Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё ҷазову танбеҳ роҳи тарбияи кӯдак аст?


Дар Душанбе агар аз кӯдакону наврасон бипурсед, ки дар сурати саркашӣ кардан аз фармон ва хостаҳои волидону пайвандонашон онҳоро чӣ интизор хоҳад буд, посухи ағлаби онҳо як аст - «Мезананд».

Наврасони ҳамсӯҳбати мо мегӯянд, қариб ҳамаи амалҳои нохушоянди онҳо бе ҷазо намемонад:

  • «Дар кӯча бозӣ карда корҳои хонаро фаромӯш кунам, модарам мезанад».
  • «Мисол модарам ягон кор фармояд, накунам, бо сим, чӯб ва тасма мезанад.»
  • «Агар бедабӣ ва кори бад кардиву ба ҳарфашон гӯш накардӣ, мезананд. Як дафъа дуздӣ кардам, падарам бо тасма зад».

Як гурӯҳи наврасон истифодаи зӯровариро нисбат ба худ аз ҷониби падару модар дуруст намешуморанд. Барои бархеи дигар аз сӯи волидон латтукӯб ва сарзаниш шудан амалӣ табиист. Аммо тарафдорони ин ақида ҳам бар он боваранд, ки дар оянда дар тарбияи фарзандони худ ҳатман аз ҳамин усул истифода нахоҳанд бурд:

  • «Вақте кӯдак гуноҳ кард, бояд ӯро назананд, балки фаҳмонанд. Ҳар қадаре, ки ӯро зананд, ҳамон қадар ба роҳи бад меравад».
  • «Кори бад кардем зананд, дуруст аст. Дар оянда агар фарзандони мо ҳам гапнодаро бошанд, албатта мезанем».

Ҷазо - гарави боадабӣ?

Дар ин замина волидон низ андешаи худро доранд ва аксари онҳо мегӯянд, назорати ҷиддӣ аз рӯи фарзандон гарави ботарбия ва фармонбардор будани онҳост. Хонум Салима, модари ҳафт фарзанд, мегӯяд, ба вижа барои насли имрӯз набуди дасти пурзӯр дар оила боиси худсар ва гапнодаро ба воя расидани фарзандон мегардад. Вай бар ин назар аст, ки мавҷудияти тарс аз волидон монеи ба роҳи бад рафтани фарзандон мешавад.

Истифодаи зуроварӣ ва ба вуҷуд овардани ҳисси тарсу ҳарос аз волидон усули муваффақи тарбия арзёбӣ намешавад, балки дар оила пеш аз ҳама фазои эҳтирому боварӣ ба ҳамдигар бояд таъмин бошад, мегӯяд Зебо Шарифова, иҷрокунандаи раҳбари Лигаи занҳои ҳуқуқшиноси Тоҷикистон.

Аммо бо ин вуҷуд хонум Шарифова меафзояд, ҷазо ҳам хусусияти тарбиявӣ дорад, ки барои ба роҳи дуруст ба воя расонидани кӯдакон мусоидат мекунад, вале он набояд бераҳмона бошад. Ҳар қадаре, ки волидон нисбати кӯдакон зӯроварӣ ва муносибати бераҳмонаро раво бинанд, ҳамон қадар онҳо ба ин муҳит одат мекунанд ва сангдил ба воя мерасанд, ки ин ҳама ба муносибати онҳо бо атрофиён ва зиндагиашон дар ҷомеъа бетаъсир намемонад, мегӯяд ӯ.

"Зулм барои инсон нест"

«Зулм барои инсон нест, зеро он мавҷудоти муқаддас аст ва барои дарки иштибоҳҳои худ худованд барояш шуур додааст», -мегӯяд Аҷик Пирназаров, падари 70-солаи ҳафт фарзанд. Вай меафзояд, дар тарбияи ҷигарбандонаш хеле ҷиддӣ буд, аммо ҳеҷ гоҳ ба рӯяшон даст боло накардааст. Зеро ситам дили инсонро озурда месозад, озурдагӣ тухми кинаву адоват ва бадбиниро дар ниҳоди фарзанд нисбат ба волидон ва зиндагӣ афзун мекунад.

Равоншиносон мегӯянд, муносибати дағал ва таънаву маломати барзиёди волидон нисбат ба фарзандон боиси шикастаруҳиионҳо мегардад, ки дар баъзе ҳолатҳо ба худкушӣ ё фирор аз хона меорад. Фарзанд дар шахсияти волидон такягоҳ ва паноҳгоҳро бояд бубинад ва эътимод дошта бошад, ки бо онҳо будан ӯро аз ҳар гуна осеб эмин нигоҳ медорад.

Пайомадҳои ҷазову танбеҳи кӯдакон

Зарина Кенҷаева, равоншиноси тоҷик, мегӯяд, муҳити оила дар ташаккули шахсияти кӯдак бетаъсир нест. Вай меафзояд, одатан дар зиндагӣ нафароне муваффақ мешаванд, ки дар муҳити озод ба воя расида, волидонашон аз хурди ба ҳуқуқҳои онҳо эҳтиром гузоштаанд.

Вай гуфт, «мо ду писарро мушоҳида карда будем. Яке аз оилае буд, ки падараш золим буд ва ҳамеша ӯро латтукӯб мекард ва ҳатто сухан гуфтан намемонд ва дуввум фарзанди оилаи озоду бофаҳм. Писари аввалӣ хеле тарсу буд, ҳатто фикрашро баён карда наметавонист. Писари дуввум баръакс, хеле фаъол».

Бархе аз ҳуқуқшиносони тоҷик мегӯянд, дар самти ҳимояи кӯдакон аз зуроварӣ ва хушунати хонаводаӣ қонунгузории кишвар номукаммал аст. Ҳуқуқшинос Зебо Шарифова, мегӯяд, дар Тоҷикистон қонуни пешгирии хушунати хонаводаӣ ба тасвиб нарасидааст. Аз ин рӯ волидон вобаста ба инсоф ва дарки худ бо фарзандонашон ҳар муносибатеро, ки мехоҳанд, раво мебинанд.

Аммо Тоҷикистон созишномаи ҳуқуқи кӯдакро, ки аз ҷониби СММ бо пешниҳод шуда буд, ба тасвиб расонидааст ва ӯҳдадор шудааст, ки ҳуқуқҳои дар ин санади байнулмилалӣ зикршударо барои кӯдакони тоҷик таъмин намояд.
XS
SM
MD
LG