Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳсҳои дипломатӣ дар пайи қазияи "Новгони Озодӣ"


Авоқиби ҳуҷуми Исроил ба корвони кумакҳои имдодӣ ба Ғазза ҷаҳони дипломатиро тасарруф кардааст. Туркия ба бозрасии байнулмилалии ин қазия даъват кардааст ва Русия, ИМА, ИА ва СММ роҳҳои бозрасиро баҳс хоҳанд кард.

Аммо Исроил пешниҳоди Созмони Милал ҷиҳати ба роҳ мондани бозрасии байнулмилалиро рад кардааст.

Туркия аз Исроил даъват кардааст, ки пажӯҳиши байнулмилалӣ дар ҳодисаи куштори 9 фаъол дар корвони маводи имдодӣ ба Ғаззаро бипазирад. Вазири хориҷии ин кишвар Аҳмад Довудоғлу гуфт, ки агар Исроил ин гуна пешниҳодро напазирад, ин ба маъноест, ки "чизе барои пинҳон кардан дорад".

Дар ҷараёни ҳуҷуми Командоси Исроил ба корвон дар таърихи 31-уми Май асосан туркҳо кушта шуданд.

Даъвати таъсиси комиссиюни бозҷӯӣ

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кардааст, ки комиссиюни бозҷӯӣ аз намояндагони миллатҳои мухталиф ва як раҳбари бетараф созмон дода шавад. Аммо Майкл Орен, намояндаи Исроил дар Амрико гуфтааст, ки Исроил ҳамчун як давлати демократӣ ҳақ дорад бозҷӯии умури худро ба роҳ монад. Аммо ӯ ишора кард, ки Исроил бо Иёлоти Муттаҳида шакли бозҷӯиро баррасӣ мекунанд.

Бахши аъзами давлатҳо пофишорӣ доранд, ки ягона роҳи пажӯҳиши қобили боварӣ таъсиси комиссиюн бо ширкати байнулмилалист. Вазири хориҷии Бритониё Уилиям Ҳоуге рӯзи якшанбе зимни нишасти хабарӣ дар Париж гуфт, "бисёр муҳим аст, ки бозҷӯии ҳадисаи корвони Ғазза хеле сареъ, бетарафона, боварибахш ва рӯшану ошкоро баррасӣ шавад. Ба андешаи мо, хуб аст, агар дар ин гурӯҳ ҳузури ҳадди ақали байнулмилалӣ мавҷуд бошад."

Дар ин нишасти матбуотӣ вазири хориҷии Фаронса Бернард Кучнер низ ба зарурати ширкати гурӯҳи густарда дар ин ҳодиса таъкид кард.

Мулоқоти чаҳоргонаи сулҳи Ховари Миёна

Дар ҳамин ҳол интизор меравад, чаҳоргонаи сулҳи Ховари Миёна - Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид роҳҳои пажӯҳиши ҳуҷуми Исроил ба корвони Ғаззаро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

Сарфи назар аз чигунагии сохтор комиссиюни бозҷӯӣ бояд сабабҳои кушта шудани 9 фаъол аз ҷониби нерӯҳои Командоси Исроилро таҳқиқ кунад. Киштинишонон иддао доранд, ки ҳануз пои нерӯҳои Командос ба замин нарасида, онҳо тирпаррониро шурӯъ карданд. Исроил иддао пеш меорад, ки нерӯҳои он танҳо ба хотири дифои худ оташ кушодаанд.

Вазири хориҷии Фаронса Бернард Кучнер ҳамчунин ба сабукӣ дар муҳосираи баҳрии Ғазза ишора кард ва гуфт, ба хотири рафъи шакку шубҳа, Иттиҳоди Аврупо омода аст борҳои имдодиро мавриди санҷиш қарор диҳад. Қаблан Иттиҳоди Аврупо муҳосираи Ғаззаро амали ғайриқобили қабул хонда ба хатми он даъват карда буд.

Нақшаи Эрон барои рахнаи муҳосираи Ғазза

Исроил мегӯяд, монеаҳои вуруд ба Ғазза ба он хотир гузошта шудаанд, ки силоҳу лавозимоти ҷангӣ ба дасти Ҳаммос наафтанд.

Ҳаммос аз ҷониби Эрон пуштибонӣ мешавад, ки таҳдид кардааст, муҳосираи Ғаззаро бо роҳи низомӣ шикоф хоҳад кард. Хабаргузории наздик ба мақомоти Эрон – “Меҳр” гуфтааст, ки Сипоҳи Посдорони Инқилоб барои интиқоли киштиҳо ба Ғазза эскорти низомӣ пешниҳод кардааст.

Алӣ Шерозӣ, намояндаи раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ дар Сипоҳи Посдорони Инқилоб гуфтааст, ки нерӯҳои дарёии Эрон бо истифода аз ҳамаи имконоти худ киштиҳоро то Ғазза сафарбар хоҳанд кард. Аммо рушан нест, ки оё ҳадаф аз ин гуфтаҳо раҳбаладии ду киштии Ҳилоли Аҳмари Эрон аст, ки авохири ҳафта ба Ғазза раҳсипор мешаванд, ё хайр.
XS
SM
MD
LG