Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ба тахмини Созмони Милал 300 ҳазор нафари дигар беҷо шудаанд. Азимбек Бекназаров, муовини раҳбари давлати муваққат дар Қирғизистон гуфт, имрӯз вазъ дар шаҳри Ӯш нисбатан ором будааст: Шаб орому осуда гузашт. Аммо дар баъзе ҷойҳо, дар наздикии Ӯш дар рустои Наримон, тирандозиҳои алоҳида сурат гирифт.
Дар маҷмӯъ, авзоъ дар шаҳр ором аст ва зиндагӣ аз нав ба маҷрои оддии худ бармегардад. Баъзе аз мағозаву қаҳвахона ва нонвойҳо кор мекунанд." Дар низоъҳои қавмии Қирғизистон то кунун 187 нафар кушта ва тақрибан 2000 нафари дигар маҷрӯҳ шудааст.
Талоши Отунбоева барои "наҷоти" раъйпурсӣ
Ҳукумати муваққати Қирғизистон ба қарор «Дар бораи референдум ё раъйдиҳии умумӣ» тағйирот ворид кард. Мувофиқи банди иловагии амри ҳукумати муваққат референдум, фақат дар ҳоле баргузор намешавад, ки дар саросари ин кишвар вазъи изтирорӣ эълон шавад. Дар амр таъйид шудааст, ки бо вуҷуди эълони вазъи изтирорӣ дар баъзе манотиқи Қирғизистон раъйпурсии умумӣ гузаронда мешавад.
"Раъйпурсӣ баргузор нашавад"
Адахон Мадумаров, яке аз сиёсатмадорони қирғиз ва раҳбари Ҳизби «Қирғизистони ягона» тарафдори баргузории раъйпурсии умумӣ дар муддати муқарраршуда нест. Ба гуфтаи оқои Мадумаров авзоъ ҳанӯз муташанниҷ аст ва ҳукумати муваққат бо эътирофи ин ҳол барои кӯмак ба Русия муроҷиат намуд.
Ӯ гуфт, вақте дар ҷануби кишвараш хуни ноҳақи мардум рехта мешавад, ҳукумати муваққат барои баргузор кардани референдум талош дорад. Ба таъкиди ӯ референдум то эътидоли авзоъ дар кишвараш бояд ба вақти дигар мавқуф гузошта шавад.
Адахон Мадумров мегӯяд, Роза Отунбоева набояд дар ин давраи пуртаҳлукаву мушкил мардумро ба референдум даъват кунад. Вай ҳамчунин ҳукумати муваққатро дар бесалоҳиятӣ айбдор карда, афзудааст, ки ин ҳукумат натавонист, аз хунрезиҳо дар вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолобод ҷилавгирӣ кунад.
"Авзоъ дар Ӯш рӯ ба беҳбудист"
Турсунбек Ахун, омбдусмени Қирғизистон, ки ба тозагӣ аз минтақаи ҷануби кишвараш баргаштааст, мегӯяд, афроди зиёд либосҳои низомӣ пӯшидаанд, вале ба сӯи мардуми осуда аз милӣ силоҳҳо оташ мекушонад ва пинҳон мешаванд.
Вай эътироф кард, ки дар ин даргириҳо мардуми ӯзбектабори Ӯш ва Ҷалолобод хисороти бештари ҷониву молӣ дидаанд.
Дар ҳамин ҳол манбаъҳои расмии қирғиз авзоъ дар вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолободро рӯ ба эътидол арзёбӣ кардаанд. Аммо бино ба хабарҳои расида ҳанӯз садоҳои тирпарронӣ дар қаламрави ин ду вилояти минтақаи ҷануби Қирғизистон хомӯш нашудааст. Гуфта мешавад, беш аз шаст дарсади сокинони шаҳри Ӯш манзилҳои худро ба қасди паноҳ бурдан дар марзи Ӯзбекистон тарк кардаанд ва авзоъ дар маҷмӯъ ба ташаннӯҷ рӯбарӯст.
