Аз ин қазия на танҳо тоҷирони Тоҷикистон, балки ҳамчунин содиркунандагони борҳо аз Қазоқистон низ зарарҳои бузург дидаанд. Қанат Берентаев, иқтисодшиноси қазоқ, мегӯяд, ҳамакнун, бо пеш омадани ин мушкил бозори фурӯши бархе аз ширкатҳои қазоқӣ низ маҳдуд гардидааст.
Ин нуктаро Галина Никитина, сарвари бахши бозори кишоварзии Пажӯҳишгоҳи иқтисоди кишоварзиву саноатӣ ва рушди манотиқи деҳнишини Қазоқистон, низ, таъйид намуд. Хонум Никитина мегӯяд, чун вагонҳо мутаваққиф мегарданду масрафот зиёд мешавад, қиммати мол ҳам боло меравад.
Коршиносон мегӯянд, аз ин рӯ, эҳтимол аст, ки кишварҳои содиркунандаи бор низ ба ҳалли ин қазия ҳамроҳ шаванд. Марат Шехбутов, узви Иттиҳоди ҳамкориҳои наздимарзӣ дар Қазоқистон, мегӯяд, ҳарчанд тоҷирони қазоқ феълан расман ба ҳукумати кишварашон муроҷиат накардаанд, вале агар ин мушкил идома пайдо бикунад, онҳо ҳатман дари ҳукуматашонро хоҳанд кӯфт.
Бар илова, тасмими ахири бастани марз ба сабаби полиомиелит вазъи тоҷирони Қазоқистонро, ки бо Тоҷикистон муомилоти тиҷоратӣ доранд, боз мушкилтар хоҳад кард. Раҳматҷон Маллаев, тоҷири тоҷик, ки беш аз 10 сол боз дар Қазоқистон ба тиҷорати меваи хушк машғул аст, мегӯяд, Ӯзбакистон низ аз ин иқдомоташ зарари иқтисодӣ мебинад, чун аз молиёти гумрукӣ маҳрум мешавад.
Меваи Тоҷикистон дар Қазоқистон бо вуҷуди нархи гаронаш харидорони зиёд доштааст. Барои мисол, як дона лимӯи Тоҷикистон, ба гуфтаи Абдураҳим Усмонов, бозаргони дигари тоҷик, ки дар Алмаато фаъолият мекунад, 150 танга ё қариб 5 сомонӣ аст. Лимӯи Юнон 40-50 танга қиммат доштааст.
Иқтисодшинос Марат Шехбутов ҳушдор медиҳад, ки агар Ӯзбакистон мутаваққифсозии вагонҳои Тоҷикистонро идома бидиҳад, он ҳам ба Тоҷикистон ва ҳам ба минтақа пайомадҳои ногуворе мерасонад. Аз ин хотир, ӯ дар ин кор дахолат кардани кишварашро салоҳ медонад.