Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи нави СММ барои коҳиши бекорӣ дар Тоҷикистон


Меҳвари аслии барномаи «Рушди инсон дар Тоҷикистон» коҳиши теъдоди бекорон ва расидагӣ ба масоили муҳоҷирати корист, ки аз сӯи Барномаи рушди СММ пешниҳод шудааст.

Ин барнома дар ҳоли ҳозир дар дасти баррасии ниҳоду вазоратхонаҳои зидахли Тоҷикистон қарор дорад. Сафарбек Солиев, коршиноси Барномаи рушди СММ, мегӯяд, «шуғл, ё ба кор таъмин кардани мардум яке аз масоили мубрами Тоҷикистон аст ва ба ин далел мо барои таҳияи ин барнома донишмандони иқтисод ва бахши иҷтимои Тоҷикистонро даъват кардем ва онҳо ин гузоришро омода сохтанд».

Ба гуфтаи Созмони Милали Муттаҳид, ин барнома дар маҷмӯъ ба ҳамаи бахшҳои рушди инсон, азҷумла масъалаи коҳиши камбизоатӣ низ робита дорад.

Тарҳи коҳиши бекорӣ

Фирӯз Саидов, таҳлилгари маркази мутолеоти стратегии дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи муҳтавои барномаи «Рушди инсон» дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ин барнома аз тарҳҳои қаблӣ фарқ дорад. Вай афзуд, «меҳвари аслии ин барнома ба кор таъмин кардани мардум, ҳалли масоили демографӣ, муҳоҷирати корӣ, паҳлӯҳои судманду манфии ин раванд ва ҳамчунин тарбияи кадрҳо барои бозори дохилӣ ва хориҷии кор аст».

Ба гуфтаи Фирӯз Саидов, нерӯи корӣ дар Тоҷикистон, мисли нерӯи барқ, об ва захираҳои табиӣ, дороии миллӣ ҳисоб меёбад. Ва ба ин далел барномаи «Рушди инсон» барои Тоҷикистон, ки нерӯи кории зиёд дорад, судманд ба назар мерасад.

Шубҳаи коршиносон

Аммо бархе аз коршиносон иҷрои ин барнома, ба хусус дар самти ба ҷои кор таъмин кардани теъдоди зиёди бекоронро баъид медонанд.
Раҳматулло Валиев, коршиноси минтақа мегӯяд, «агар Тоҷикистон бихоҳад, бекориро коҳиш диҳад, дар он сурат бояд ба ҳалли масъалаҳои умда, аз ҷумла сохтмони корхонаҳои тавлидӣ даст занад, ки онҳо дар як сол иҷрошаванда нестанд».

Ба гуфтаи Фирӯз Саидов, таҳлилгари маркази мутолеоти стратегии дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи «Рушди инсон» дар Тоҷикистон аз сӯи созмонҳои байунлмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Сандуқи байнулмилалии пул, Бонки осиёии рушд, сармоягузорӣ мешавад. Ин тарҳ ҳуҷҷатест, ки аз рӯи он созмонҳои сармоягузор метавонанд ба Тоҷикистон кумакҳои молӣ кунанд.

Аммо Раҳматулло Валиев тарҳрезӣ ва тасвиби ин барномаҳоро танҳо ба хотири ба даст овардани кумакҳои молии ниҳодҳои сармоягузори хориҷӣ медонад. Вай мегӯяд, «ин барномаҳо барои он иҷро намешавад, ки аз як сӯ касод дар миёни мақомоти мо афзоиш ёфтааст ва аз сӯи дигар он нафароне, ки дар иҷрои ин барномаҳо масъуланд, шахсони тасодуфӣ буда, дар фасод даст доранд ва кумакҳои молиии созмонҳои ҷаҳониро бо мақсадҳои дигар истифода мебаранд. Ба ҳамин далел давлат дар иҷрои онҳо ноком аст».

Барномаи нокоми ҳукумат

Тоҷикистон чанд соли қабл барномаи вижаи коҳиши камбизоатӣ дошт, ки аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байнулмилалии пул сармоягузорӣ мешуд. Ва тақрибан ду соли қабл дар ҷараёни аудити Бонки миллӣ аз сӯи ширкати «Эрнст энд Янг»-и бритониёӣ ошкор шуд, ки маблағҳои барои коҳиши камбизоатӣ ироашударо барои додани қарз ба кишоварзон истифода кардаанд.

Пас аз ин ҳодиса барномаи вижаи коҳиши камбизоатӣ дигар матраҳ нашуд. Ҳоло ин барнома дар маҷмӯъ буҷаи солонаи ҷумҳурӣ унвон мешавад.

Ба ин далел бархе аз коршиносон мутмаинанд, ки тақдири барномаи «Рушди инсон» дар Тоҷикистон, агар тасвиб шавад ҳам, чунин сарнавиштеро интизор дорад.
XS
SM
MD
LG