Аммо Азимбек Бекназаров, ноиби раиси ҳукумати муваққатии Қирғизистон, рӯзи панҷшанбе дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳукумати муваққат тамоми чораҳои зарурӣ пиёда кардааст, то ки амнияти мардуми шаҳри Ӯш, ноҳияҳои атрофи он ва вилояти Ҷалолобод таъмин бошад.
Наздикони раиси узбактаборони Ҷалолобод боздошт шуд
Оқои Бекназаров дар пай аз боздошти наздикони Қодирҷон Ботиров, раиси ҷамъияти ӯзбектаборони вилояти Ҷалолобод, итиилоъ дод. Ба гуфтаи ин мақоми қирғиз афроди боздоштшуда дар тахрибкориҳо ва ба низоъ кашидани ду қавми ба ҳам дӯсту бародар-қирғизҳо ва ӯзбекҳо муттаҳам хоҳанд шуд. Азимбек Бекназаро гуфт, ки онҳо пеш аз убури марзи кишвараш бо Ӯзбекистон боздошт шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Қодирҷон Ботиров, ки баъди ҳодисаҳои 7 апрел фавран аз ҳукумати муваққатӣ пайравӣ карда буд, 13-14 май ба иттиҳоми таъсиси беназмиҳо дар шаҳри Ҷалолобод ва дар миён гузоштани шиорҳои ҷудоихоҳӣ муттаҳам шуд.
Мардуми ба шӯромада донишгоҳи «Дӯстии халқҳо» дар шаҳри Ҷалолободро, ки гуфта мешавад, бо маблағи Ботиров бунёд шудааст, оташ заданд. Дар ҳамин ҳол маълум нест, ки Қодирҷон Ботиров дар куҷо паноҳ бурдааст.
Аз Каримов розӣ, аз Назарбоев норозӣ
Оқои Бекназаров мегӯяд, Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбекистон, кӯмакҳояшро аз ҳукумати муваққат ва мардуми Қирғизистон дареғ надошт ва перомуни паноҳ додани шумори зиёди ӯзбектаборон сари вақт дасти кӯмак дароз кард.
Азимбек Бекназаров афзуд, ҳукумати муваққат аз мавқеъгирии президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев чандон розӣ нест. Ба гуфтаи ӯ, президент Назарбоев аз рӯзҳои аввали ҳодисаҳои моҳи апрели соли равон марзҳояшро ба рӯи Қирғизистон баст. Вай гуфт, ки чанд арода мошинҳои ҳомили маводи мавриди ниёзи мардуми Қирғизистон, ки мебоист аз роҳи тронзит аз тариқи Алмаатӣ вориди Қирғизистон мешуданд, ҳанӯз дар қаламрави Қазоқистон дармондаанд.
Вай дар пай афзуд, Қазоқистон шаҳрвандони ӯзбектабори кишварашро, ки дар шаҳри Ҷамбул паноҳ бурдаанд, дубора ба Қирғизистон депорт кардааст. Аммо тибқи хабарҳои расида дар ҳамин ҳол мардуми ӯзбектабори Қирғизистон бидуни монеаи марзбонони қазоқ ба қаламрави ин кишвар ворид мешаванд.
Паноҳандагон бар мегарданд
Чулпонбек Турусбеков, муовини раиси хадамоти марзбонии Қирғизистон, аз бозгашти беш аз якуним ҳазор паноҳандагони кишвараш аз марзи Ӯзбекистон ба радиои Озодӣ хабар дод. Вай афзуд, шумораи умумии бозгаштагон метавонад аз ин бештарро ташкил кунад.
Аммо аз сӯи дигар дар ҳудуди 250 паноҳандаи қирғизтабор аз деҳаи Бараки вилояти Ӯш, ки гуфта мешавад, дар иҳотаи вилояти Намангони Ӯзбекистон қарор дорад, вориди марзи Қирғизистон шудаанд.
Аммо ҷониби Ӯзбекистон ин иттилоро рад кардааст ва гуфтааст, амнияти мардуми деҳаи Баракро нерӯҳои марзбонии ин кишвар таъмин хоҳанд кард.