Муҳоҷирати табибон ба хориҷ тақрибан баробар бо муҳоҷирати кории шаҳрвандони дигар шурӯъ шуд ва ҳоло низ идома дорад. Коршиносони умури тиб мегӯянд, хуруҷи бахши бузурги табибон соҳаи беҳдоштро ба бӯҳрон рӯ ба рӯ кардааст.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи муҳоҷирати табибон омори дақиқа надоранд. Аммо, як мақоми вазорати беҳдошт, ки нахост номаш ошкор шавад гуфт, ки ҳазорон табиби ҳирфаӣ берун аз кишвар фаъолият доранд.
Соҳибназар Раҳмонов, муовини вазири беҳдошти кишвар зимни як нишасти матбуоти норасоии табибон дар кишварро ба заминаҳои заифи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ вобаста кард. Ӯ гуфт, «имрӯз мутахассисони собиқадори тоҷик дар кишварҳои Русия, Афғонистон ва Яман кор мекунанд, аммо дар дохил пизишкон намерасанд». Барои намуна дар табобати бемории рӯ ба густариши сил дар кишвар ба ҷойи 700 танҳо 200 табиб фаъолият мекунад.
Ҳамасола Донишгоҳи тибби Тоҷикистонро беш аз 800 нафар хатм мекунад, аммо аксар ворисони Сино Тоҷикистонро ҳамчун пойгоҳи таҷрибаомӯзи истифода мекунанд ва баробари ба истилоҳ "рост шудани дасташон" дар ҷустуҷӯи кор дар кишварҳои хориҷӣ мешаванд.
Назар Мирзода, роҳбари ҷамъияти тоҷикони Санкт Петербург, мегӯяд, ки дар ин вилоят 37 нафар табибони тоҷик кору зиндагӣ доранд ва ҳатто доктори ҳимоя кардаанд.
Табибони Тоҷикистон ба Афғонистон, Покистон, Саудия, Яман, Эрон ва Русия бештар муҳиҷрат мекунанд. Як масъули вазорати беҳдошти кишвар, ки нахост номаш ошкор шавад, гуфт феълан ҳудуди 1000 табиби тоҷик дар кишварҳои исломӣ бо маоши беҳтару зиндагии лоиқтар фаъолият доранд.
Маоши табиб – 10 доллар
Маоши табибони тоҷик аз 10 то 60 доллар аст, ки шояд барои таъмини панҷ рӯзи зиндагӣ кифоят кунад. Ба гуфтаи таҳлилгарони соҳа, ин ҳолат ба рушди фасодкорӣ дар сохторҳои тиббӣ ва худсарона пулакӣ шудани соҳаи тиб мусоидат карда, ризқу рӯзии табибонро ба ҷайби холии мардум вобаста кардааст.
Дилафрӯз Назарова яке аз садҳо хатмкардаи донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аст, ки ҳоло дар ҷумҳурии Яман кор мекунад. Ӯ баъди хатми донишгоҳ дар соли 1991 як муддат дар Тоҷикистон кор кард. Вале баъдан ҳамроҳи ҳамсараш, ки ҳарду ҳам табибанд, ба Яман кӯч баст.
Вай мегӯяд, «ман аввал тариқи созишнома омадам. Дар як моҳ маошам 1000 доллар аст. Илова бар ин дар ҷарроҳӣ иштирок мекардам аз ҳисоби даромади беморхона 5 дарсади дигар маош мегирам. Умуман дар як моҳ 1500 ё 1800 доллар мегирам. Ман дар Тоҷикистон ҳамагӣ 80 сомонӣ маош мегирифтам».
Дилафрӯз мегӯяд, ки ҳоло дар Яман 500 табиби тоҷик фаъолият дорад ва миёни онҳо ҳатто доктору профессорҳои соҳаи тиб низ ҳастанд.
400 табиби тоҷик ба Арабистон меравад
Бино ба иттилои Вазорати беҳдошти кишвар, дар асоси созишномаи байнидавлатии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, рӯзҳои наздик 400 табиби тоҷик ба ин кишвар сафар хоҳад кард. Хонум Дилором Набиева табиби таҷрибадор аст ва 20 сол собиқаи корӣ дорад. Ӯ мегӯяд, ки се сол аст барои дарёфти кор дар Саудия талош дорад, аммо муввафақ нашудааст.
Хонум Дилором мегӯяд, бо назардошти 20 соли собиқаи корӣ ҳамагӣ 280 сомонӣ муодили 60 доллари амрикоӣ маош мегирад ва асосан рӯзаш аз ҳисоби маризон мегузарад. Вай афзуд, «ҳамкорони мо ба Афғонистон, Яман, Саудия ва бештараш ба Москва рафтаанд. Вақте хабаргирӣ меоянд, мегӯянд, ки онҷо маоши хуб аст, зиндагии нағз доранд».
Аммо дар худи Тоҷикистон вазъи беҳдоштӣ бо хуруҷи ахири бемории фалаҷи ваҳшӣ, ки чандин кӯдакро кушта бар ҷой гузошт, ҷиддан зери суол омада, камбуди табибони ҳирфаӣ дар саросари кишвар ба мушкили рақами як табдил ёфтааст.
Маризиҳои гумноме, амсоли табларзаву домана ва фалаҷу саратону сил дубора ба Тоҷикистон баргашта нигарониҳеро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар ба бор овардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар тӯли даҳсолаи ахир зербинои беҳдоштӣ рушд накард ва хуруҷи табибони ҳирфаӣ ин вазъро боз ҳам печидатар кардааст.
