Ҳамзамон нооромиҳо дар ҷануби Қирғизистон хотима наёфтааст, вале ҳукумати ин кишвар мегӯяд, вазъият рӯ ба беҳбудист.
Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон, гуфтааст, нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ бо пуштибонии ихтиёриён тавонистаанд, авзоъ дар ҷануби кишварро таҳти назорат дароранд.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир дар вилояти Ҷалолобод супурдани ихтиёрии силоҳ оғоз шудааст. Ва дар Ӯш тамоми ниҳодҳои давлатӣ дубора фаъол шудаанд.
Афзоиши паноҳандагон
Бино ба иттилои расида аз Қирғизистон, шумори паноҳандагони узбак торафт меафзояд. Созмони Байналмилалии Салиби Сурх гуфтааст, ки теъдоди фирориён, ки дар Узбакистон паноҳ бурдаанд ба 80 ҳазор нафар аст ва 15 ҳазори дигар омодаанд марзро убур кунанд.
Вале масъули Оҷонси СММ дар умури паноҳандагон Андрей Махечич мегӯяд, шумори гурезаҳо дар ҷануби Қирғизистон ба маротиб бештар аст ва то 275 ҳазор нафар мерасад.
Ахиран намояндаи СММ дар умури ҳақуқи башар Навил Пилау аз Узбакистон ва Тоҷикистон хоҳиш кард, ки марзи худро ба рӯи паноҳандагон боз кунанд.
Сафари намояндаи Амрико ба минтақа
Имрӯз Роберт Блейк, муовини вазири корҳои хориҷаи Амрико барои омӯзиши вазъ ба Осиёи Марказӣ вориди минтақа мешавад.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, дипломати баландпояи ИМА рӯзи чаҳоршанбе аввал ба Тошканд меравад ва сипас аз водии Фарғона, аз марз бо Қирғизистон боздид мекунад.
Тибқи дастури Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии Амрико, ҷаноби Блейк рӯзҳои ҷумъа ва шанбе барои машваратҳои мустақим бо мақомоти Қирғизистон дар Бишкек хоҳад буд.
СММ: Куштор дар Қирғизистон тарҳрезишуда буд
Созмони Милали Муттаҳид аз Қирғизистон даъват кард, барои хатми кушторҳои қавмӣ дар ҷануби ин кишвар зуд ва қотеона амал кунад. Навӣ Пиллай, куммиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар, аз Бишкек хост, ба хотири дифоъ аз мардум ба гунаи сареъ ва боқатъият дастбакор шавад. Ӯ гуфт, ин кушторҳо, аз ҷумла қатли атфол ва таҷовузҳо, дар заминаи қавмӣ рух додаанд.
Мақомоти Қирғизистон мегӯяд, тайи 5 рӯзи хушунатҳо алайҳи узбакҳо дар вилоёти ҷанубии Ӯшу Ҷалолобод дастикам 170 нафар кушта шудаанд. Аммо Салиби сурхи байналмилалӣ шумори қурбониёнро “ҳудуди чандсад нафар” мегӯяд.
Дафтари Навӣ Пиллай гуфт, ин хушунатҳо ба сари худ шурӯъ нашуда, балкӣ зоҳиран аз ҳамлаҳои ҳамоҳангшудаи афроди мусаллаҳи ниқобпӯш оғоз гирифтааст.
Донишҷӯёни тоҷикро аз Ӯш берун мекашанд
Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Асомуддин Саидов ба Радиои Озодӣ гуфт, донишҷӯёни тоҷикеро, ки дар ҷануб таҳсил мекунанд, имрӯз ба ватан бармегардонанд. Ба гуфтаи оқои Саидов, ин донишҷӯён ба Мурғоб хоҳанд рафт ва онҳоро то марз намояндаи вазорати умури хориҷаи Қирғизистон дар ҷануб ҳамроҳ бо намояндаи Тоҷикистон дар Ӯш гусел хоҳанд кард.
Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек дар вокуниш ба бурузи ошӯбҳо дар ҷануби Қирғизистон ҳамчунин як ситоди вижаи расидагӣ таъсис дода, ҳалли мушкилоти ба ватан баргаштани шаҳрвандони тоҷикеро, ки дар Бишкек ва вилоёти Ӯшу Ҷалолобод ва Бодканд ба сар мебаранд, ҳадафи аслии ин ситод унвон кардааст. Дар сафорат барои муроҷиати шаҳрвандон чанд хатти вижаи телефонро низ фаъол кардаанд.