Дигар дар паси дар интизор намешавед
Қарор аст, тибқи ин барнома аксари санадгузориҳои шаҳрвандон бо вазорату дигар сохторҳои ҳукуматӣ таввасути интернет сурат бигиранд. «Ҳокимияти электронӣ» чун усули нави фаъолияти ҳокимияти иҷроия, бо истифода аз фанноварии иттилоотиву мухобиротӣ арзёбӣ шуда, робитаи ҳукуматҳои маҳаллиро бо шаҳрвандон наздиктар месозад, мегӯяд Шоҳсанам Қурбонова, сармуттахассиси шӯъбаи иттилоотии вазорати мазкур.
Гуфта мешавад, ҷорӣ шудани ин низом вақти шаҳрвандони оддиро, ки одатан дар паси утоқҳои кории ашхоси масъул сари масъалаҳои хурду реза соатҳои зиёд интизорӣ мекашанд ва ё барои расонидани арзу шикоятҳои хаттӣ маҷбуранд, бевосита аз ин вазорат ба мақомоти дигар бираванд, сарфа мекунад.
Фарзона Абдуқаюмова, сокини 19-солаи пойтахт, мегӯяд, дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шаффофияти кори мақомоти давлатӣ дар сомонаҳои интернетии онҳо инъикос мегардад ва шаҳрвандон низ аксари ниёзҳои худро бидуни ташвишу воситабозӣ танҳо бо дастрасӣ доштан ба интернет бароварда месозанд. Агар дар Тоҷикистон низ ин усули ҷадид рӯйи кор ояд ва воқеан масъулини вазорату сохторҳои дахлдор, тавассути муроҷиатҳои шабакавӣ ба ҳалли мушкилоти сокинон расидагӣ кунанд, ин иқдом боварии ҷавононро ба ҳукумат бештар мекунад, мегӯяд Фарзона.
Вале барқу компютеру интернету омӯзиш лозим
Тибқи ин барнома сохторҳои давлатӣ муваззаф мешаванд, ки сари вақт оид ба фаъолият, лоиҳаҳои дар даст дошта ва ҳамаи дигар корҳои худ дар сомонаҳои худ маълумоти пурраро ҷой дода, кори фаврии ин саҳифаҳоро таъмин созанд. Ҳарчанд, ҳоли ҳозир, аксари ин ниҳодҳо чунин сомонаҳоро доранд, аммо ғолибан хабару иттилои саҳифаҳои мазкур дер-дер нав мешаванд.
Мадина Хурсандқулова, барномасоз, боварӣ дорад, ки бо шакли нави корӣ ҳодисаҳои гум шудани маблағҳои давлатӣ низ кам мегардад, аммо нахуст ҳукумат бояд сатҳи дониши шаҳрвандонро оид ба истифодабарии компютеру интернет боло бурда, аҳолии манотиқро бо интернет ва нерӯи барқ таъмин созад.
Аммо, дар баробари фароҳам овардани ин ҳама маълумот ва ба роҳ мондани хизматрасонии электронӣ мақомоти кишвар бояд кори шабакавии худро аз ҳамлаи харобкорҳои интернетӣ низ эмин нигоҳ дорад. То ин ки аз дуздида шудани иттилоот ва маблағҳои шабакавӣ пешгирӣ намояд. Фирӯз Шокиров, корманди техникии фарҳангистони CISCO дар Тоҷикистон, мегӯяд, барои муваффақ шудан дар ҳалли ин мушкил, ҳукумати ҷумҳурӣ ба мутахассисони баландихтисоси соҳаи илму техника ниёз дорад, ки ҳоли ҳозир камбуди онҳо равшан эҳсос мешавад.
Вазорати нақлиёт ва мухобирот мегӯяд, барномаи ҳукумати электронӣ дар се марҳила - бунёди сомонаҳои интернетии фаъол, омода кардани мутахассисони соҳаи компютер ва омӯзонидани аҳолӣ амалӣ мешавад.