Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёде аз Султони қалбҳо


Бо ибтикори аҳли завқ ва дилбохтагони ҳунари нотакрори Аҳмад Зоҳир, овозхони шаҳир, дар Душанбе як маҳфили ёдбуд бахшида ба зодрӯз ва ҳамзамон рӯзи вафоти ӯ баргузор шуд.

Ин маҳфил шоирону нависандагон, оҳангсозон ва овозхононро аз саросари Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ҷамъ овард ва як базми зебои шеъру тарона ва хотираҳои ширинро созмон дод. Толоре, ки ҳамчун маҳфилгоҳи ёдбуди Аҳмад Зоҳир интихоб шуда буд, барои ҳаводорон ва дилбохтагони санъату ҳунари Зоҳир тангӣ мекард.

Агар Аҳмад Зоир зинда буд, имрӯз, яъне 14-уми июн, 64-сола мешуд. Дар маҳфили ёдбуди Аҳмад Зоҳир ҳунармандони саршиноси тоҷик Ҷурабек Мурод, Ҷурабек Назрӣ ва овозхонҳо қариб аз тамоми нуқоти Тоҷикистон, ки сабку мактаби Аҳмад Зоҳирро пайравӣ мекунанд, ҳузур доштанд.

Пайвандгари қалбҳо

Чуноне Султони Ҳамад, аз пажӯҳишгарони зиндагтномаву санъати ин марди ҳунар ва аз созмондиҳандагони ин маҳфил, гуфт, таронаҳои Аҳмад Зоҳир тавонист баъди 31 соли реҳлаташ риштаҳои қалби чанд наслро ба ҳам бипайвандад ва базми султониеро ба вуҷуд орад.

Ҷурабеки Мурод, сарояндаи саршиноси тоҷик, зимни иҷрои таронае ба ёди Аҳмад Зоҳир дар бораи ӯ ва ошноиҳояш бо вай чунини ёдовар шуд:

«Дар як сафари ҳунарӣ ва консерте, ки дар Афғонистон мо ҳунармандони тоҷик доштем, ман суруди «Модар»-ро бар матни Мирзо Турсунзода хондам. Баъди хатми суруд Аҳмад Зоҳир ба наздам омад ва маро гарм дар оғӯш гирифт ва гуфт, ман суруди модар зиёд хондаам ва шунидаам, аммо суруди шумо диламро реш кард».


Ҷурбаке Назрӣ, донишманд ва ҳунарманди тоҷик, аз маҳфиле дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ёд кард ва гуфт, ки якҷо бо Аҳмад Зоҳир таронаи муштаракеро иҷро кардаанд, ки барояш мояи ифтихор ва басо хотирмон будааст.

Вай афзуд, «он базм, ки аз соати 11-и рӯз то 2-и шаб идома ёфт, боз барои он дар ёди ман мондааст, ки ҳам русу ҳам узбаку ҳам чинӣ, ҳама ҳозир буданд ва ҳама Аҳмад Зоҳирро яксон дӯст медоштанд. Мо дар канори ҳам нишаста ва таронаеро иҷро кардем, ки хеле писанди ҳозирин гашт. Ҳеҷ кас бовар намекард, ки мо ин таронаро бе ҳеҷ тайёрӣ иҷро кардем. Хеле мардум кафкӯбӣ карданд. Воқеан ӯ ҳунарманди нотакрор буд».

Маҳбубияти Аҳмади Зоҳир дар Тоҷикистон

Ва аммо адиби тоҷик Назри Яздон гуфт, яке аз сабабҳои маҳбубияти хосса пайдо кардани Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон, ин будааст, ки ӯ аслан бо забони ноби дарӣ хондааст ва дар татбиқи забони форсӣ ва мусиқии касбӣ хидмати чашмрасе кардааст.

Ва мегӯяд, «Аҳмад Зоҳир ва забони ӯ намунаи беҳтарини забони ноби тоҷикӣ, дарӣ ва ниҳоят форсӣ буд. Ширин мегуфт, ширин месуруд ва марди хоксор буд. Ман ҳам дар назди арвоҳи ӯ қарздорам ва чуноне устод Ҷурабек Назрӣ гуфтанд, ман низ чандин шабро дар сӯҳбати Аҳмад Зоҳир субҳ кардаам».

Аҳли ин маҳфили ёдбуди Аҳмад Зоҳир пешниҳод карданд, ки ҳар сол 14-уми июн маҳфили ёдбуди Аҳмад Зоҳир дар Душанбе бо ширкати ҳарчӣ бештари аҳли завқ ва дӯстдорони санъати ин марди ҳунар бо ширкати ҳаводорони ӯ аз ин се кишвари ҳамзабон – Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон баргузор гардад.

Аҳмад Зоир 33 сол умр дидаву аз ин миён танҳо 15 солашро, ки дар назди таърих чизе нест, сарфи эҷоди суруду оҳанг ва иҷрои онҳо кардааст. Дар тӯли ин 15 сол беш аз 600 оҳанг эҷод кардааст, ки ҳар кадоме бо зебоиву нотакрорӣ, бесобиқа мебошад. То имрӯз чандин китобҳо ва рисолаҳои илмӣ ва ҳунарӣ дар робита ба ҳаёту эҷодиёти Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон ва зодгоҳи ӯ - Афғонистони ҳамҷавор таълиф ёфтааст.

Ёде аз Аҳмад Зоҳир
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:16 0:00
XS
SM
MD
LG