Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ҷаҳонии футбол дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш»


Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» дар бораи марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010, ки дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ҷараён дорад, нақл мекунем. Ва аммо дар ин барнома нахуст хабарҳои тозаи варзишӣ ба шунавандагон пешкаш мешавад.

Борис Ҷонсон, шаҳрдори Лондон, ки ба тамошои бозиҳои мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 ба Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ омадааст, ба хабарнигорон таассуроти худро аз ин мусобиқот баён карда, гуфт, дар Африқои Ҷанубӣ фазои идона ҳукмфармост, вале ман аз садои «вувузелҳо» – сурнайчаҳои мухлисон дар шигифтам ва мо тасмим гирифтем, ки ҳангоми Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон аз онҳо даст кашем. Шаҳрдори Лондон, мизбони Олимпиадаи навбатӣ, афзуд, ин асбоби зебои мусиқист, ки сохтани он осон аст, вале ман фикр мекунам мухлисони мо ба ин гуна асбоб ниёз надоранд.

Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Истамбули Туркия медали нуқра ба даст овард. Вай ин дафъа гурзро ба дурии 77 метру 72 сантиметр ҳаво дода, мақоми дуввумро касб кард. Кристиан Парс, аз Маҷористон, бо натиҷаи 79 метру 43 сантиметр ғолиби ин мусобиқа шуд. Николас Фижери фаронсавӣ бо натиҷаи 75 метру 50 сантиметр дар ҷои севум қарор гирифт.

Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки 2-юми июл дар шаҳри Мадриди Испониё баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

23-юми июн Рӯзи байналмилалии олимпист. Ба ин муносибат дар Тоҷикистон низ чорабиниҳои варзишӣ баргузор мешаванд.

Бар асоси нақшаи махсуси Кумитаи миллии олимпии кишвар дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Душанбе пойгаи давандаҳо барпо мегардад, ки ширкаткунандагони мусобиқа мувофиқи синну соли худ ба масофаҳои мухталиф медаванд.

Рӯзи 23-юми июн дар ноҳияи Дарвоз маросими ба истифодадиҳии толори нави варзишии «Вастан» доир хоҳад шуд. Дар назар аст, ки дар ин маросим раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат меварзад. Дар толори нав бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯзҳои 22-юму 23-юми июн мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии дзю-до байни наврасон баргузор мешавад.

Сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол барои бори аввал дар қораи Африқо бо ширкати 32 дастаи мунтахаб дар 8 гурӯҳ ҷараён дорад.

Сабқати гурӯҳӣ то рӯзи 25-уми июн идома хоҳад кард. Бар асоси низомномаи мусобиқа аз ҳар гурӯҳ ду дастае, ки ҷойҳои якуму дуввумро касб мекунанд, яъне 16 даста ба даври ҳаштякниҳоӣ, ки аз 26-ум то 29-уми июн баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Баъдан 8 дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳхат мегиранд. Бозиҳои чаҳорякниҳоӣ рӯзҳои 2-юму 3-юми июл барпо мегарданд. Сипас бо ширкати чаҳор дастаи беҳтарин рӯзҳои 6-уму 7-уми июл бозиҳои ниманиҳоӣ баргузор мешаванд.

Ду дастае, ки дар бозиҳои ниманиҳоӣ шикаст мехӯранд, рӯзи 10-уми июл бо ҳам барои дарёфти ҷои севум ва медалҳи биринҷӣ талош хоҳанд кард.

Барандаи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 рӯзи 11-уми июл дар бозии ниҳоӣ, ки дар шаҳри Йоханнесбург, дар варзишгоҳи Soccer City Stadium барпо мегардад, муайян хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон аз соли 1930 то инҷониб ҳамагӣ 207 дастаи мунтахаб ширкат кардааст ва 7 даста ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст. Бразилия аз ҳама бештар – 5 бор, Итолиё 4 маротиба, Олмон 3 бор, Аргентина ва Уругвай дуборӣ, Фаронса ва Инглистон якборӣ бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд. Нахустин қаҳрамони ҷаҳон Уругвай ва қаҳрамони кунунии ҷаҳон Итолиё мебошанд.

Дар ҳоле ки дар Африқои Ҷанубӣ марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 ҷараён дорад, баъзе аз намояндагони кишварҳои ширкаткунандаи сабқати ҷаҳонӣ дар айни ҳол дар мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон ширкат меварзанд. Чунончи, ҳамлагар Жаилтон Оливейраи бразилӣ дар дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, нимҳимоятгар Габриэл Донтох ва ҳамлагар Чарлз Накути, ҳарду аз Гана, дар тими ССКА «Помир»-и Душанбе ва ҳамватани онҳо нимҳимоятгар Элайҷо Арийе дар дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бозӣ мекунанд.

Боз як легионер Трой Вири, аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар Ширкати байналмилалии «Миллениум» дар шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолият дорад, дар дастаи «Вахш» бозӣ карданист. Бо футболбоз Трой Вири, ки дар як муддати кӯтоҳ забони тоҷикиро хуб омӯхтааст, пас аз бозии «Вахш» бо дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамсӯҳбат шудем.
Трой Вири, шаҳрванди Амрико, дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 ба тими миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мухлисӣ мекунад ва мусоҳибаи мо бо ӯ ба шунавандагон пешкаш мешавад.

Озмуни Озодӣ барои мухлисони Ҷоми ҷаҳонии футбол

Радиои Озодӣ бахшида ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол тавассути сомонаи интернетии Озодӣ - www.ozodi.org ё www.ozodi.oj озмуни мухлисони футболро эълон кардааст. Ба ширкаткунандагони озмун се савол пешниҳод шудааст:

Саволи якум: Чаҳор дастаеро номбар кунед, ки ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд?
Саволи дуввум: Кадом дастаҳо ба бозии ниҳоӣ роҳхат мегиранд ва кадом даста қаҳрамони ҷаҳон мешавад? Ҳисоби бозии ниҳоиро пешгӯӣ кунед.
Саволи севум: Кӣ беҳтарин нишонзан мешавад ва чанд гол мезанад?

Аз ширкаткунандагони озмун хоҳиш шудааст, ки ҷавобҳои худро то 20-уми июн бифиристанд. Ва мо ҳаррӯз ҷавобҳои мухлисонро тавассути почтаи электронӣ (latipov@rferl.tajnet.com) мегирем.

Чунончи, мухлиси футбол Қудратулло Аминов пешгӯӣ мекунад, ки Бразил ва Португол ба финал мебароянд ва бозии ниҳоӣ бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи бразилиҳо ба анҷом мерасад. Вале мухлиси дигар Амон Аҳмадов пешгӯӣ кардааст, ки тимҳои Инглистон ва Аргентина ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд ва инглисҳо аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метра бо ҳисоби 4:2 пирӯз мешаванд. Ба андешаи Хуршед Ҳоҷибеков бошад, дар финали Ҷоми ҷаҳонии футбол тимҳои Испониё ва Бразил рақобат мекунанд ва бозии ниҳоӣ бо ҳисоби 3:1 ба нафъи испониҳо ба охир мерасад.

Ғолибони озмун, ки пас аз анҷоми мусобиқоти ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол муайян мешаванд, бо тӯҳфаҳо сарфароз хоҳанд шуд.

Маҳмуди Шодӣ, ҳамкори мо, мегӯяд, мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол -2010 ба рушди ин навъи маъмули варзиш дар водии Рашт то андозае мусоидат кардааст. Ва дар ин бора гузориши ӯ ба шунавандагони барнома пешкаш мешавад.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG