паноҳандагӣ


Соли гузаштаи 2009 дар кураи замин шумораи нафароне, ки макони зисти худро иҷборан тарк кардаанд, 43 миллион нафар баршумурда шуд. Ҳудуди 15 миллион нафари онҳо ҳаққи паноҳандагӣ дарёфт кардаанд.

Истилоҳи паноҳанда ва ё гуреза аз замони ҷанги шаҳрвандии оғози солҳои навадуми қарни гузашта бо исми Тоҷикистон низ пайванд шудааст. Дар он рӯёрӯиҳо ҳудуди 1 миллион нафар сокини Тоҷикистон тарки манзилу маҳал карда ва дар дигар манотиқи кишвар ва хориҷ аз марзи Тоҷикистон паноҳанда шуданд. Бо гузашти вақт ва солҳо теъдоде ба манозили худ баргаштанд, қисме дигарбора ёди Ватан накарданд ва бархе ҳам дар ёди марзу буми худ аз олам даргузаштанд.




Ва бо ин манзур Тоҷикистон дар соли 1993 ба Конвенсиюни соли 1951, марбут ба мақоми гурезаҳои СММ пайваст ва қонун дар мавриди паноҳандагонро ба тасвиб расонд. Ва ҳоло Тоҷикистон аз шумори мамолике ҳаст, ки сокинони дигар кившарҳоро ба сифати паноҳанда мепазирад. Ҳарчанд мақомоти намояндагии дафтари умури паноҳандагони СММ дар Душанбе мегӯяд, маҳдуд сохтани ҳаққи зиндагии паноҳандагон дар пойтахти кишвар хилофи санадҳои байналмилалӣ дар умури паноҳандагон аст.

Феълан дар Тоҷикистон аксари кулли паноҳандагон аз Афғонистонанд, ҳарчанд шаҳрвандони Эрону Ироқ низ чанд нафар баршумурда шудаанд. Паноҳандагони Афғонистон, ки дар ноҳияи Ваҳдат маскунанд, аз рӯзгори сангину камтаваҷҷӯҳии мақомоти марбутаи СММ ва низ давлати Тоҷикистон нигаронӣ мекунанд. Аммо мегӯянд роҳи бозгашт ба Ватанро надоранд.

Маҷаллаи «Як рӯз бо шумо дар ин шумора меҳмони паноҳандагони афғонистонӣ дар ноҳияи Ваҳдат буд.

Рӯзи ногузари паноҳандагӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:42 0:00
XS
SM
MD
LG