Созмондиҳандагони корвон мегӯянд, фаъолони ҳуқуқи башар бесилоҳ буданд. Аммо исроилиҳо мегӯянд, ки корвон нафарони онҳоро бо тиру туфанг ва сангу табар истиқбол кардаанд.
Субҳи рӯзи душанбе мақомоти низомии Исроил ба корвони иборат аз шаш киштӣ амр кард, ки манъ шаванд ва аз ҷой наҷумбанд. Командоси Исроил аз чархболҳо вориди киштиҳо шуд ва ба сафари корвон ба Ғазза, ки аз Қибрис шурӯъ шуда буд, хотима дод.
Шарҳҳои зиддунақизи қазия
Ҳар ду ҷониб ҳам дар бораи ҳуҷум ва ҷангҳо хабарҳои мухталиф пахш мекунанд. Созмондиҳандаи аслии корвон "Ҷунбиши Ғаззаи Озод" гуфт, Командос аз ҳамон лаҳзае, ки пояш ба замини кишти расид, ба тирпарронӣ шурӯъ кард ва асосан мардуми мулкии дар ҳоли хобро ҳадаф қарор дод.
Аммо сухангӯи низомии Исроил Авитал Лейбович ҳодисаро шарҳ дода гуфт, "мутаассифона, мусофирони киштиҳо алайҳи аскарони мо аз хушунати шадид кор гирифтанд. Онҳо умуман ба аскарони мо зулм карданд ва ин амали тарҳрезишуда буд."
Мақомоти Исроил иддао кардаанд, ки аҳли киштӣ сарбозони онҳоро бо тиру туфанг ва корду табар истиқбол кардаанд ва аскарон танҳо дар ҷавоб оташ кушодаанд.
Онҳо гуфтаанд, ки дар ин ҳодиса 10 нафар кушта ва теъдоди номуаян захмӣ шудааст. Баъзе низомиёни исроилӣ низ захм бардоштанд. Корманди хайрияи туркӣ дар корвони ҳомили маводи башардӯстона гуфт, ки аксари кушташудаҳо туркҳо буданд.
Эътирози Анқара
Ба назар мерасад, ки ин ҳодиса ба баҳси дипломатии ду шарики солҳо ба ҳам дӯст - Туркия ва Исроил печидааст. Анқара зимни эътироз ба ҳуҷуми Исроил ҳодисаро ғайриқобили қабул ва пайомади онро “ҷуброннашаванда” унвон кард. Вазорати корҳои хориҷии Туркия сафири Исроил Габбӣ Левиро эҳзор кард, то пайғомро ба мақомоти кишвараш расонад.
Салим Енел, ёвари вазири хориҷии Туркия дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "ин ҳодиса дар обҳои байнулмилалӣ рух дод ва ин нақси бузурги қавонини байнулмилалист. Мо сафири Исроилро эҳзор кардем ва ба ӯ гуфтем, ки ин нақзи ҷиддии қонунҳои байнулмилалист, зеро ин корвон маводи хайрия мебурд. Ин танҳо як ибтикори сулҳҷӯёна буд ва ин гуна амал комилан қобили қабул нест."
Ноиби нахуствазири Туркия Булент Аринс бо мақомоти амниятии кишвараш, бо шумули вазири корҳои дохилӣ ва фармондеҳи нерӯҳои дарёӣ ҷаласаи изтирорӣ баргузор кард. Ба думболи тазоҳуротҳои хашмолуд дар Туркия мақомоти ин кишвар тадобири амниятиро дар сафорати Исроил афзоиш доданд.
Исроил: “Тарҳрези ҳодиса “Ал-Қоида аст”
Дар ҳамин ҳол ноиби вазири корҳои хориҷии Исроил Деннӣ Айолон дар нишасти матбуотӣ дар робита ба ҳодиса мавқеи шадид нишон дод ва онро дасисаи тарҳрезишуда унвон кард.
Ӯ гуфт, тарҳрезони ҳодиса бо ҷиҳоди байнулмилалӣ ва Ал-Қоида робита доранд. Айолон муҳосираи чаҳорсолаи Ғаззаро амали қонунӣ хонд. Зеро, гуфт ӯ, “гурӯҳи ҳокими “Ҳаммос” террорист аст”.
Дар навбати худ гурӯҳи Ҳаммос амали Исроилро маҳкум ва онро ҷиноят унвон кард.
Вокуниши Эрон ва Ғарб
Раисиҷумҳури Эрон Аҳмадинажод низ ҳуҷуми Исроилро ҳамчун амалкарди ғайриинсонӣ маҳкум кард ва афзуд, ки он поёни давлати Исроилро наздик хоҳад кард.
Дар ҳоле, ки Фаронса ва Олмон низ аз ин ҳодиса изҳори нигаронӣ карданд, Нави Пилай - раиси бахши СММ дар умури ҳуқуқи инсон, гуфт, ки аз ин хушунат шадидан такон хурдааст. Катерин Аштон, раиси бахши сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо аз Исроил талаб кард, ки ин ҳодисаро пурра таҳқиқ кунад.
Ҳодисаи ҳуҷуми Исроил ба корвони ҳомили маводи хайрия ба муҳтоҷони Фаластин дар остонаи мулоқоти раисҷумҳури Амрико Барак Обама бо нахуствазири Исроил Бин Ямин Нетаняҳу ба вуқӯъ пайваст.