Зимистони соли ҷорӣ мактаббачагони Тоҷикистон мувофиқи фармони вазири маориф бештар таътил карда буданд ва дар ивазаш дар охири мавсим як ҳафта зиёдтар таҳсил карданд.
Аммо барои соли чаҳорум аст, ки занги охир дар кишвар расмӣ ва мухтасар, аз соати 8:00 то 9:00-и субҳ баргузор мешавад ва сипас мактаббачаҳо вориди синф мегарданд.
Чанд соли пеш дар Тоҷикистон, бахусус дар шаҳри Душанбе, «Занги охир» бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор мешуд. Хатмкунандагон сароғоз бо ширкати овозхонону раққосаҳо дар мактаб базм барпо менамуданд ва баъди хатми он ба кӯчаҳои шаҳр мерехтанд. Аз кӯчаҳои шаҳр ҷашн ба тарабхонаҳо ва ҳатто сайр ба берун аз шаҳр мекӯчид. Ҳазинаи ин ҷашн ба ҳазорҳо доллар мерасид, ки аз ҳисоби волидайни хонандагон пардохта мешуд.
Дар соли 2007 бо фармони вазири маорифи Тоҷикистон гузаронидани чорабинии “Занги охир” қатъиян манъ гардид. Тибқи ҳамин фармони вазири маориф дар макотиб ташкил намудани хӯрокҳо ва ҳамагуна чорабиние, ки аз ҷониби хонандагон сурат мегирад, мамнӯъ гашт. Фармони вазорати маориф дар паи интиқоди раисҷумҳури Тоҷикистон аз таҷлили бошукӯҳу серхароҷоти ин ҷашну анъанаҳо дар макотиби миёна содир гардид. Гуфта мешавад, як сабаби дигар барои манъи ин чорабиниҳо ҳалокати чаҳор хатмкунанда дар як садамае дар роҳи Қалъаи Ҳисор буд. Дар соли гузашта баргузории шабнишиниҳо ва сайёҳатҳои бахшида ба хатми мактаб низ манъ шуд.
Дар давоми рӯз торнамои Озодӣ гузориши видеоӣ аз ҷараёни "Занги камолот" пешкаши хонандагон хоҳад кард.