Қонуни асосии кишвар хизмати ройгони тиббиро ба шаҳрвандон кафолат додааст. Танҳо баъзе бемористонҳо барои қабули духтар 5 сомонӣ пардохт мешавад. Аммо ба гуфтаи корафтодаҳо, ин соҳа кайҳост, ки пулакӣ шуда, табобати ҳар беморӣ ва ҳар ҷарроҳӣ нарху навои худро дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки бахши умдаи аҳолӣ дар фақр ба сар мебарад ва ба маблағе, ки ҳукумат барои табобати як бемор муайян кардааст, шояд мешавад як аспирин харид.
Табибони ҳирфаӣ ангуштшумор мешаванд
Русия аз кишварҳое дигарест, ки садҳо табиби ҳирфаии тоҷикро бо кору зиндагӣ фаро гирифтааст. Онҳое, ки дар Русия кор ёфтаанд, ҳамагӣ духтурҳои ботаҷриба буда, донишгоҳи тиббиро қабл аз шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ хатм кардаанд. Дар зимн Русия фақат ва фақат он мутахассисони соҳаи тибро ба кор даъват мекунад, ки агар донишгоҳро то соли 1992 хатм карда бошанд.
Дар даҳсолаҳои ахир Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, яке аз донишгоҳҳои беҳтарини Шӯравии собиқ, бо мутахассисони бесифат обрӯи қаблии худро тақрибан аз даст додааст ва шогирдоне, ки акнун ин боргоҳ омода мекунад баъди хатм ба таълиму тамрини тулонӣ ниёз доранд.
Аммо Саломиддин Юсуфов, як масъули вазорати беҳдоштӣ Тоҷикистон ва ҳамзамон устоди Донишгоҳи тиббӣ, ин ақидаро рад мекунад ва мегӯяд, ки ҳоло ҳам базаи донишгоҳ хуб аст ва табибони ҳирфаи тайор карда мешавад.
Аммо, суоли матраҳ ин аст, ки чаро Тоҷикистон корвони табибони хешро бо назардошти ҳифзи саломатии ҷомеа нигоҳ намедорад?
Табибон рафтанд, миллат мариз шуд
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати дигари ман Насима Абдураҳмонова, хабарнигори тоҷик, имрӯз сохтори беҳдоштии Тоҷикистон ба сад мушкил рӯ ба рӯ аст. Агар аз як тараф хуруҷи табибони ҳирфаӣ ва набудани давову дармони дуруст ба сиҳатии мардум таъсири бад расонида бошад, аз тарафи дигар дар ватан онҳое мондаанд, ки таҷриба надоранд ва касби худро на ҳамчун хизмат ба мардум ё кори савоб, балки ҳамчун як бизнес қабул кардаанд.
Хонум Насима чанд рӯз қабл дар яке аз беморхонаҳои Душанбе бистари буда, шоҳиди чандин ҳолати ногувор шудааст. Вай мегӯяд, дардовар ин аст, ки табибон бо беморон меҳрубон нестанд, шафқат надоранд, дағалӣ мекунанд ва бо беморон бо назардошти табақа муносибат мекунанд: «Агар одами пулдор бошӣ, муносибати хуб мекунанд, оддӣ бошӣ, аҳамият намедиҳанд. Камбизоатро ба сараш дод зада муносибат мекунад».
Насима аз таҷрибаи талхи худ дар яке аз бемористонҳои Душанбе нақл кард ва гуфт ба табиби воқеӣ будани баъзе кормандони ин соҳа шак дорад.
Вай афзуд, «кӯдакам дар батнам мурда буд, вақте муроҷиат кардам саросема 500 сомон талаб карда, тоза карданд ва маро баъди як рӯз ҷавоб доданд. Боз ҳолатам бад шуд, дуюмбора рафтам, гуфтанд, ки ҳоло ҳам пурра тоза нашудааст. Боз дувумбора наркоз дода ҷарроҳӣ карданд. Акнун табибон мегӯянд, эҳтимол аст, ки ҳомиладор нашавӣ».
Вазъи шаҳрҳо дар муқоиса бо деҳот каме беҳтар аст. Дар деҳоти дурдаст табибон намерасанд. Барои намуна Ҷамила, ки дар яке ноҳияҳои Хатлон табиб аст, мегӯяд, ҳамагӣ 160 сомонӣ маош мегирад. Ҷамила аз рӯи ихтисос хоҳари шафқат аст, аммо аз сабаби он, ки дар деҳаи онҳо пизишки сатҳи олӣ нест, ӯро сардухтури беморхонаи деҳа таъин карданд.
Чӣ бояд кард?
Вакили Маҷлиси Намояндагон Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки мавзӯи муҳоҷирати саросарии табибон ва пайомади онро бояд ҷиддӣ баррасӣ кард ва бояд давлат дар ин робита тадбир биандешад.
Вай афзуд, «аз ин ҳисоби манбаъҳои даромади ғайрибуҷавӣ давлат имкон дорад, маоши табибонро беҳтар кунад. Ҳарчанд, ки аз ҳисоби буҷа ҳам маблағи зиёд ҷудо шудааст, аммо ин кифоя намекунад. Ҳоло табибони ҳирфаӣ аз Тоҷикистон рафтаанд. Онҳое мондаанд, ки баъди Шӯравӣ Донишгоҳи тиббиро хатм кардаанд ва сатҳи касбиашон паст аст. Бубинед чи қадар мардум мемурад, бемориҳо рӯ зада истодаанд.»
“Сиҳатии миллат – боигарии давлат”. Ин шиорест, ки вазорати беҳдошт онро тақрибан дар ҳар бемористони кишвар насб кардааст. Аммо худи табибон мегӯянд, соҳаи тибро намешавад бо шиорпартоӣ обод кард ва меафзоянд, бархурд ба ин соҳаи муҳимро бояд ислоҳу танзим кард. Вагарна дар ояндаи наздик на сиҳат мемонад, на боигарӣ.