Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии донишҷӯёни қирғизи шаҳри Хуҷанд


Даргириҳо ва низои қавмӣ дар ҷануби Қиргизистон сахттар аз ҳама ҷавонони қирғизро, ки дар вилояти Суғд бо кору таҳсил фаро гирифта шудаанд, нигарон кардааст.

Гурӯҳе аз донишҷӯёни қирғиз, ки дар бахшҳои мухталиф дар донишгоҳҳои Хуҷанд таҳсил мекунанд, аз вазъи кишварашон дар изтиробанд.

Фотеҳ Обидов, як сокини деҳаи Лайлаки Қирғизистон, ки донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аст, мегӯяд, аз он мутаассиф аст, ки садҳо ҳамсолони бегуноҳи ӯ дар шаҳрҳои Уш ва Ҷалолобод ба коми марг кашида шуданд.

Фотеҳ Обидов мегӯяд, ҳарчанд падару модар ва хешу пайвандонаш дур аз ин даргириҳо ба сар мебаранд, вале вазъи нооромиҳои ин шабурӯзӣ дар Қирғизистон ӯро ором намегузорад ва меҳаросад, ки фардо мавҷи ҷангу ҷидол ба деҳааш нарасад.

Исмигул Хоҷаева, сокини деҳаи Андарақи вилояти Ботканди Қирғизистон ва дигар аз донишҷӯёни Донишгоҳи Хуҷанд, мегӯяд, баъд аз тамошои фоҷеаи хунбор дар кишвараш тавассути телевизион, чанд рӯз мешавад, ки ӯро дарду ғам фаро гирифтааст.

Исмигул мегӯяд, як бародараш, дар донишгоҳи шаҳри Ҷалолобод таҳсил мекунад, вале мутаасифона, чанд рӯз мешавад, ки бар асари чунин гирудорҳои сиёсӣ наметавонад аз ӯ бохабар шавад. Вай мегӯяд, ки ҳоло хатти телефонҳо бастаасту гузаштан аз роҳи зодгоҳаш - Ботканд ба минтақаи Ҷалолобод душвор аст.

Салоҳиддин, як омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва дигар аз сокинони кишвари Қирғизистон, мегуяд, аз он ки дар кишвараш вазъ ноором аст, наметавонад баъди итмоми кори донишгоҳ ба кишвараш сафар кунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки гурӯҳе аз донишҷӯёни қирғиз дар Хуҷанд мегйянд, ҳоло таҳсил дар донишгоҳҳо ба охир мерасад, аммо онҳо дар изтиробанд, ки ба ҳангоми сафар дар кишварашон дубора мавҷи эътирозҳо сар назанад. Бархе аз ин мусоҳибонам мегӯянд, ки бо ба охир расидани машғулиятҳҳо тасмим доранд, мавсими таътили тобистонаи худро дар дар Хуҷанд сипарӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG