Ӯ меафзояд, вазъи бади иҷтимоӣ ва рӯз то рӯз сангин шудани рӯзгор, дигар «ҳавасҳои зани дуввуму севвум доштани мардон»-ро шикастаст.
Омори дақиқ вуҷуд надорад
Маърифат Шокирова, корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумат мегӯяд, ки падидаи бисёрзанӣ дар кишвар баъди ҷангӣ шаҳрванди шиддат гирифта буд. Ва дар пайи ин даҳҳо кӯдак ва иддае аз занон дар чорсӯи зиндагӣ танҳову бесаробон мондаанд.
Хонум Шокирова афзуд: «Дар бораи теъдоди бисёрзанҳо омор тартиб додан душвор аст ва барои анҷоми пажӯҳиш маблағи калон даркор аст. Дар Тоҷикистон бисёрзанӣ омор надорад, зеро тибқи қонун бисёрзанӣ иҷоза нест. Аммо, дуруст аст, ки солҳои охир занҳо зани дуввум шуданро рад мекунанд ба он хотир, ки аз ояндаи хеш меандешанд. Баъди ҷудошавӣ дар кӯча бесарпаноҳу бе кӯмаки шавҳарон мемонанд».
Хонум Шокирова мегӯяд, ки таҷрибаҳои баҳсу баррасии ҳуқуқии занон дар хонадорӣ нишон медиҳад, ки дар аксари ҳолат занони дуввум бе меросу ҳаққи фарзандон аз шавҳарон ҷудо мешаванд. Ва ин ҳолат занонро то ҷойе ҳушманд кардааст, ки оид ба мақом ва мартабаи худ каме андеша кунанд. Вале ин маънои онро надорад, ки ин мушкилот аз ҷомеа решакан мегардад.
Гулбаҳор аз зани дуввум будан пушаймон аст
Гулбаҳор, як нафар ҳамсӯҳбати мо, ки зани дуввум аст, мегӯяд ки ҳоло аз зани дуввум шуданаш сахт пушаймон аст ва ҳамеша ба дугонаҳо ва пайвандонаш маслиҳат медиҳад, ки зани дуввум нашаванд.
Гулбаҳор пораеро аз ҳаёти хеш нақл карда гуфт, шавҳараш он диққатеро ки барои зани якум ва фарзандонаш медиҳад, барои зани дуввувм ва фарзанди ман намедиҳад.
Ӯ гуфт: «Ман аз зани дувум шудан сахт пушаймонам, ҳамаи ҳушаш ба зани якумаш аст, ман худам чӣ меёбам, чӣ мехӯрам чандон аҳамият намедиҳад. Як вақт гуфт, ки зани дуввум ба ҷойи одих кардан аст. Вақте марде, ки намози тааҷҷуд мехонад ба қавли худаш ин хел рафтор мекунад, аз вай дида як арақхӯр беҳтар аст, ки одамгарӣ дорад».
Зуҳуроти бисёрзанӣ дар Тоҷикистон бади солҳои наваддум шиддат гирифт. Ҳатто ба истилоҳ аробакаши бозор ҳам зани дуввум дошт. Бархе аз мардоне, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ кордашон болои равған буд, 3-4 зан доштанд.
Вазирони тоҷик ҳам чандзанӣ доранд
Аммо, баъди ба по рост шудани ҳукумат ва ҷорӣ шудани тартибу низоми қонунӣ ин падида коҳиш ёфт. Бисёрзанӣ дар қонуни кайфарии Тоҷикистон муҷозот дорад. Вале кам нестанд теъдоди вазирон ва дигар мансабдорони сатҳи давлатие, ки дуюм ва сеюм зан дошта бошанд.
Рано, як хонуми додситон ва мегӯяд, ки бисёрзанӣ дар қонуни кайфарии Тоҷикистон иҷоза дода нашудааст. Аммо кам нестанд теъдоди вазирон ва дигар мансабдорони сатҳи давлатие, ки дуюм ва сеюм зан дошта бошанд.
Хонуми Раъно мегӯяд: «Дар таҷрибаи кории худам нашунидаам ва нашудааст, ки мардеро барои бисёрзанӣ ба ҷавобгарӣ кашида бошанд. Зеро, бо зани дуввум аз ақди никоҳ намегузарад, ин кори душвор аст. Албатта, мардоне, ки ҳоло дар Тоҷикистон зани дуввум доранд, аксарияташон мансабдорони сатҳи давлати ҳастанд ва дороии онҳо бисёр аст. Камбағал ҳар рӯз зан намегирдаку…..».
Чизи дигаре, ки дар зеҳни мардон бисёрзаниро таҳрик медиҳад ва мардон онро барои худ ҳамчун «чароғаки сабз» истифода мекунанд, иҷозаи бисёрзанӣ дар ислом аст.
Занон худогоҳ шуданд
Маҳмудҷон Ализода, ҷомеашинос сабабҳои коҳиш ёфтани биёрзаниро дар риоя нашудани баробарии ҳуқуқи шариатии ҳамсарон ва ҳамзамон муввафақ нашудани занони дуввум дар баҳсҳои додгоҳӣ медонад.
Оғои Ализода мегӯяд, ки рӯ ба кунди овардани падидаи бисёрзанӣ аз вахим будани вазъ иҷтимоии ҷомеа ва дигарандеш шудани занҳо дарак медиҳад.
Ӯ мегӯяд: «Баъди ҷанги шаҳрвандӣ вазъияти кишварамон душвор буд, мардон нобуд шуданд, кӯдакон бесаробон монданд, мардони синни оила барпо мекарда, фавтиданд занҳо бе шавҳар моданд. Умуман вазъ иҷтимоии мардум ва ҷомеа хароб буд. Акнун вазъият дигар шуда истодааст».
Маърифат Шокирова аз таҷрибаи кор бо занон доштааш ёдовар мешавад, ки аксарияти занҳои дуввуме, ки ба Кумитаи занон муроҷиат мекунанд, худашон намедонанд, ки зани дуввум будани онҳо ғайри қонунӣ аст. Аммо занҳои соҳибмаълумот вақте зани дуввум мешаванд, онҳо медонад, ки чӣ кор кунанд ва чандон бо фарзандонашон дар кӯча намемонанд.
Фарқи зани дуввуми таҳсилкарда ва таҳсилнакарда
Яъне дар ҳаёти зани дуввум байни занҳои таҳсилоти олӣ дошта ва надошта, фарқият аст. Хонум Шокирова меафзояд, ки баъди ба амал баровардани қонун дар бораи танзими расму оинҳо раванди бисёрзанӣ ҳам коҳиш ёфтааст.
Маҳмудҷон Ализода мегӯяд, ки азбаски ҷомеаи Тоҷикистон суннатӣ аст ва амалеро ки дар қонунгузорӣ иҷоза нашуда бошад, пас мардон ҳатман аз ислом иқтибос меоранд. Бисёрзанӣ ҳам гуё фатвои динӣ аст. Аммо дар сураи Нисо «Қуръони карим» дар ҳолати истисноӣ бисёрзаниро ба мард иҷоза додааст бо боз ҳам таъкид шудааст, ки ҳуқуқ ва шароитҳои занҳо баробар таъмин карда шаванд.