Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонӣ, бекорӣ, танҳоӣ, ...


Ҷавонони тоҷик назар ба насли бузургсоли кишвар худро танҳотар эҳсос мекунанд. Маъмулан онҳо бо ин ҳиссиёт замоне рӯ ба рӯ мешаванд, ки дар ҳалли мушкиле оҷиз мемонанд.

Равоншиносон собит кардаанд, ки эҳсоси танҳоӣ рӯҳияи одамиро ба тамом дар бар мегирад ва шахси танҳо худро бадбахт мешуморад ва бо ҳамин равони вай шикаставу эътимодаш ба зиндагӣ заъф мегардад.

Мусоҳибони ҷавони мо мегӯянд, дар лаҳзаҳои барояшон муҳим ва мушкил надидани кӯмаки волидон ва нашунидани машваратҳои муфид аз ҷониби дӯстон онҳоро барои муддате рӯҳафтода мекунад ва баъзеяшро гӯшанишин.

Камбуди иқтисодӣ, ишқи беҷавоб, хушунат дар оила ва дастгирӣ наёфтан аз ҷониби атрофиён боиси он мешавад, ки теъдоди ҳарчӣ бештари ҷавонони тоҷик худро танҳо эҳсос кунанд. Ва ҳар яке барои берун омадан аз ин вазъи бӯҳронӣ дар алоҳидагӣ кӯшиш мекунад ва аксаран роҳеро интихоб менамоянд, ки зиндагии минбаъдаашонро талхтар месозад.

Аз танҳоӣ ба майпарастӣ

Акмал, яке аз мусоҳибони мо, гуфт,баъзе аз ҳамсолонашро медонад, ки барои дур кардани ҳамин эҳсос ё майпараст шудаанд ва ё нашъам шудаанд.

Ҳамчунин дар ин авохир ҷомеаи Тоҷикистонро тамоюли афзоиши мизони худкушӣ нигарон кардааст. Хонандае баҳои ду мегираду худро ба дор меовезад, духтари наврасе аз ишқи беҷавоб ҷисмашро оташ мезанад. Чунин мисолҳоро ин шабу рӯз аз ҳар гӯшаву канор ва минтақаи Тоҷикистон шунидан мумкин аст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии кишвар, мегӯяд, як иллати аслии сар задани чунин амалҳо дар сари вақт аз сӯи волидон эҳсос накардани танҳоии фарзандонашон аст. Ба гуфтаи вай, дар чанд моҳи ахир дар минтақаҳои мухталифи кишвар сад нафар даст ба худкушӣ задааст.

Ҷавонони бекор


Дар ҳамин ҳол ҷомеашинос Саъдӣ Юсуфӣ мегӯяд, талошҳои номуваффақи ҷавонон барои пайдо кардани ҷойи кори мусоид ва доштани ҳаёти ором дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки дар давраи гузариш қарор дорад, онҳоро ба кӯи ноумедӣ ва танҳоӣ мебарад.

Вале аз сӯи дигар, мегӯяд Саъдӣ Юсуфӣ, боз ҳам дар Тоҷикистон ба далели шарқӣ будан ва фарҳанги динӣ доштан ҳамчунин ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳаёти оиладорӣ решаи амиқ доранд ва бинобар ин метавонанд таскинбахши нафарони танҳо бошанд ва барои раҳо шудан аз ин эҳсос мусоидат кунанд.

Гурез ба ҷаҳони виртуалӣ

Гуфта мешавад, бо рушди технологияи навин ва пайдоиши ҳар гуна барномаҳои муоширатӣ дар тури ҷаҳонӣ, теъдоде аз ҷавонон барои гурехтан аз танҳоӣ бо дӯстони, ба истилоҳ, вертуалӣ аз эҳсоси худ мегӯянд ва ҳамзамон табодули назар мекунанд.

Аммо равоншиносон бар инанд, ки ин бо ин тарзи муошират танҳоиро метавон барои муддате фаромӯш кард. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Нодир Амонов, равоншиноси тоҷик, беҳтар аст агар шахс шарикони худро дар ҳаёти воқеӣ биҷӯяд, зеро ба ҳангоми тӯлонӣ қарор доштан дар чунин ҳолат шахс аз зиндагии воқеӣ дур мешавад.

Давои танҳоӣ

Нодир Амонов афзуд, ин ҳолат дар шахс метавонад нотавонӣ, нобоварӣ ва нокомиро ба вуҷуд биёрад. Ва шахс бо ин гуна ҳиссиёт наметавонад ба мақсад бирасад. Аз ин рӯ бояд қабл аз ҳама ҳар як нафар, ки худро танҳо меҳисобад, аз он биандешад, ки шояд гуноҳ ва иштибоҳ дар худи ӯст, ки наметавонад бо дигарон забон ёбад.

Ба онҳое, ки шояд ҳоло худро танҳо эҳсос мекунанд, равоншиносон машварат медиҳанд, ки ҳар қадаре метавонед хушгуфторӣ ва хушрафториро дар худ ташаккул бидиҳед. Зеро чеҳраи хандон ва муомилаи хуб ҳатман таваҷҷӯҳи пайвандон ва атрофиёнро ба шумо ҷалб мекунад ва онҳо ҳаргиз намегузоранд, ки шумо бо мушкилоти худ танҳо бошед.
XS
SM
MD
LG