Гуфта мешавад дар бархе аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе ва атрофи он, нархи 1 литр бензин ҳатто ба 4 сомониву 40 ё 50 дирам низ расидааст.
"Газпромнефт-Тоҷикистон" дар баёнияи худ гуфтааст, азбаски ҳукумати Федерасюни Русия пардохт аз содироти маводи сӯхти содиршавандаро моҳ ба моҳ ва бо назардошти нархҳои ҷаҳонӣ тағйир хоҳад дод, нархи бензин дар Тоҷикистон ба сурати умум 93 дирам афзоиш хоҳад ёфт.
Ҳукумати Русия пардохти навро дар аввали моҳи май ҷорӣ карда буд, ки сабаби ҷаҳиши нархи бензин дар Тоҷикистон шудааст.
260 вагони дар банди бензин
Ширкати "Газпромнефт - Тоҷикистон" ҳамчунин гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир 260 вагони ҳомили бензин ва анвоъи дигари сӯзишвории ин ширкат дар қаламрави Узбакистон дар банд модааст. Бино бар ин ба гуфтаи масъулини ширкати "Газпромнефт - Тоҷикистон" ин ширкат маҷбур шудааст, то кунун ба далели нарасидани ин вагонҳо ба ҳамкорони худ, ки созишнома бо онҳоро натавонистааст иҷро намояд, ҳудуди 1 миллиону 300 ҳазор доллар ҷарима пардохт кунад.
Аммо дар ҳоли ҳозир ба гуфтаи масъулини ин ширкат тавқифи вагонҳо дар Узбакистон боиси боло рафтани қиммати бензин дар Тоҷикистон нашудааст. Балки ширкатҳои воридкунанда ва давлат аз ҳисоби захираҳои эҳтиётӣ то кунун тавонистаанд, қиммати бензинро дар як мизон ҳифз кунанд.
"Газпромнефт-Тоҷикистон" умдатарин ширкати воридкунандаи бензин ба Тоҷикистон мебошад, ки бештар аз 60 дар сади бозори маводи сӯхт дар кишварро дар ихтиёр дорад.