Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Раҳмон барои дидори як ба як бо Каримов


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти Созмони ҳамкории Шонгҳой дар Тошканд ширкат хоҳад кард. Интизор меравад, мулоқоти як ба яки ӯ бо Ислом Каримов баргузор шавад.

Ин хабарро Зафар Раҳимҷонов, консули сафорати Узбакистон дар Душанбе, дар як сӯҳбати бидуни микрофон ба радиои Озодӣ баён кард. Ба гуфтаи вай, саммити СҲШ рӯзҳои 10 ва 11 июн дар пойтахти Узбакистон доир хоҳад шуд ва ҳама сарони кишварҳои узв ва кишварҳои нозир дар ин созмон барои ширкат дар он даъват шудаанд.

Умедҳо аз мулоқоти рӯ ба рӯ

Соҳибназарон ба сафари президент Раҳмон ба Тошканд ва ширкати вай дар саммити сарони СҲШ ва ҳамчунин мулоқоти рӯ ба рӯи бо Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, менигарад ва онро қадами ҷиддӣ барои дарёфти роҳи ҳалли мушкилоти мавҷуд дар муносиботи миёни ду кишвари ҳамсоя медонанд.

Саймиддин Дӯстов, таҳлилгари тоҷик, ширкати Раҳмон дар ин нишастро барои бароварда кардани манфиатҳои Тоҷикистон зарурӣ медонад. Вай мегӯяд, «бо вуҷуди мушкилот дар муносибот бояд ин сафар сурат бигирад. Зеро Тоҷикистон дар СҲШ тааҳҳудотеро дорад ва бояд барои иҷрои ин тааҳҳудот ва ҳамчунин барои ҳифзи манфиатҳои худ бояд аз ин майдон ё саҳна истифода кунад».

Аммо Сафари Абдулаҳад, коршиноси масоили сиёсӣ, нишасти Тошкандро фурсати муносибе барои баррасӣ ва ҳалли танишҳои мавҷуд дар муносиботи Тоҷикистон ва Узбакистон арзёбӣ кард.

Вай гуфт, “тамоми мардуми Тоҷикистон ва Узбакистон инчунин мулоқоти рӯ ба рӯи президентони ду кишварро интизоранд. Зеро мушкилоти мавҷуд дар муносиботи ду кишвар, аз ҷумла боздошти вагонҳои Тоҷикистон, мухолифат ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва дигар масоилро, Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов метавонанд бидуни миёнҷигарӣ баррасӣ ва ҳал кунанд".

Миёнҷигариҳои бенатиҷаи СММ

Ин дар ҳолест, ки талошҳои созмонҳои байналмилалӣ, бахусус СММ барои аз байн бурдани ихтилофи назарҳои миёни Тоҷикистон ва Узбакистон то ба ҳол натиҷаи муассире надододааст.

Соҳибназарон мегӯяд, танҳо гузаштҳое аз сӯи президентони Тоҷикистон ва Узбакистон метавонад омили рӯ ба беҳбуд гароидани муносиботи ҳар ду кишвари ҳамося шавад. Вале дар ҳар сурат ин соҳибназарон бар ин боваранд, ки дар назди президент Раҳмон масъулияти бузургеро барои моил кардани Тошканд ба муносибати дӯстона ва мутақобилан судманд, рӯ дорад.

Ҳамроҳ бо Аҳмадинажод ба Тошканд

Аз эҳтимол дур нест, ки президенти Тоҷикистон ҳамроҳ бо президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тошканд сафар кунад. Эрон дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой мақоми нозирро касб кардааст ва Тоҷикистон яке аз тарафдорони узвияти комили Ҷумҳурии Исломӣ дар ин созмон аст.

Аммо қабл аз сафар ба Тошканд раисҷумҳури Эрон дар конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи " Об ба хотири ҳаёт", ки таърихи 8 то 10 июн дар шаҳри Душанбе доир мешавад, иштирок хоҳад кард.

Рӯзи ҷумъа Давлат Назриев, сӯхангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ин бора гуфт, “Маҳмуди Аҳмадинажод таърихи 9 июн ба Тоҷикистон меояд ва ин сафар корӣ хоҳад буд. Раисиҷумҳури Эрон мулоқотҳоеро анҷом хоҳад дод ва дар яке аз ҷаласаҳои муштараки конфронс бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон низ ҳузур пайдо хоҳад кард».

Доираҳои мухталиф ширкати раисиҷумҳури Эрон дар конфронси байналмилалии об дар Душанберо ба маънии ҳимояти ҷиддии Тоҷикистон тавассути Теҳрон дар масоили муҳими минтақаӣ, ба хусус истифодаи захоири обу энержӣ, арзёбӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG