Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Рӯзи маҳшар” дар Қум


Тазоҳуроти ахир дар шаҳри Қумро коршиносон чун амали пешакӣ тарҳрезикардаи мақомоти Эрон ба хотири бастани даҳани рӯҳонёни маъруфи мухолифи Маҳмуди Аҳмадинажод арзёбӣ кардаанд.

Тазоҳуроту раҳпаймоии ҷонибдорони ҳукумат дар шаҳри Қум бо шиорзаниҳо алайҳи мухолифин дар канори манзили оятуллоҳ Юсуф Саноӣ, яке аз пуштибонҳои “Ҷунбиши сабз”- и Эрон, шурӯъ шуд. Онҳо ба мошини Маҳдии Каррубӣ, меҳмони оятуллоҳ Саноӣ, ҳамла карданд ва талош доштанд, ки аз хуруҷи раҳбари мухолифин аз Қум ҷилавгирӣ кунанд.

Сипас пуштибонҳои ҳукумат дафтарҳои кори оятуллоҳ Саноӣ ва оятуллоҳ Алии Мунтазириро мавриди кофтукоб қарор доданд. Оятуллоҳ Мунтазирӣ, ки аз пуштибонҳои нерӯҳои ислоҳотхоҳи Эрон маҳсуб мешуд, ним сол қабл оламро падруд гуфт ва ҳоло муқовимат бо ҳукуматро фарзандони ӯ идома медиҳанд.

Тазоҳургарон оятуллоҳ Саноиро “гумоштаи Амрико” ва набераи оятуллоҳ Хумайнӣ - Сайид Ҳасан Хумайниро, ки низ ба пуштибонҳои “Ҷунбиши сабз” аст, “фарзанди нолоиқи падар” хонданд. Онҳо талаб карданд, ки аз ин баъд Карубиву ҷонибдоронаш “даст аз сари ҳукумат, Ислом ва арзишҳои инқилобӣ” бардоранд. Тазоҳургарон ҳамчунин аз раҳбарони Эрон ва мақомоти шаҳри Қум хостанд, ки шаҳрро аз афроди, ба гуфтаи онҳо, “касиф”, пок кунанд.

Эътирози норозиён ё “тарҳи Хоманеӣ”

Аз нигоҳи шоҳидон ва коршиносон, тазоҳурот дар шаҳри Қум як амали пешакӣ тарҳрезишуда буд. Ҳусейн Каррубӣ, писари раҳбари мухолифини Эрон, ба сомонаи “Ҷарас” гуфтааст, “хуб ба назар мерасад, ки тазоҳургарон амреро иҷро мекарданд”. Сайид Мунтазирӣ, писари оятуллоҳ Алии Мунтазирӣ, дар сӯҳбат бо сомонаҳои мухолифин ба он нукта ишора кардааст, ки ҳамла ба дафтару манзили рӯҳониёни пуштибон аз “Ҷунбиши сабз” як рӯз баъд аз сафари раҳбари рӯҳонии кишвар оятуллоҳ Алии Хоманеӣ ба Қум сурат гирифтааст.

Ҳасан Шариатмадорӣ, сиёсатшиноси муқими Олмон ва писари рӯҳонии маъруф оятуллоҳ Козими Шариатмадорӣ, низ ҳадс мегӯяд, бидуни ризояти мақомот ва, аз ҷумла, Хоманеӣ сурат гирифтани ҳамлаҳои ахир ғайримумкин ба назар мерасад. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ӯ гуфт, ки “тасмимро дар ин бора асосан раҳбари рӯҳонии кишвар ваё раҳбарони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва нерӯҳои амниятии кишвар мегиранд”.

Мусавӣ: Таърих бароятон сабақомӯз набуд?

Баъд аз интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурии Эрон дар рӯзи 12 июни соли 2009 фақат чанд тан аз рӯҳониёни воломақоми шаҳри Қум Маҳмуди Аҳмадинажодро бо пирӯзӣ табрик гуфтанд. Шариатмадорӣ мегӯяд, “ҳамлаҳои ахир дар Қум як бахши маъракаи густарда ба хотири бастани даҳани рӯҳониёнест, ки худро аз ҳукумати Аҳмадинажод канор гирифтаанд”.

Ба гуфтаи Муҷтаба Воҳидӣ, сардабири пешини рӯзҳномаи ислоҳотхоҳон “Офтоби Язд”, ки айни ҳол дар Амрико ба сар мебарад, “ҳукумати Эрон мехоҳад қудрати худро аз тариқи зӯри бозӯ ва таъқибу фишор таҳким бубахшад”.

Дар ҳамин ҳол Мирҳусейни Мусавӣ, изҳор намуд, ки ҳамла ба дафтарҳои ду рӯҳонии маъруф дар шаҳри Қум қонунӣ будани ҳукумати феълии Эронро зери суол мебарад. Ӯ дар хатми изҳороташ, ки дар сомонаи интернетии Калима нашр шудааст, аз раҳбарони кишвар суол кардааст, “оё шумо ҳамла ба манзили имом Хумайнӣ дар рӯзи 5 июни соли 1963-ро, ки боиси намоишҳои оммавӣ гардид ва ҳамла дар моҳи феврали соли 1979-ро аз ёд бурдаед? Ва наход шумо аз он амалҳо сабақе набардоштаед?”.
XS
SM
MD
LG