Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳҷоизаи коргардони тоҷик дар Австрия


Филми коргардони ҷавони тоҷик Носир Саидов таҳти унвони «Қиёми рӯз» дар як ҷашнвораи байналмилалӣ, ки дар Австрия дар авоили моҳи июн доир шуд, ҳамчун беҳтарин филми ҳунарӣ дониста шуд ва барои беҳтарин кори коргардон ба гирифтани шоҳҷоизаи ин фестивал ноил гашт.

Мавзӯи филми «Қиёми рӯз», ки матни тсенарияш ба қалами адиб ва даромнависи тоҷик Сафар Ҳақдод таалуқ дорад, ҷаҳонӣ дониста шудааст. Дар меҳвари муҳтавои ин филм мавзӯи марз ва масоили марбут ба он дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷой гирифтааст.

Хатти сюжаи филм омехта ба сарнавиши қаҳрамонони филм сохта шуда, ки шоҳиди чандин мушкилот мешаванд, аз қабили минкорӣ шудани марз ва кушта шудани садҳо тан афроди бегуноҳ, маҳдуд гаштани рафтуомадҳо ва ҳамсоягӣ миёни кишварҳои пасошӯравӣ ва мавзӯи ҷовидонаи ишқ, ки на марзро мешиносад ва на ба сиёсатҳо коре дорад.

Мушкили филмсозӣ дар Тоҷикистон

Коргардони филм Носир Саидов мегӯяд, сохтани ин филм, ки маблағи зиёд ва фанновариҳои муосири филмсозиро тақозо мекард ва бе кумаки ҳамтоёни хориҷӣ наметавонист даст бидиҳад.

Вай афзуд, «мувофиқи талаботи фестивалҳои байналмилалӣ бояд филм бо формати 35 ва дар плёнка наворбардорӣ шавад, ки дар шароити душвори Тоҷикистон мушкил аст. Аз ин хотир мо техникаи филмбардориро аз Русия ва коргардони овозро аз Эрон даъват кардем. Маблағи бештари онро ширкати ТАЛКО пардохт. Инчунин созмонҳои байналмилалии молӣ ба мо кумак карданд.»

Ба гуфтаи оқои Саидов, мавзӯи филм ба он хотир писанди ҳакамон ва кулли тамошобинони хориҷӣ гашт, ки он тавонист барои мардумони дунё саҳфаҳои пӯшидаро боз кунад ва то андозае ҳақиқати ҳолро дар муносиботи ҳамсоядорӣ миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ кушояд.

Филми «Қиёми рӯз»-и коргардон Носир Саидов то кунун дар чандин фестивалҳои байналмилалӣ дар Белгия, Любксенбург, Ҳоланд, Ҳинд, Эрон ва дигар кишварҳо ширкат кардаву соҳиби ҷоизаҳо шудааст.
XS
SM
MD
LG